Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олиро ҳамчун ҳуҷҷати стратегии дорои аҳаммияти бунёдӣ арзёбӣ менамоям, зеро дар он соҳаи фарҳанг на танҳо ҳамчун бахши иҷтимоӣ, балки ҳамчун пояи ташаккули ҳувияти миллӣ ва омили муҳими таҳкими давлатдорӣ баррасӣ гардидааст. Дар ин Паём фарҳанг ба сифати неруи муттаҳидсозандаи ҷомеа муаррифӣ мешавад, ки метавонад дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ устувории арзишҳои миллиро таъмин намояд. Пешвои миллат бо такя ба таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳанд, ки бидуни фарҳанги қавӣ рушди устувори ҷомеа ғайриимкон аст. Ба назар чунин мерасад, ки ин бархӯрд аз нигоҳи илмӣ ба рушди тамаддун мувофиқат мекунад. Маҳз ҳамин равиш Паёмро аз як суханронии маъмулӣ ба барномаи фарогири сиёсати фарҳангӣ табдил медиҳад. Яке аз нуктаҳои калидие, ки дар Паём ҷойгоҳи хос дорад, масъалаи бедор сохтани хотираи таърихӣ ҳамчун унсури асосии худшиносии миллӣ мебошад, ки Пешвои миллат онро омили муқовимат ба равандҳои бегонапарастӣ арзёбӣ мекунанд. Ман ин андешаро ҳамчун идомаи мантиқии сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи арзишҳои маънавӣ мебинам. Хотираи таърихӣ, агар ба таври илмӣ ва ҳадафманд таҳким дода шавад, метавонад ҷаҳонбинии ҷомеаро шакл диҳад. Дар Паём махсус таъкид мегардад, ки ин раванд бояд аз овони ҷавонӣ оғоз шавад.
Дар Паём ба натиҷаҳои амалии сиёсати фарҳангӣ ишора намудани Пешвои миллат далели он аст, ки рушди фарҳанг танҳо дар сатҳи шиор боқӣ намондааст, балки ба марҳилаи татбиқи воқеӣ ворид шудааст. Сохтмон ва таҷдиди иншооти фарҳангӣ ҳамчун нишондиҳандаи сиёсати ҳадафманд арзёбӣ мегардад. Ман бар ин ақидаам, ки инфрасохтори фарҳангӣ заминаи асосии рушди маънавии ҷомеа мебошад. Аммо дар баробари ин, масъалаи самаранокии истифодаи иншоот низ ба миён меояд. Аз ин рӯ, зарурати таҳлили илмии фаъолияти онҳо ба вуҷуд меояд. Бунёди Театри миллии Тоҷикистон, ки дар Паём ҳамчун лоиҳаи бузурги фарҳангӣ муаррифӣ мегардад, дорои аҳаммияти рамзӣ ва стратегии хос мебошад, зеро он симои фарҳангии давлатро дар сатҳи нав инъикос мекунад. Ман ин иқдомро нишонаи равшани сиёсати фарҳангии тамаддунсоз мешуморам. Театр ҳамчун макони ташаккули завқи эстетикӣ ва тафаккури интиқодӣ баррасӣ мешавад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, чунин муассисаҳо вазифаи ҳифзи асолати миллиро ба дӯш доранд. Ин раванд ба ташаккули фазои фарҳангии устувор мусоидат мекунад.
Инчунин дар масъалаи китоб ва китобхонӣ ҳамчун омили калидии рушди фарҳангӣ бо таҳлили амиқ баррасӣ мешавад, ки онро бисёр саривақтӣ шуморидан зарур аст. Пешвои миллат китобро на танҳо манбаи дониш, балки воситаи тарбияи маънавӣ арзёбӣ мекунанд. Нашри васеи осори адабӣ ва дастрас гардонидани онҳо ба аҳолӣ иқдоми стратегӣ маҳсуб меёбад. Ба назари мо, ин раванд бояд бо ташаккули фарҳанги мутолиаи интиқодӣ ҳамоҳанг гардад. Аз ҷиҳати илмӣ, китобхонӣ нишондиҳандаи сатҳи рушди фарҳангии ҷомеа мебошад. Чоп ва паҳн намудани осори «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дар ҳаҷми бузург, ки дар Паём махсус таъкид шудааст, ин иқдом дорои аҳаммияти баланди таърихӣ ва фарҳангӣ мебошад. Ин осор на танҳо мероси адабӣ, балки пояи худшиносии таърихии миллат мебошанд. Пешвои миллат тавассути ин иқдом пайванди маънавии наслҳоро таҳким мебахшад, ва ин амал ба эҳёи хотираи таърихӣ мусоидат мекунад. Мо бар он назар ҳастем, ки омӯзиши амиқи ин осор бояд ҷузъи ҳатмии низоми маориф гардад. Ҳамчунин дар Паём масъалаи ҳифзи мероси моддӣ ва ғайримоддии фарҳангӣ яке аз вазифаҳои авлавиятноки давлат муайян гардидааст, ки онро комилан асоснок мешуморем. Пешниҳоди қабули қонуни соҳаи бостоншиносӣ нишон медиҳад, ки сиёсати фарҳангӣ ба марҳилаи танзими ҳуқуқӣ ворид мешавад. Набудани заминаи ҳуқуқии мукаммал метавонад боиси аз байн рафтани ёдгориҳои нодир гардад.
Ворид гардидани ёдгориҳои Хуттали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, ки дар Паём ҳамчун дастоварди муҳим зикр гардид, ки ин далели эътирофи байналмилалии фарҳанги тоҷик мебошад. Ин рӯйдодро имконияти нави рушди сайёҳии фарҳангӣ мешуморем. Ҳамзамон, чунин эътироф масъулияти давлатро дар самти ҳифз ва идоракунии илмии ёдгориҳо афзоиш медиҳад. Ин раванд аз як лиҳоз талаб мекунад, ки стандартҳои байналмилалӣ риоя шаванд. Ба фикри мо, идоракунии устувор дар ин самт аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Дар Паём таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба ҳунарҳои мардумӣ зоҳир гардид, ки онро нишонаи сиёсати фарҳангии фарогир мешуморам. Эътирофи Панҷакент ҳамчун шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ далели равшани ин равиш аст. Ҳунарҳои мардумӣ на танҳо арзиши фарҳангӣ, балки иқтидори иқтисодӣ низ доранд. Дар доираи таҳлили назариявӣ, ин соҳа метавонад ҳамчун намунаи иқтисодю фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирад. Мо бар он ақидаем, ки рушди он бояд дар ҳамбастагӣ бо таҳқиқоти этнографӣ амалӣ шавад.
Бузургдошти шахсиятҳои таърихию фарҳангӣ, аз ҷумла Робияи Балхӣ, дар Паём дорои аҳаммияти тарбиявӣ ва маърифатӣ мебошад, зеро чунин иқдомҳо нақши занонро дар ташаккули фарҳанги миллӣ равшан месозанд. Ин равандро ҷузъи сиёсати инсондӯстонаи давлат мешуморам. Ин гуна бузургдоштҳо метавонанд ҷаҳонбинии ҷомеаро тағйир диҳанд. Ба назари мо, омӯзиши чунин шахсиятҳо ва осори пурғановати онҳо аз ҷиҳати назариявӣ аҳамияти муҳим дорад.
Ҳамин тавр дар Паём муаррифии фарҳанги тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун самти муҳими сиёсати давлатӣ муайян гардидааст, ки онро ҷузъи дипломатияи фарҳангӣ арзёбӣ мекунам. Фарҳанг дар ин замина ба воситаи таҳкими нуфузи давлат табдил меёбад. Пешниҳоди ворид намудани номи Борбади Марвазӣ ба рӯйхати хотираи ЮНЕСКО далели ин равиш аст. Аз нигоҳи илмӣ, чунин иқдом ба ҷаҳонишавии арзишҳои миллӣ мусоидат мекунад. Ин раванд масъулияти зиёиёнро низ афзоиш медиҳад. Нақши Борбад дар таърихи мусиқии ҷаҳонӣ, ки дар Паём таъкид мегардад, аз як тараф барои рушди мусиқишиносии миллӣ аҳаммияти калон дорад. Шинохти ин шахсият дар арсаи байналмилалии метавонад ба таҳқиқоти илмии соҳа такони ҷиддӣ бахшад. Ин раванд ҳамзамон ба таҳкими ифтихори миллӣ мусоидат менамояд.
Инчунин дар Паём таъкид мегардад, ки тоҷикон миллати фарҳангиву тамаддунсоз мебошанд, ки ин андешаро меҳвари асосии сиёсати фарҳангӣ мешуморем. Шинохти чунин ҷойгоҳ масъулияти бузурги таърихиро ба дӯши ҷомеа мегузорад. Фарҳанг дар ин маврид на танҳо гузашта, балки ояндаи миллат низ мебошад. Аз нигоҳи илмӣ, ин равиш ба назарияи рушди устувори тамаддун мувофиқат мекунад. Арзишҳои ориёӣ, аз ҷумла Наврӯз, Меҳргон ва Сада, ки дар Паём ҳамчун пояи ҳувияти миллӣ баррасӣ шудаанд, дорои потенсиали бузурги тарбиявӣ мебошанд. Истифодаи ин ҷашнҳоро дар ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон муҳим мешуморам. Ин ҷашнҳо арзишҳои инсондӯстӣ ва ҳамзистиро таблиғ мекунанд. Пешвои миллат онҳоро унсури пайвасткунандаи ҷомеа арзёбӣ менамоянд. Аз ҷиҳати назариявӣ, таҳқиқи фалсафии ин ҷашнҳо аҳаммияти хос дорад. Иқдоми бунёди Маркази тамаддуни ориёӣ, ки дар Паём пешниҳод шудааст, як лоиҳаи бузурги илмӣ ва фарҳангӣ ба шумор меравад. Ин марказ метавонад ба платформаи таҳқиқоти фарҳангшиносӣ табдил ёбад. Пешвои миллат ба меъмории миллӣ низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекунанд. Ин раванд ба эҳёи анъанаҳои шаҳрсозии миллӣ мусоидат менамояд. Таъсиси Маркази байналмилалии Наврӯз, ки дар Паём пешниҳод шудааст, идомаи мантиқии сиёсати фарҳангии давлат мебошад. Ин марказро воситаи муассири муаррифии фарҳанги тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ мешумарем. Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ имконияти васеи ҳамкории фарҳангиро фароҳам меорад. Ин марказ метавонад пойгоҳи таҳқиқоти байнифарҳангӣ гардад. Ин иқдом нуфузи фарҳангии кишварро тақвият мебахшад.
Лозим ба ёдоварист, ки дар Паём нақши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро дар татбиқи сиёсати фарҳангӣ таъкид шудааст, ки онро хеле муҳим арзёбӣ менамояд. Ҳамкории илм ва фарҳанг метавонад ба илмиятнокии қарорҳои давлатӣ мусоидат намояд. Таҳияи консепсияҳои илмӣ барои рушди фарҳанг зарур мебошад. Пешвои миллат ба ҷалби олимон аҳаммияти хос медиҳанд. Ба назар мерасад, ки ин равиш самаранокии сиёсати фарҳангиро баланд мебардорад. Дар Паём пайвастагии зичи фарҳанг ва маорифро равшан мушоҳида шуданд зеро фарҳанг ҳамчун воситаи тарбия ва маърифат баррасӣ мешавад. Ин равиш ба ташаккули шахсияти комил мусоидат мекунад. Пешвои миллат фарҳангро ҷузъи тарбияи шаҳрвандӣ мешуморанд. Ин пайвастагӣ ба назарияи иҷтимоишавӣ мувофиқ аст, ки он бояд дар барномаҳои таълимӣ инъикос ёбад.
Масъалаи ҷавонон низ дар Паём ҳамчун неруи асосии интиқолдиҳандаи фарҳанг мавқеи марказӣ дорад. Ҷавононро омили калидии ҳифзи арзишҳои миллӣ шуморем ҳам хато намекунем. Тарбияи онҳо дар рӯҳияи худшиносӣ вазифаи стратегӣ мебошад. Пешвои миллат ба масъулияти наслҳо ишора мекунанд. Ин раванд ба ташаккули устувори ҷомеа мусоидат мекунад. Нақши занонро низ дар ҳифз ва рушди фарҳанг дар Паём ҳамчун унсури муҳими сиёсати иҷтимоӣ таъкид мешавад. Ин равишро ҷузъи фарҳанги инсондӯстонаи давлат мешуморам. Занон ҳамчун нигоҳдорандагони анъанаҳои миллӣ нақши калидӣ доранд. Пешвои миллат онҳоро қувваи фаъоли фарҳангӣ арзёбӣ мекунанд. Дар Паём мубориза бо бегонапарастӣ ва хурофот тавассути фарҳанг ҳамчун роҳи самаранок пешниҳод мегардад, ки онро комилан асоснок донистан дуруст аст. Фарҳанг метавонад воситаи нарми муқовимат ба таҳдидҳои маънавӣ бошад.
Хулоса, Паёми имсолаи Пешвои миллат дар соҳаи фарҳанг як санади барномавии дорои арзиши баланди илмӣ ва амалӣ мебошад, ки самтҳои асосии ҳифз, рушд ва муаррифии фарҳанги миллиро муайян мекунад. Ин Паём масъулияти ҷомеа ва зиёиёнро дар назди наслҳои оянда бештар менамояд. Амалисозии пайгиронаи он метавонад ба таҳкими ҳувияти миллӣ мусоидат намояд. Соҳаи фарҳанг дар ин Паём ҳамчун кафили истиқлол ва ояндаи давлат муаррифӣ шуд.
Хоҷамов Фурқат

