Баъди мустақилият ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоди мудофиаи гражданӣ то соли 1994 боқӣ монд, 17 августи соли 1994 мувофиқи қарори Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон №400 Кумита оид ба ҳолатҳои фавқулода ва корҳои мудофиаи гражданӣ дар назди Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ шуд ва Низомномаи он тасдиқ гардид.
6 июли соли 1999 мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №294 сохтори мазкур ба Вазорати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ табдил ёфт. Баъдтар барои огоҳонидан аз ҳолатҳои фавқулода дар давраи осоишта ва замони ҷанг ва дар ҳолати ба вуқуъ пайвастани чунин ҳодисаҳо, барои бартараф кардани оқибатҳои он, таъмини бехатарии аҳолӣ, муҳофизати муҳити атроф ва кам кардани зарар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006 ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдили ном кард. Дар Кумита системаи огоҳкунӣ ва амалиёти аҳолӣ дар ҳолатҳои фавқулода ташаккул ёфт.
Дар сатҳи давлат, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҲҶТ мақомоти пешбарандаи мудофиаи гражданӣ ба ҳисоб рафта, бо мақсади бомуваффақият ва фавран иҷро намудани тадбирҳо таъсис гардидааст. Ин сохтор заруру муҳим будани фаъолияташро барои рушди ҷомеа борҳо исбот намудааст.
Мудофиаи гражданӣ тули таърихи худ корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст ва дастовардҳои имрӯзаи Кумитаи ҲФ ва мудофиаи граждании назди ҲҶТ хеле назаррас аст.
Ҳамасола 17-уми август рӯзи таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда мешавад. Қабл аз ҳама ба сарвари ин ниҳоди қудратӣ генерал-полковник Раҷабали Раҳмоналӣ ва дар симои ӯ тамоми кормандони ин ниҳоди ҳаётан муҳим ва пурифтихорро табрик мегӯем.
Инсоният дар роҳи дарёфти муаммои пешгирӣ аз ҳодисаҳои табиат, ки бештарашон марговаранд, чора меҷӯяд. Ба мо аз таърихи гузаштаи дуру наздик ҳодисаҳои зери об мондани шаҳру рустоҳо, фурӯ рехтани оташу хокистар болои шаҳру деҳоти Рими қадим, заминҷунбиҳои даҳшатбори ин ё он кишвар маълумоти дақиқе медиҳанд, ки онҳо сабабгори фавти ҳазорон нафар одамон гардидаанд.
Кишвари мо ҳам дар ин ҷода азиятҳои зиёди ҳодисаҳои табииро аз сар гузаронидааст. Заминҷунбиҳои даҳшатноки Ҳисору Ҳоит, Сарезу Хуросон, Кӯлоб ва чанде мавзеъҳои дигар дар асри 20 ҷони ҳазорон одамонро рабуда, ба хок яксон кардааст, ки аз хотираҳо фаромӯш намегарданд.
Таҷрибаи рафъи оқибати садамаҳо ва заминҷунбиҳои пайдарпай дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба он оварда расонид, ки қувваҳои МГ дар ҳолати омодагӣ таъсис дода шаванд. Ҳамин тариқ баҳри беҳбуд бахшидан ба фаъолияти ин мақомот қарорҳои зерин аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; «Дар бораи воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ташкилоти Байналхалқии Мудофиаи гражданӣ» аз 15 июли соли 1997 №229; «Дар бораи фаъолияти хадамоти мудофиаи граждании вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 19 апрели 2001 №202; «Дар бораи тадбирҳои барқарор, тараққи ва ташаккули системаи огоҳкунӣ ва алоқаи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 июли соли 2002 №296; «Дар бораи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 №611; «Дар бораи таснифи ҳолатҳои фавқулода» аз 1 августи соли 2006 №367; «Дар бораи тартиби таъсис додани нерӯҳои мудофиаи гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 30 июни соли 2007 №335; «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои омодасозии аҳолӣ дар соҳаи ҳифзи аҳоли аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусиятҳои табии ва техногенӣ» аз 31 августи соли 2009 №490 қабул шуданд.
Ҳамаи ин гувоҳи онаст, ки Кумитаи ҲФ ва МГ-и назди ҲҶТ фаъолияти худро дар эътино, пешгирӣ ва бартараф сохтани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода дуруст ба роҳ монда, баҳри муҳофизати аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулода кумаки худро дареғ намедоранд.
Айни замон иҷрои вазифаҳои мудофиаи гражданӣ ба як системаи ягонаи давлатӣ мубаддал гаштааст, ки ҳаллу фасли саривақтии онҳо дар якҷоягӣ ба амалиётҳои муштараки тамоми Вазорату кумита ва корхонаю ташкилотҳо вобастагӣ дорад.
Ҳамкасбони гиромиқадр! Шумо ва дигар собиқадорони ин ҷабҳаи муҳими давлатиро бо Рӯзи таъсисёбии санаи мубораки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ табрик менамоям ва ба корҳоятон муваффақиятҳои беназир орзумандам.
Шамсуддин АБДУЛЛОЕВ,
мудири шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ