Ҳамкорони муҳтарам!
Бо камоли эҳтиром ва самимият фарорасии Соли нави мелодиро ба Шумо ва аҳли оилаатон табрик мегӯям. Соли сипаришуда барои муассиса марҳилаи муҳими фаъолияти касбӣ, санҷиши масъулият, устуворӣ ва ҳамзамон имконияти рушду пешрафт буд. Дар ин давра мо бо як қатор мушкилоту вазифаҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ шудем, вале маҳз бо шарофати заҳмати содиқона, дониш, таҷриба ва руҳияи ҳамдигарфаҳмии Шумо тавонистем онҳоро паси сар намоем.
Дар соли гузашта ҳар як корманд саҳми худро дар рушди муассиса, баланд бардоштани сифати фаъолият, татбиқи барномаҳо ва иҷрои нақшаҳои пешбинишуда гузоштанд. Дар соли 2025 ходимони илмии Пажӯҳишгоҳ 352 кори илмию тадқиқотӣ ва методӣ, ки аз онҳо 31 китобу маҷалла, 66 мақолаи илмӣ, 134 мақолаи илмию оммавӣ, 121 нашри электронӣ, ки маводи таълифӣ мебошанд, ба табъ расонидаанд. Дар маҷмуъ, нисбат ба соли 2024 дар соли 2025 корҳои илмию тадқиқотӣ ва методӣ 4 адад зиёд мебошад. Ҳамин тавр, нишондиҳандаҳои корҳои илмию таҳқиқотии соли 2025 аз рӯи аксарияти самтҳои асосии таҳқиқот нисбат ба соли 2024, аз ҷумла нашри китобу маҷалла 7 адад бештар, мақолаҳои илмӣ 5 адад зиёд, нашри электронӣ 30 адад зиёдтар аст. Дар соли 2025 ходимони илмии ПИТФИ дар 51 ҳамоиши илмӣ, конференсияву симпозиумҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок ва бо маърӯзаҳои илмӣ баромад карданд. Дар соли 2025 ходимони илмии ПИТФИ ҳамкориро бо воситаҳои ахбори омма тақвият дода, дар телевизиону радио 116 маротиба суҳбату мусоҳибаҳо доир намуданд. Мусоҳибаҳои ходимони илмии ПИТФИ дар телевизиону радиоҳои ҷумҳурӣ масъалаҳои гуногуни фарҳангу иттилоот, ватану ватандорӣ, хештаншиносӣ ва ҷанбаҳои мухталифи ҷомеаи имрӯзаро дар бар мегирифт.
Маҳз меҳнати дастаҷамъона, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба рисолати касбӣ боис гардид, ки мавқеи муассисаи мо боз ҳам устувор гардад ва эътибори он дар ҷомеа боло равад. Барои ин ба ҳар яки Шумо миннатдории самимии худро изҳор менамоям.
Соли нав пеши роҳи мо уфуқҳои тоза, нақшаҳои нав ва ҳадафҳои бузургро мегузорад. Мо итминон дорем, ки бо такя ба таҷрибаи андӯхта, нерӯи зеҳнӣ ва иқтидори касбии кормандон метавонем фаъолияти худро боз ҳам самаранок ба роҳ монем, натиҷаҳои илмивву таҳқиқотиро баланд бардорем ва ба дастовардҳои нав ноил гардем.
Ба ҳамаи Шумо саломатии бардавом, хушбахтӣ, осоиштагии руҳӣ, баракат дар рӯзгор ва комёбиҳои нав ба навро орзу менамоям. Бигзор Соли нав барои ҳар яки мо соли умед, эътимод, дастовардҳои назаррас ва амалӣ гардидани орзуҳои нек бошад. Бигзор дар ҳар хонадон сулҳу субот, файзу баракат ва шукуфоӣ ҳукмфармо бошад.
Бо орзуи рӯзгори обод ва фаъолияти боз ҳам пурмаҳсул, Соли нави мелодиро бори дигар ба Шумо ва дар симои Шумо ба тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистон табрик мегӯям.
Бори дигар Соли нави милодӣ муборак бод!!!

