Бо мақсади пажуҳиш ва таҳқиқи вазъи кунунии китобхонаҳои ноҳияҳои Панҷ ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот гурӯҳи корӣ иборат аз 3 нафар, Исоев Қадриддин мудири шуъбаи фаъолияти китобдорӣ (роҳбари гурӯҳ), Раҷабова Азиза ва Сидиқова Таманно ходимони калони илмии шуъбаи мазкур ба муҳлати даҳ рӯз ба сафари хизматӣ равона гардидем. Сафари пажуҳишии мо 4-уми август аз ноҳияи Панҷ оғоз гардида, пасон дар ноҳияи Ҷайҳун хотима ёфт, ки натиҷаи мушоҳидаҳо ва таҳқиқоти гузаронидашударо дар доираи ду матлаби алоҳида манзур мегардонем.
Нахуст Гадозода Паймона Набот муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоиёт моро қабул намуд, аз мақсади сафар огоҳ ва хушҳол гардида, аз бурду бохт ва мушкилоти соҳаи фарҳанги ноҳия чанде ёдовар шуд. Асари гармои шадидро дар ваҷоҳати мо пай бурда, бо табассум таъкид варзид, ки давоми 4 рӯзи ахир гармои шадид поин фаромадааст ва илло дар соати 7-и субҳ дар кучаҳои шаҳраки Панҷ гардиш кардан муҳол будааст. Мо аз бахти баландамон хушҳол гардида, шукр гуфтем... Номбурда ба мо кумак расонида, мудири бахши фарҳанг Ғафуров Суҳроб ва директори тозатаъйини китобхонаи марказӣ Меҳрубонова Шабнамро дарҳол даъват намуда, барои ҳамкорӣ бо мо сафарбар намуд.
Даъвати мудири бахши фарҳанги ноҳия Ғафуровро рад накарда, сареан аз Қасри фарҳанг, ки бозгукунандаи вазъу ҳолати умумии фарҳанги маҳал ва тамомии муассисаҳои фарҳангии ноҳия аст, дидан намудем. Он то ба ҳол бинои алоҳида надорад ва дар бинои “Кинофикатсия”-и ҷумҳуриявӣ иҷоранишин аст. Аз ҷузъиёти фаъолияти он огоҳ нашудем чунки ҳадафи сафари мо он набуд, аммо вазъу ҳолати зоҳирии бинои он нишон дод, ки дар ҳолати нохуб қарор надорад. Деворҳо вайрону валангор, тарқишҳо ба миён омада, рангҳо рехта, умуман таъмирталаб аст. Толори намоишӣ низ ҳолати хуб надошта, хосатан курсиҳо аз ҳад зиёд фарсуда гардидаанд. Мушоҳидаи мушикофона ва баъзан аксбардории моро мудири бахши фарҳанг дида, фавран таъкид варзид, ки бино дар ҳоли таъмир аст, аммо таъмири тӯлонӣ ва дуру дароз. Ӯ низ бо изҳори норизоятӣ таъкид варзид, ки чанде қабл таъмиргарон дарҳои фарсударо бо дарҳои нав иваз намуда, бо ҳамин таъмир боз истод. Дар суҳбат садҳо мушкилоти дигари соҳаи фарҳанги ноҳияро бозгӯ намуд, ки таҳлили ҷузъиёти он матлаби дигарро талаб мекунад. Ҳамзамон ҳангоми хуруҷ аз Қаср бо чанд тане аз собиқадорони соҳаи фарҳанг аз ҷумла Пустаков Шоҳносир собиқ директори китобхонаи марказӣ ва Нуров Пирмуҳаммад собиқ сармуҳаррири нашрияи ноҳиявии “Ҳаёти нав” вобаста ба соҳаи фарҳанг суҳбати сарироҳӣ анҷом додем, ки манфиатбор ва хотирмон буд...
Ҳаминтариқ ба самти китобхона ҳаракат намудем. Китобхонаи марказӣ дар шаҳраки Панҷ, кучаи Шамсиддин Шоҳин 16, дар макони бисёр хубу муносиб ҷойгир аст. Аз тарафи рост Қасри фарҳанг ва дар рӯ ба рӯ “Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ”-и ноҳия қарор дорад, ки барои мутолиаи китоб, андешаву тафаккур ва ғизои маънавӣ бардоштан бисёр муносиб аст. Атрофи китобхона, роҳравҳои гулпуши серодам, ки дар нишастгоҳҳо машғули суҳбат, мутолиа ва фароғат буданд, ҳамзамон ба гӯш расидани садои пасти навои мусиқӣ аз дохили Қасри фарҳанг бисёр ҷолиб ва дилнишин ба назар менамуд. Вуруду хуруҷи одамон ба дари махзани улуму хирад низ мушоҳида мегардид, ки зоҳиран таваҷҷуҳи сокинон ба китобу мутолиаро нишон медод...
Мушоҳида, пажуҳиш ва пурсишро оғоз намудем...
Ҳамсафорони ман Раҷабова Азиза, ки дар соҳаи китобдорӣ мутахассиси хуб аст ва Сидиқова Таманно, ки бештар ба пажуҳиши китобхонаҳои бачагона машғул аст, мустақиман ба мушоҳидаи вазъи китобхона ва пурсиши китобдорону кормандон пардохтанд. Инҷониб бо директор ва китобдори собиқадор Сафарова Назира ба пурсиш ва дарҷи факту арқоми зарурӣ оғоз намудам. Меҳрубонова Шабнам ҳамагӣ ду моҳ мешавад ба вазифаи директори китобхонаи марказӣ таъйин гардида, макони Чаҳлакова Зарагул собиқ директорро иваз намудааст. Номбурда тахассуси китобдориро дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон соҳиб гардидааст. Аммо аз таҷрибаи корӣ ва эътирофи худаш маълум гардид, ки дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ ҳоло таҷрибаи кофӣ надорад. Ӯ таъкидан ва бо мирор арз намуд, ки ба курсҳои омӯзишӣ эҳтиёҷ доранд.
Пажуҳиш нишон дод, ки дар ноҳияи Панҷ айни замон 19 китобхона бо фонди умумии 69646 нусха китоб, ки 27361 адади онҳоро китобҳои бо забони русӣ ва 6639 адади дигарашонро китобҳои бо забони узбекӣ ва дигар забонҳо ташкил медиҳанд, фаъолият доранд. Аз он 19 китобхона 1 китобхонаи марказӣ, 1 бачагона, ки дар маркази Шаҳраки Панҷ қарор доранд ва 17 филиал-китобхонаҳои зертобеъ дар шаҳраку ҷамоатҳои деҳоти Нури Ваҳдат, Сайфуддин Кабут, Озодагон, Меҳвар, ва Намуна фаъолият мекунанд. Ҳамзамон ба роҳ мондани китобхонаҳои шахсӣ ва ё хусусӣ чун суннати хуби деринаи миллати тоҷик дар ҳудуди ноҳия боқӣ мондааст. Имрӯз 16 китобхонаи шахсӣ бо фонди умумии 8445 нусха китоб, ки 7845 адади онҳо бо забони тоҷикӣ ва 600 адади боқӣ бо забонҳои дигар мебошанд, дар ҳудуди ноҳия фаъолият мекунанд. Китобхонаҳои шахсӣ дар ҷамоату деҳоти Озодагон, Меҳвар, Намуна ва Сайфудин Кабут ҷойгир буда, ба Ҷомиев Маҳмадулло, Абдулов Саидҷон, Одинаев Маҳмадназар, Нидоев Мирзодавлат, Нуров Пирмаҳмад, Ҷомиев Сайфуддин, Сидиқов А, Ғоибов Хандон, Шарипов Саъдулло, Файзиев Шукрулло, Муҳамадиев С, Катахонов Н, Маматов Абдулфайз, Сафаров Саидхуҷа, Давлатов Мирзораҳмат ва Замонов Сайвалӣ, ки ҳамагӣ аҳли илму адабу фарҳанганд, тааллуқ доранд. Агар хонанда таваҷҷуҳ намуда бошад, тақрибан аз 9 ҳазор китоб ҳамагӣ 600 адад бо забонҳои дигаранд ва онҳам кутуби манфиатовар ва хӯранда ба дарди хонадаанд. Ин баёнгари он аст, ки дар ҳама ҳолат вазъи китобхонаҳои шахсӣ хубтар аст. Сабаб дар он аст, ки соҳибкитобон дар давоми солҳои мадид он китобҳоро гулчин намуда, барои мутолиаи худ ҷамъоварӣ кардаанд. Аз ин лиҳоз эҳёи китобхонаҳои хусусӣ ва ҷалби сокинони китобдӯст ба ин навъи китобхона ба нафъи кор хоҳад буд. Дар матлаби дигаре вобаста ба ин навишта будам ва бори дигар ёдовар мешавам, ки муҳаққиқе бо номи Изабела аз Қораи Аврупо ба Тоҷикистон омада, дар китобхонаи шахсии Амирхон Саидзода, ки бо номи “Ганҷи Мунк” ва бо фонди бештар аз 2000 китоб дар ҳудуди ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон фаъолият мекунад, ҳафт рӯз маскан гирифта, матолиби муҳими худро вобаста ба таърихи халқи тоҷик аз он ҷо пайдо мекунад ва ба кишвари худ бармегардад.
Гуфта метавон, ки яке аз омилҳои нигаронкунанда дар самти фаъолияти китобдории ноҳия дар барҳамхӯрии баъзе китобхонаҳои деҳот мебошад. Мантиқан ҷараёни афзоиши аҳолӣ ва ҷаҳонишавию таҳоҷуми фарҳангҳо, ҳамзамон хатарҳои замони муосир афзоиши китобхонаву хонандаро талаб менамояд, хосатан дар манотиқи сарҳадӣ ва осебпазир. Баръакс таҳқиқот нишон дод, ки қабл аз даврони истиқлолият адади китобхонаҳои расмии ноҳияи мазкур ба 27 адад мерасидааст, имрӯз бошад ба 19 адад поин фаромадааст. Мутаассифона ҷанги шаҳрвандӣ дар фаъолияти китобхонаҳои ноҳияи Панҷ бетаъсир намонда, дар он давра аз 27 китобхона дастикам 13 китобхона-филиалҳои деҳотӣ бо тамоми таҷҳизоташ нобуд мегарданд. Хушбахтона бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва фазои сулҳу субот 5 китобхона: китобхона-филиали №9-и ҷамоати Нури Ваҳдат, №10 ва №11-и ҷамоати деҳоти Намуна, №24 ва №25-и ҷамоати деҳоти Озодагон барқарор карда мешаванд, аммо 8-тои онҳо барҳамхӯрда боқӣ мемонанд. Дар он давра аз ҷумла китобхона-филиалҳои №1, №2, №5, №7, №11, №15, ва №16, ки дар шаҳраки Панҷ, кучаи Айнӣ 1, к\з Правда д. Партсъезд, к\з Правда д. Селга, к\з Маданият д. Донг, к\з Калинин д. Навобод, к\з Роҳи Ленин д. Правда, ва к\з Роҳи Ленин д. Янги Турмуш фаъолият доштанд, барҳам хӯрдаанд. Ҳатто давоми соли 2024 барҳамхӯрии китобхона-филиали №17-и ҷамоати деҳоти Озодагон ба қайд гирифта шудааст, ки нигарнокунанда аст.
Акнун боз бар мегардем сари Китобхонаи марказӣ. Он 25 августи соли 1959 дар собиқ бинои маркази саломатии ноҳия бо теъдоди 3275 нусха китоб таъсис ёфта, ҳамагӣ бо 2 нафар корманд ба фаъолият шурӯъ намудааст. Дар оғози даврони истиқлолият бо таъсири даргириҳо вайрону валангор гардида, фаъолияташ рӯ ба таназзул овардааст. Ҳолати ногувори он то соли 2021 идома меёбад, то он ки вазири вақт Шамсиддин Орумбекзода аз муассисаҳои фарҳангии ноҳия дидан мекунад, ҳолати хароби китобхона ӯро ба дарду риққат меорад. Ҳаминтариқ бо таъкиду ташаббуси қотеонаи ӯ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорони маҳаллӣ ва мардуми китобдӯсту фарҳангдӯст китобхонаро бо маблағи 170 ҳазор сомонӣ азнавсозӣ мекунанд ва 6-уми сентябри соли 2021 дар арафаи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ онро ба истифодаи умум месупоранд. Китобхона аз 2 утоқи корӣ, як толори хониш бо 30 ҷои нишаст, як хазинаи китобӣ, 3 шуъба: “Шуъбаи пуркунӣ ва коркарди китоб”, “Шуъбаи хизматрасонӣ” ва “Шуъбаи методӣ” иборат мебошад. Масоҳати махзани китобҳо 12 ба 4 метри мураббаъро ташкил медиҳад, ки ҷой додани 9 рафи китоб дар масоҳати мазкур гардиши китобдоронро мушкил мекунад. Ҳамзамон китобҳои китобхона-филиали барҳамхӯрдаи №17-и Ҷамоати деҳоти Озодагон дар як кунҷи хазина, дар рӯи замин гузошта шудаанд, ки маконро тангтар намуда, интизори ҷоянд.
Робитаи сокинони маҳал бо китобхонаҳо ва мутолиаи китоб аз мушкилоти умда ба ҳисоб меравад. Махсусан дар ноҳияе, ки теъдоди умумии аҳолияш ба 123 ҳазор мерасад, дар давоми шаш моҳи соли 2025 ҳамагӣ 4042 нафар хонанда аз маҷмуи китобхонаҳои ноҳия истифода бурдааст. Дар ин давра аз китобхонаи марказӣ, ки теъдоди аҳолии ин Шаҳрак ба 7917 нафар мерасад, ҳамагӣ 840 нафар хонанда аз он истифода кардааст. 1847 рафту омад, 2246 диҳиши китоб сурат гирифта, 20 чорабинӣ бо иштироки 1065 нафар гузаронида шудааст. Дар маҷмуъ дар шаш моҳи соли 2025 ба ҳамаи китобхонаҳои ноҳия 4042 хонанда ворид гардида, 10101 нафар омаду рафт кардааст, ҳамзамон 16119 диҳиши китоб сурат гирифта, 236 чорабинӣ бо иштироки 14025 нафар гузаронида шудааст.
Масъалаи ҳалли кадрӣ ва ҷалб гардидани кормандони соҳибтахассус, ки аз нозукиҳои фаъолияти китобдорӣ огоҳ бошанд, ҳамчун қазияи ҳалталаби дигар боқӣ мемонад. Айни замон дар китобхонаи марказӣ 9 нафар ба кор ҷалб гардидаанд, ки аз ин теъдод 7 нафар кормандони асосӣ, 2 нафар техникӣ, 1 нафар олии тахассусӣ, 1 нафар олии умумӣ, 3 нафар миёнаи тахассусӣ, 3 нафар миёнаи ғайритахассусӣ, як нафар миёнаи умумӣ, 8 зан ва 1 мард мебошанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аксари кормандони китобхона тахассуси олии китобдорӣ надоранд ва аз ночорӣ кори китобдориро пеш мебаранд.
Ёдовар бояд шуд, ки фаъолияти китобдории китобхона аз рӯи феҳрист амалӣ намегардад. Ҳангоме мо барои мушоҳидаи дар кадом вазъ қарор доштани феҳрист ва ё ба истилоҳ каталог оғоз намудем, аслан аз феҳрист нишоне пайдо накардем. Дар баъзе китобхонаҳои кишвар қуттиҳо ва қисмате аз баргаҳо аз замони шуравӣ боқӣ мондаанд, аммо дар ин китобхона асаре аз он вуҷуд надорад. Китобдорон дар дафтари махсус қисмате аз китобҳои навро дарҷ намуда, аз рӯи он ба хонандагон китоб медиҳанд.
Вазъи таъминоти технологияи замони муосир низ дар китобхонаҳои ноҳияи Панҷ дар ҳоли хуб қарор надорад. Дар маҷмуи китобхонаҳои ноҳия 10 адад компютер, 6 принтер, 1 сканер мавҷуд аст, ки аз ин теъдод 8 компютер ва 4 принтер корношояманд. Як компютер дар истифодаи директори китобхона буда, дигараш аз мудири шуъбаи пуркунӣ ва коркарди китоб аст. Ёдовар мешавем, ки муовини директори китобхона то ҳол соҳиби компютер набуда, бо директор дар як компютер фаъолият мекунанд. Ҳамзамон ҳеҷ як китобхонаи ноҳия ба шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст нест.
То ҳанӯз ҷой доштани теъдоди китобҳо бо забони русӣ, ки аз замони шуравӣ боқӣ мондаанд ва аз мавзуъҳои дархури замон берунанд, мушкили китобхонаҳои тамоми ҷумҳурӣ унвон мегардад. Дар Китобхонаҳои ноҳияи Панҷ аз 69 ҳазору 646 нусха китоб 27 ҳазору 361-тои онҳоро китобҳои бо забони русӣ, ҳамзамон сиёсиву иделогӣ, ки ба нафъи аксарияти хонандагон нестанд ва муддати мадид аст дар рафҳо зери чангу ғубор хобанд, ташкил медиҳанд. Ин ҳолатест, ки дар кулли китобхонаҳои ҷумҳурӣ ба назар мерасад. Ҳайратангез он аст, ки чунин китобҳо аксари рафҳои китобхонаҳои бачагонаро пур кардаанд.
Китобхонаҳои мутамарказонидашудаи ноҳияи Панҷ бо вуҷуди мушкилот бо сокинони маҳал робитаҳои илмию адабӣ барқарор намуда, махсусан барои тайёр кардани иштирокчиёни Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” саҳми худро мегузорад. Аз ҳамаи китобхонаҳои ноҳия маҷмуан 253 нафар хонандагони фаъол, ки 31 нафари онҳо хонандаи Китобхонаи марказӣ мебошанд, дар давраҳои якуму дуюм ва сеюми Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, фаъолона ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои намоён гардидаанд. Ҳамзамон дар шаш моҳи соли 2025 дар китобхонаҳои ноҳия 9 маҳфили адабӣ таҳти унвонҳои “Шукуфа”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Шоҳномахонӣ” ва “Маснавихонӣ” гузаронидаанд, ки 3-тои онҳо ба китобхонаи марказӣ тааллуқ дорад.
Дар мароҳили ахир вазъу ҳолати биноҳои китобхонаҳои ҷумҳурӣ яке аз мушкилоти ҳалношудаи дигар боқӣ мемонад. Ба таври мисол аз 19 китобхонаи ноҳия ҳамагӣ 1 китобхона, яъне “Китобхонаи марказӣ” ба бинои алоҳида таъмин асту халос. Боқӣ 18 китобхонаи дигар бинои алоҳида надошта, дар хонаҳои фарҳанг, ҷамоатҳо, хонаҳои шахсӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ дар ҳолати ногувор иҷоранишин мебошанд.
Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки бо вуҷуди фаъолият ва ҷаҳду талоши кормандон вазъи китобхонаҳои бачагона низ дар ҳоли хуб қарор надорад. Директори китобхонаи бачагона дар рухсатии табобатӣ қарор доштааст, аммо бо ҳар вуҷуд ба китобхонаи бачагона, ки дар як утоқи хурди бинои қасри фарҳанг ҷой дода шудааст, дидан намудем. Дар ин махзани илму адаб, ки хоси бачагону наврасон аст, 2698 нусха китоб мавҷуд буда, аз ин теъдод 1586 адад бо забони тоҷикӣ, 968 адад бо забони русӣ ва 144 адади дигараш бо забонҳои дигар мебошанд. Аксарияти китобҳое, ки бо забони русиянд, ба дарди кӯдакону наврасон ва мактаббачагон намехӯрад, ки ин мушкилоти рақами яки китобхонаҳои бачагона дар сатҳи ҷумҳурӣ мебошад. Боқимонда китобҳое, ки бо забони тоҷикиянд, аксарияташон хоси калонсолону аҳли илму адаб аст, ки бачагон аз онҳо нафъе бурда наметавонанд. Дар рафҳо теъдоди ҳангуфти китобҳои сиёсию идеологӣ бо забони модарӣ вазъ шудаанд, ки аслан ба наврасону ҷавонон дахл надоранд. Аз теъдоди умумии китобҳо дар даврони истиқлолият 1500 нусха илова гардида, 100 нусха барои синни то мактабӣ, 100 нусха синни хурди мактабӣ, 250 нусха синни миёнаи мактабӣ, дар умум 850 нусха китобҳои илмию маърифатӣ ворид гардидааст. Дар китобхона ягон навъи донишномаи хоси наврасон набуда, бо ягон рӯзномаву маҷаллаи кӯдакона обуна нест, ҳамзамон почтаи электронӣ ва телефон надорад.
Таъкид бояд кард, ки бо вуҷуди ҳама камбудиву нуқсонҳо китобхонаҳои ноҳияҳи Панҷи вилояти Хатлон ҳамчун манбаи илму дониш ва фарҳангу хирад аз худ дарак дода, кормандони онҳо ба қадри тавон бо хонанда робита барқарор намуда, мардуми маҳалро ба мутолиа ташвиқу тарғиб менамоянд. Табиист, ки рушду тараққии соҳа бо табодули таҷрибаҳо ва кумакҳои моддию маънавӣ сурат мегирад. Ба ҳамин маънӣ масъулолни китобхонаҳо борҳо таъкид карданд, ки ба онҳо кумакҳои моддию маънавӣ намерасад.
Исоев Қадриддин мудири шуъбаи
фаъолияти китобдории ПИТФИ