Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар ба ҳисоб меравад. Паёми имсола низ идомаи мантиқии сиёсати созанда ва дурнамои рушди устувори давлат буда, самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои минбаъда муайян менамояд. Дар ин Паём масоили калидии ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла рушди иқтисоди миллӣ, таъмини амнияти иҷтимоӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, рушди маорифу тандурустӣ ва боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Яке аз меҳварҳои асосии Паёми Президенти кишвар рушди иқтисоди миллӣ дар шароити ҷаҳони муосир мебошад. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки новобаста аз вазъи мураккаби иқтисодии ҷаҳонӣ, Тоҷикистон тавонист суръати рушди иқтисодиро нигоҳ дорад ва дар як қатор соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Диққати махсус ба саноатикунонии босуръати кишвар, рушди энергетика, кишоварзӣ ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ равона карда шуд. Ин самтҳо ҳамчун асоси ташаккули иқтисоди рақобатпазир ва таъмини истиқлолияти иқтисодии давлат арзёбӣ гардиданд.
Масъалаи таъмини амнияти энергетикӣ дар Паём мавқеи хоса дошт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳаи энергетикаро омили калидии пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар номиданд. Идомаи сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, истифодаи самараноки захираҳои обию энергетикӣ ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги минтақавӣ барои табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитии неруи барқ аз ҳадафҳои стратегӣ маҳсуб меёбанд. Ин тадбирҳо на танҳо ба рушди иқтисоди миллӣ, балки ба таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ низ мусоидат менамоянд.
Соҳаи иҷтимоӣ низ дар Паёми навбатӣ мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки сиёсати иҷтимоии давлат пеш аз ҳама ба ҳифзи манфиатҳои инсон, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини адолати иҷтимоӣ равона шудааст. Афзоиши музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо, беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ, инчунин дастгирии табақаҳои осебпазири ҷомеа аз ҷумлаи чораҳои муҳими давлатӣ мебошанд, ки дар Паём зикр гардиданд.
Рушди маориф ва илм ҳамчун омили асосии пешрафти давлату ҷомеа дар маркази диққат қарор дошт. Президенти кишвар таъкид намуданд, ки сармоягузорӣ ба соҳаи маориф сармоягузорӣ ба ояндаи миллат мебошад. Бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири таълим ва дастгири намудани ҷавонони лаёқатманд яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи давлат ба шумор мераванд.
Бояд қайд кард, ки бе иштироки фаъолонаи ин неруи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро баланд бардоштан ғайриимкон аст. Таваҷҷуҳи пайваста, ғамхориҳои хирадмандонаю дурандешона ва дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон рушди ин тамоюлро боз ҳам болотар бурд. Воқеан, ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд ва он ташаббусҳои созандае, ки аз ҷониби Сарвари давлатамон роҳандозӣ мегарданд, дар татбиқи онҳо пешоҳанг бошанд.
Ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа ва кафили ояндаи дурахшони давлат арзёбӣ гардиданд. Дастгирии ташаббусҳои ҷавонон, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, рушди варзиш ва тарбияи ватандӯстии насли наврас аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии ҷавонон маҳсуб меёбанд.
Ҳамзамон, масъалаи таҳкими истиқлолияти давлатӣ, волоияти қонун ва мубориза бо коррупсия низ дар Паём мавқеи муҳим дошт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки танҳо бо риояи қонун, масъулиятшиносӣ ва шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ метавон рушди устувор ва эътимоди ҷомеаро таъмин намуд.
Дар маҷмӯъ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 ҳуҷҷати барномавие мебошад, ки самтҳои асосии рушди давлат ва ҷомеаро барои солҳои наздик муайян мекунад. Ин Паём ифодаи иродаи сиёсӣ, тафаккури стратегӣ ва масъулияти баланди роҳбарияти кишвар дар назди халқ буда, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро ба саҳмгузорӣ дар ободии Ватан ва таҳкими давлати соҳибистиқлол ҳидоят менамояд.
Ходими илмии шуъбаи
илмӣ-методии ПИТФИ
Алиева Мунира

