Ҷашни Сада яке аз қадимтарин ҷашнҳои суннатии халқҳои ориёинажод ба шумор рафта, дар заминаи робитаи инсон бо муҳити табиӣ ва дарки қонуниятҳои гардиши фаслҳо ташаккул ёфтааст. Ин ҷашн ҳамчун падидаи фарҳангӣ дар асоси мушоҳидаҳои инсон нисбат ба табиат ва тағйирёбии фаслҳо ташаккул ёфтааст. Таҳқиқи таърихии Сада нишон медиҳад, ки он дар заминаи ҷаҳонбинии мифологӣ ва фалсафии аҷдодон ба вуҷуд омадааст. Дар ин раванд, мафҳуми нур ва гармӣ ҳамчун унсурҳои ҳаётбахш нақши калидӣ доштаанд. Аз ин ҷиҳат, Сада на танҳо ҷашн, балки шакли тафаккури иҷтимоии ҷомеаи бостонӣ маҳсуб мешавад. Дар сарчашмаҳои хаттии қадим, аз ҷумла дар осори мутафаккирони форсу тоҷик, ҷашни Сада ҳамчун маросими марбут ба оташ ёдоварӣ мешавад. Оташ дар фарҳанги ориёӣ ҳамчун рамзи покӣ, адолат ва неруи созанда шинохта шудааст. Маҳз ҳамин маъно боис гардидааст, ки афрӯхтани гулхан унсури марказии ҷашн гардад. Ин амали рамзӣ иртиботи мустақим байни инсон ва неруҳои табиатро ифода менамояд. Ҳамин тавр, Сада ҳамчун воситаи ҳамоҳангсозии инсон бо муҳити зист баррасӣ мешавад.
Мафҳуми «Сада» аз рақами «сад» бармеояд, ки тибқи ҳисобҳои тақвимӣ ба шумораи рӯзҳои боқимонда то фаро расидани гармои баҳор ишора мекунад. Ин далел аз дониши астрономӣ ва таҷрибаи бисёрсолаи ниёгон дар мушоҳидаи табиат шаҳодат медиҳад. Мардум бо истифода аз чунин ҳисоббарорӣ фаъолияти хоҷагии худро танзим менамуданд. Аз ин ҷиҳат, Сада на танҳо ҷашн, балки воситаи танзими зиндагӣ низ буд. Дар адабиёти классикии форсу тоҷик, махсусан дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, аз ҷашни Сада бо эҳтироми хос ёдоварӣ шудааст.
Нигаҳ кард Ҳушанги боҳушу ҳанг,
Гирифташ яке сангу шуд пешчанг.
Ба зӯри каёнӣ биёзид даст,
Ҷаҳонсӯз мор аз ҷаҳонҷӯ биҷаст.
Баромад ба санги гарон санги хурд,
Ҳам ону ҳам ин санг бишкаст хурд.
Фурӯғе падид омад аз ҳарду санг,
Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг...
Бигуфто: “Фурӯғест ин эзадӣ,
Парастид бояд,агар бихрадӣ”.
Шаб омад, барафрӯхт оташ чу кӯҳ,
Ҳамон шоҳ дар гирди ӯ бо гурӯҳ.
Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард
Саданоми он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд з-ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳрёр...
Ин осор далели онанд, ки Сада дар зеҳни фарҳангии мардум ҷойгоҳи мустаҳкам дошт. Шоир ҷашнро бо мафҳумҳои хирад, нур ва адолат пайванд додааст. Адабиёт низ ба ҳифз ва интиқоли анъанаҳои ҷашн мусоидат намудааст. Аз нигоҳи иҷтимоӣ, ҷашни Сада воситаи муҳими муттаҳидсозии ҷомеа ба шумор мерафт. Ҷамъ омадани мардум дар атрофи оташ муносибатҳои иҷтимоиро тақвият мебахшид. Дар ҷараёни ҷашн суннатҳои ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, инкишоф меёфтанд. Ин раванд барои ташаккули ҷомеаи устувор замина фароҳам меовард.
Ҷашни Сада дар сохтори иҷтимоии ҷомеаи бостонӣ вазифаи муттаҳидсозиро иҷро мекард. Мардум тавассути ин ҷашн арзишҳои муштаракро таҷдид менамуданд. Иштироки дастаҷамъона дар маросимҳо ҳисси ҳамбастагиро тақвият мебахшид. Ин ҷанба нишон медиҳад, ки Сада воситаи таҳкими робитаҳои иҷтимоӣ низ будааст. Ҳамин хусусият ҷашнро ба як падидаи муҳими иҷтимоӣ табдил додааст.
Аз нигоҳи фарҳангшиносӣ, Сада як намунаи равшани мероси ғайримоддӣ маҳсуб мешавад. Ин ҷашн на танҳо анъана, балки маҷмӯи дониш, эътиқод ва таҷрибаи таърихиро дар бар мегирад. Ин унсурҳо аз насл ба насл интиқол ёфтаанд. Маҳз ҳамин интиқоли фарҳангӣ пойдории ҷашнро таъмин намудааст. Аз ин рӯ, омӯзиши Сада барои ҳифзи мероси фарҳанги миллӣ аҳамияти бузург дорад. Дар замони муосир, ҷашни Сада ҳамчун ҷузъи сиёсати фарҳангии давлат эҳё гардидааст. Ин раванд бо баланд бардоштани худшиносии миллӣ иртибот дорад. Таҷлили расмии ҷашн ба муаррифии фарҳанги бостонӣ мусоидат менамояд. Ҳамзамон, он ба рушди сайёҳии фарҳангӣ низ замина мегузорад. Бо ин роҳ, Сада аҳамияти нави иҷтимоиву иқтисодӣ касб кардааст.
Ҷашни Сада ҳамчунин дар тарбияи ахлоқии ҷавонон нақши муҳим дорад. Он эҳтиром ба табиат ва унсурҳои он, бахусус оташро талқин мекунад. Ҷашн масъулиятшиносиро ташаккул медиҳад. Ҷавонон тавассути он арзишҳои миллӣ меомӯзанд. Ин ҷанбаи тарбиявӣ аҳамияти калон дорад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ҳифзи ҷашнҳои миллӣ аҳамияти бештар пайдо мекунад. Онҳо фарҳангро аз маҳв шудан муҳофизат менамоянд. Сада ҳамчун рамзи фарҳанги халқи тоҷик хизмат мекунад. Он фарқияти фарҳангиро нишон медиҳад. Ин фарқият заминаи ифтихори миллӣ мебошад.
Хулоса, ҷашни Сада падидаи бисёрҷанбаи таърихӣ, фарҳангӣ ва фалсафӣ мебошад. Он таҷрибаи ҳазорсолаи инсониро дар худ таҷассум мекунад. Сада инсонро ба нур, дониш ва умед раҳнамоӣ месозад. Ҷашн пайванди устувори гузашта ва имрӯз аст. Ҳифзи он кафолати пойдории фарҳанги миллӣ маҳсуб меёбад.
Мудири шуъбаи
илмӣ – методии ПИТФИ
Хоҷамов Ф.

