ҶАВОНОН - КАФИЛИ ОЯНДАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

Ҳамасола Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври мустақил пешкаши тамоми қишрҳои ҷомеа мегардад, ки он барои ҳар фарди кишвар пайки умед, боварӣ ба ояндаи боз ҳам хубтару беҳтар ва пиёдасозии орзую ниятҳои шоистаро медиҳад.

Паёми навбатӣ, ки дар шароити пуртаззоду тағирёбандаи тамоми самтҳои ҷаҳони имрӯза,  ироа гардид, муждарасон аз ояндаест, ки зиндагии мардумро дар асоси  рушди кишвар, таҳкими суботи ҷомеа ва рушди устувории давлат кафолат медиҳад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки матраҳ кардани ҳаёти ҷавонон, беҳтар кардани вазъи таълиму тарбия, нақши онҳо дар ҷомеаи имрӯз ва дигар масъалаҳои ба онҳо марбутта, дар сиёсати давлатдории  мо ҷойгоҳи махсус дорад. Ин гуфтаҳоро метавон бо он тақвият дод, ки 2-юми феврали соли 1993, ҳамагӣ баъди ду моҳи сари ҳокимият омадан, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Сарвари тозаинтихоби давлат нахустин мулоқоти худро бо ҷавонон анҷом дод. Ва маҳз баъди ин мулоқоти таърихӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, қабул гардид.  Аз ҳамон вақт инҷониб дастгирии падаронаи Пешвои дилсӯзу дурандеш, нисбати ҷавонон ҳамеша возеҳу равшан мушоҳида мегардад. Дар ҳар як Пайёми Президенти кишвар садо додани масъалаҳои марбут ба ҷавонон, ки албатта баъди баромади Сарвари давлат ҳаллу фасли худро меёбанд,  боиси таҳсину сипосгузорист.

Дар Паёми навбатӣ низ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баррасии мавзуи ҷавонон ва нақши онҳо дар  рушду пешрафти имрӯзу ояндаи кишвар  равшану возеҳ инъикос ёфт.

     “Ҷавонон ояндаи миллат ва давлати соҳибистиқлол мебошанд”.

     Ин сухани Пешвои миллатро, ки  сухани калидист,   на танҳо шиори рамзӣ,  балки пояи воқеии сиёсати дастгирии ҷавонон дар кишвар  метавон арзёбӣ кард.

Дар Паёми навбатӣ Призиденти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ҳамчун неруи созанда,  такягоҳи боэътимоди давлат ва идомадиҳандаи анъанаҳои давлатдорӣ,  муаррифӣ намуданд. Боварии Пешво ба ҷавонони кишвар моро водор мекунад, ки  ояндаи давлатро бо насли ҷавон дилпурона  бовар намуда,  барои  ояндаи дурахшонтари ин қишри ҷомеа,  бартариҳои бештаре  фароҳам орем.

    “Сармоягузорӣ ба ҷавонон сармоягузорӣ ба ояндаи миллат аст”.

Пешвои миллат бо ин таъкиди моҳияти амиқи стратегӣ доштаи худ,  таҳкими сиёсати давлатии ҷавононро боло бурда, зикр менамоянд,  ки давлат барои шароити мусоиди таҳсил,  шуғл ва рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон бояд шароити мусоид фароҳам созад.

     “Ҳифзи  истиқлолият ва дастовардҳои давлатдорӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди худогоҳ,  бахусус ҷавонон  аст”.

Дар Паёми навбатӣ Сарвари кишвар ин нуктаро баён намуда, бо нигаронӣ ва ҳамзамон бо боварӣ ҷавононро ба худшиносии миллӣ,  эҳтироми таърихи куҳанбунёд,  забон ва фарҳанги миллии тамаддунофар даъват мекунад.  Дарки амиқи  ин гуфтаҳо  масъулияти шаҳрвандиро афзуда, омодагиро барои хизмат ба давлату миллат ба маротиб боло мебарад.

   “Фароҳам овардани ҷойҳои корӣ барои ҷавонон кафили суботи иҷтимоӣ мебошад”.

Таъмини шуғли ҷавонон аз зумраи мушкилоти муҳими иҷтимоӣ ба шумор меравад, ки Пешвои миллат дар Паём ба он таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода,  дастгирии соҳибкорони ҷавон,  рушди касбомӯзӣ, таъсиси корхонаҳо ва ҷалби ҷавононро ба фаъолияти истеҳсолӣ ҳамчун роҳҳои асосии ҳалли масъала  зикр карданд. Дар сурати ҷоннок гардидани чораандешиҳо дар ин самт ҷавонон имкон ба даст меоранд,  то роҳи мустақили зиндагии худро пайдо созанд  ва саҳми худро дар рушди иқтисодии кишвар бештар гузоранд.

    “Ҷавонон бояд аз таъсири идеологияҳои ифротӣ ва фарҳанги бегона дур бошанд ва бо донишу маърифат роҳи худро интихоб намоянд”.

Ин нуктаи Паёмро метавон ба як ҳуҷҷати тарбиявию ахлоқӣ маънидод кард.  Пешвои миллат қайд карданд, ки ҷавононро на ҳамчун неруи иқтисодӣ,  балки ҳамчун такягоҳи ахлоқии ҷомеа низ  бояд шинохт. Таъкиди муқаддас донистани арзишҳои инсондӯстӣ,  риояи қонуният,  масъулиятшиносӣ ва муқовимат нишон додан ба падидаҳои номатлуб аз тарафи ҷавонон аҳамияти хос дорад.

Ҷавонони кишвари мо,  ки аз тамоми шароитҳо бархӯрдоранд,  бояд аз таъсири идеологияҳои ифротӣ,  майлгароӣ ба фарҳанги бегона ва дасисаву фитнаҳои аҷнабиёна дур бошанд.

Хулоса, таҳлили Паёми навбатии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, нишон медиҳад, ки ҷавонон ҳамеша дар маркази сиёсати давлату ҳукмат қарор доштанду доранд. Паём ҷавононро ба дарки бештари худшиносӣ, аҷргузорӣ ва ватандӯстиву садоқат ба халқу миллат даъват карда, бо ҳамин васила ба онҳо масъулияти бузург: кафилии ояндаи халқу давлати Тоҷикистонро месупорад.

 Ҳалимова Бибинаргис

барчасп: