Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва Вазорати фарҳанг фаъолияти густурда ба роҳ монда, дар рушду равнақи соҳаи фарҳанг нақши бориз мегузорад. Аз ҷумла дар тарғибу ташвиқ ва оммавикунонии ҷашнҳои миллию фарҳангӣ, тариқи таълифи китобҳо, мақолаҳо, суханрониҳо ва ташкил намудани ҳамоишҳои илмию назарӣ фаъол мебошад.
30-юми январи соли ҷорӣ дар толори пажуҳишгоҳ аз ин қабил чорабиниҳои илмӣ вобаста ба муносибати ҷашни миллию фарҳангии тоҷикон – Сада, баргузор карда шуд. Ҳамоиши илмӣ бо сарварии номзади илмҳои филологӣ, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ Аминзода Абдулфаттоҳ Ҳаким ва доираи васеи олимону донишмандон сурат гирифт.
Ҳамоишро Аминзода Абдулфаттоҳ бо сухани муқаддимавии худ кушода эълон намуда, таъкид варзид, ки Сада аз ҷумлаи ҷашнҳои таърихан куҳан ва фарҳангии миллати тоҷик ба шумор рафта, дар худ унсурҳои муҳимми созандагиро ҷой медиҳад. Набояд танҳо ба шинохту маърифати қолабӣ ва таърихии ин ҷашни бошукуҳ чанг зад, балки ба арзишҳои ахлоқию фарҳангӣ ва муттаҳидсозии он низ таваҷҷуҳ зоҳир кард. Таъкид гардид, ки бо дарназардошти аҳаммият, вижагӣ ва решаҳои таърихӣ доштани ҷашни мазкур Пешвои муаззами миллат баҳри эҳёи он ташаббусҳои созанда амалӣ намуда, онро дар даврони истиқлоли кишвар эҳё намуданд, ки имрӯзҳо бозҳам дар раванди эҳёшавӣ ва оммавигардӣ қарор дорад. Ин буд, ки дар замони истиқлолият ҷашни Сада бо қарори ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият шомил гардид, ҷойгоҳи намоёни худро дар доираи тамаддуни башар пайдо кард.
Нишаст, ки дар доираи мизи гирд ва суҳбатҳои озод сурат мегирифт, аксарияти иштирокдорон ба сухан омада, фикру мулоҳизаҳои худро нисбати ҷашни Сада, таъриху пайдоиш, аҳаммияту вижагиҳо, арзишҳо ва дигар унсурҳои созандаи он баён намуданд. Аз суханрониҳои коршиносону муҳаққиқон дарк гардид, ки тозаву озода намудани хонаву дар, хештан ва ҳаёти рӯзмарра, бозафрӯхтани оташ, иштироки фаъолонаи махсус дар он, муҳорибаҳои фароғатӣ ва қувваозмоӣ аз ҷониби гурӯҳҳои мутақобил, барпо кардани намоишҳои дигари варзишию фарҳангӣ ва косибӣ аз хусусиёти ин ҷашн ба шумор меравад.
Зикр гардид, ки Сада яке аз қадимтарин ҷашнҳои ориёӣ (эронӣ-тоҷикӣ) мебошад, ки таърихи он ба ҳазорсолаҳо пеш мерасад. Ин ҷашн рамзи нур, гармӣ, пирӯзии равшанӣ бар сармо ва торикӣ аст. Он ҳамасола 10-уми моҳи Баҳман тибқи тақвими шамсӣ ҷашн гирифта мешавад, ки тақрибан ба 29 ва ё 30-юми моҳи январ рост меояд. Номи «Сада» аз калимаи «сад» гирифта шудааст, зеро аз ин рӯз то фарорасии Наврӯз 100 рӯз (50 рӯз ва 50 шаб) боқӣ мемонад. Тибқи ривоятҳои қадим, махсусан дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ вобаста ба пайдоиши ин ҷашн зикр мегардад, ки Подшоҳи афсонавӣ Ҳушанг ҳангоми ҷанг бо мор тасодуфан сангро ба санг зад, аз бархӯрди сангҳо оташ пайдо шуд, одамон фаҳмиданд, ки оташ манбаи нур ва гармӣ аст ва ба нишони шукргузорӣ ҷашни Садаро таҷлил намуданд. Аз он вақт ин ҷашн ҳамчун рамзи кашфи оташ ва пешрафти инсон шинохта мешавад.
Бо гузашти замон ҳарчи бештар аҳаммият ва вижагиҳои Сада ошкортар мегардад. Усули таҷлили он ба худ ранги дигар касб мекунад ва ҷанбаҳои созандагӣ, муттаҳидсозӣ ва тарғибгарии он бештар амал менамояд. Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки ҳатто таҷлили ин ҷашн на танҳо ба ҷанбаи фарҳангӣ балки ба соҳаи иқтисоди кишвар, хоҷагии халқ таъсири мусбӣ расонида метавонад. Дар аснои таҷлили он дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат омодагии ҳамоҷониба мебинанд ва маҳсулоти полезӣ, ниҳолони дарахтони мевадиҳанда ва дигар касбу ҳунарҳоро дар маърази ом ба намоиш мегузоранд, ки ин омил дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва дигар ҳунарҳҳои мардумӣ нақши басо бориз мегузорад. Хоссатан ҷашни мазкур кишоварзонро барои кишту кори навбатӣ тарғиб ва омода месозад.
Вобаста ба маънӣ ва аҳаммияти ҷашни Сада зикр гардид, ки он рамзи гармӣ ва нур, умед ба баҳор, омодагӣ ба кишту кори нав, ҳамбастагӣ ва шодӣ миёни мардум мебошад. Ин ҷашн хотиррасон мекунад, ки инсон бо дониш ва меҳнат метавонад табиатро шиносад ва зиндагиро беҳтар кунад.
Ҷашни Сада тариқаи хосси баргузории худро соҳиб буда, дар худ як қатор анъанаҳои некро нигоҳ медорад. Аз ҷумла дар майдони васеу паҳновар афрӯхтани гулхан, гирди оташ ҷамъ шудан, суруд хондан аз он ҷумла аст, ки чунин амал рамзи рондани сармо ва торикӣ мебошад. Ҳамзамон қироати сурудҳои мардумӣ, рақсҳои суннатӣ, шеъру байтҳо дар васфи нур ва баҳор, омода намудани хӯрокҳои миллӣ, таомҳои гарм аз қабили ош, шурбо, нону кулчақанд, меваҳои хушк ва ғайра аз анъанаҳои таҷлили ҷашни Сада ба шумор мераванд.
Ҳаминтариқ ҳамоиши илмии пажуҳишгоҳ вобаста ба таҷлил ва бузаргдошти ҷашни Сада дар доираи мизи мудаввар хотима ёфта, андешаҳои ҷолибу хотирмон зикр гардиданд.
Исоев Қ,
котиби илмии ПИТФИ




