(дар ҳошияи Паёми Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
ба Маҷлиси Олӣ)
Фарҳанги миллӣ яке аз арзишҳои муҳимми маънавии ҳар миллат ба шумор рафта, ҳастии миллат, таърих, ҷаҳонбинӣ ва ормонҳои онро инъикос менамояд. Маҳз фарҳанг аст, ки миллатро дар тӯли асрҳо ҳифз намуда, онро аз нобудшавӣ эмин медорад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ масъалаи ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ аҳамияти махсус пайдо намудааст. Дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ пайваста таъкид мегардад, ки фарҳанг омили асосии худшиносии миллӣ ва пояи устувори давлатдории миллӣ мебошад.
Пешвои миллат дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд, ки фарҳанги миллӣ – пояи асосии ҳастии миллат, ҳастии давлат ва заминаи устувори тараққиёт мебошад ва ин ғоя бояд ҳамчун яке аз рукнҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ қабул гардад.
Сарвари давлат дар Паёми худ зикр менамоянд, ки «фарҳанг ва маънавиёт сутуни асосии ҳастии миллат мебошанд», аз ин рӯ ҳифз ва рушди он вазифаи муқаддаси давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин ҷост, ки баррасии дирӯз, имрӯз ва фардои фарҳанги миллӣ дар заминаи сиёсати фарҳангии давлат аҳаммияти хосса дорад. Фарҳанги миллӣ натиҷаи таҷриба, таърих, ҷаҳонбинӣ ва ормонҳои миллати тоҷик аст. Он аз осори фарҳангии гузашта – аз адабиёт то мусиқӣ ва суннатҳои мардумӣ – таъсири бевосита ба рӯҳияи миллии сокинони кишвар дорад. Президенти мамлакат зикр намуданд, ки чунин мерос бояд ба таври ҳамоҳанг бо талаботи замони муосир ҳифз, тадқиқ ва муаррифӣ шавад, то мардум, бахусус ҷавонон, ҳувияти миллии худро беҳтар дарк намоянд.
Фарҳанги тоҷик таърихи шашҳазорсола дорад. Тоҷикон бо офаридани арзишҳои волои маънавию моддӣ дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми назаррас гузоштаанд. Осори куҳани хаттӣ, ёдгориҳои меъморӣ, суннатҳои мардумӣ ва адабиёти классикӣ далели равшани фарҳанги ғании ниёгони мо мебошанд.
Осори бузурге чун «Авесто», «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ашъори Рӯдакӣ, асарҳои фалсафӣ ва тиббии Ибни Сино на танҳо мероси миллӣ, балки ганҷинаи умумибашарӣ ба ҳисоб мераванд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём таъкид намуданд, ки «ифтихор аз гузашта ва эҳтиром ба мероси фарҳангии ниёгон асоси худшиносии миллӣ мебошад». Маҳз ҳамин худшиносӣ дар тӯли таърих имкон додааст, ки миллати тоҷик бо вуҷуди шикастҳо ва таҳдидҳо фарҳанги худро ҳифз намояд.
Дар гузашта фарҳанг воситаи асосии тарбияи ахлоқӣ, ҳамбастагии иҷтимоӣ ва интиқоли таҷрибаи зиндагӣ аз насл ба насл буд. Урфу одат, анъана, мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷаҳонбинии ҷомеаро ташаккул медоданд ва арзишҳои инсонӣ, аз қабили адолат, ростқавлӣ ва инсондӯстиро тарғиб менамуданд.
Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ фарҳанги миллӣ марҳилаи нави рушдро оғоз намуд. Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба ҳифз ва эҳёи арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард. Дар Паёми Президенти кишвар борҳо таъкид шудааст, ки «Истиқлолият барои эҳёи фарҳанг, забон ва суннатҳои миллӣ заминаи воқеӣ фароҳам овард».
Пешвои миллат таъкид карданд, ки имрӯз барои ҳифз ва рушди арзишҳои ниёгон, ҳамчунин таҳкими ҷойгоҳи фарҳанги миллии тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ шароити мусоид фароҳам шудаанд ва ин кор бояд бо зиракии сиёсӣ, таҳкими худшиносӣ ва ҷалби нерӯҳои созанда амалӣ гардад.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҷашнҳои миллӣ, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон эҳё гардида, мақоми давлатӣ гирифтанд ва ба сатҳи байналмилалӣ бароварда шуданд. Ин ҷашнҳо имрӯз на танҳо рамзи фарҳанги миллӣ, балки воситаи муаррифии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошанд. Ҳамзамон, бунёди театрҳо, қасрҳои фарҳанг, осорхонаҳо ва китобхонаҳо нишонаи равшани сиёсати фарҳангии давлат ба ҳисоб меравад.
Дар Паём Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки дар шаҳри Душанбе “Маркази тамаддуни ориёӣ” таъсис дода шавад, ки ин марказ бояд ба таври системавӣ баҳри омӯзиш, ҳифз ва муаррифии фарҳанг ва тамаддуни ориёӣ – аз ҷумла забон, адабиёт, фарҳанг, илм ва санъат хизмат намояд. Ин ташаббус рамзи эҳтироми амиқи мамлакат ба таърих ва мероси бузурги ориёист. Ин марказ ё ташаббус метавонад пойгоҳ ё заминаеро фароҳам оварад, ки дар оянда дастовардҳои фарҳангии миллии тоҷиконро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ ва тақвият диҳад.
Дар Паём таъкид мегардад, ки «ҳифзи забони давлатӣ яке аз шартҳои асосии пойдории миллат мебошад». Забони тоҷикӣ ҳамчун омили асосии фарҳанг имрӯз дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа рушд меёбад. Таваҷҷуҳ ба либоси миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва суннатҳои аҷдодӣ низ рӯз то рӯз афзуда истодааст. Бо вуҷуди ин, ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технология ба фарҳанги миллӣ ҳам имконият ва ҳам таҳдид эҷод менамояд. Аз ин рӯ, Сарвари давлат ҳушдор медиҳанд, ки «дар шароити ҷаҳони муосир мо бояд фарҳанги миллии худро аз таъсири бегона ҳифз намоем». Ин масъулият ҳам ба давлат ва ҳам ба ҳар як шаҳрванди кишвар дахл дорад.
Ояндаи фарҳанги миллӣ пеш аз ҳама ба тарбияи насли ҷавон вобаста аст. Ҷавонон ҳамчун идомадиҳандагони фарҳанг бояд дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ тарбия ёбанд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст, ки «ҷавонон ояндаи миллатанд ва тарбияи онҳо дар асоси арзишҳои миллӣ вазифаи аввалиндараҷа мебошад».
Дар шароити муосир истифодаи технологияҳои рақамӣ метавонад ба рушди фарҳанги миллӣ мусоидат намояд. Ташкили осорхонаҳои виртуалӣ, таблиғи мероси фарҳангӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва муаррифии санъати миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ метавонад фардои фарҳанги тоҷикро боз ҳам дурахшон гардонад. Ҳамзамон, мутобиқ намудани фарҳанги миллӣ ба талаботи замон бидуни аз даст додани асолати он муҳим мебошад. Агар мо арзишҳои фарҳангиро бо руҳияи нав ва ҷаҳонбинии муосир пайванд намоем, фарҳанги миллӣ дар оянда низ пойдор боқӣ хоҳад монд.
Фарҳанги миллӣ пайвандгари наслҳо, таҷассумгари таърих ва кафили бақои миллат мебошад. Дирӯзи пурифтихор, имрӯзи созанда ва фардои умедбахши фарҳанги тоҷик моро вазифадор месозад, ки ба арзишҳои миллӣ арҷ гузорем. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳимми сиёсӣ ва маънавӣ моро ба ҳифз, рушд ва тарғиби фарҳанги миллӣ ҳидоят менамояд. Танҳо дар сурати эҳтиром ба фарҳанг ва маънавиёт мо метавонем давлатдории миллии худро устувор нигоҳ дорем ва онро ба наслҳои оянда ба мерос гузорем.
Саъдӣ МИРЗОЕВ,
ходими калони илмии
шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ

