«Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидона ба мерос гузоштаанд»,
Эмомалӣ Раҳмон
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш таъкид карданд, ки Устувонаи Куруш аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният боиси ифтихору сарбаландии миллати ориёии мо мебошад. Сарвари давлат зикр карданд, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд.
Оре, бинобар дар вазъи ташаннуҷу ташвишовар ва ҳалокатбор қарор доштани вазъи ҷаҳони имрӯза ва афзудани таҳдиди ҷангу таадӣ, ишғоли сарзаминҳои бегона ва аз нав тақсим гардидани ҷаҳони тақсимшуда аз тарафи абарқудратҳо ин шиори тамоми давлатҳо ва аҳли сайёра бошад.
Пешвои миллат таъкид ба он доштанд, ки Наврӯз имрӯз мақоми байналмилалӣ гирифта, таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат буда, аз анъанаҳои давлатдории гузаштагони ориёии мо, ки дар таърихи башарият нақши мондагору таъсиргузор бозидаанд, асоси ҳувият ва асолати мо – тоҷикон мебошанд. Бинобар ин, ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур доданд, ки дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад.
Хуб мешуд, ки ин ду марказ дар асоси анъанаҳои меъмории бостонии форс-тоҷик сохта шаванду бо кошиҳои мулаввану муҷалло тазйин ёбанд. Нусхаи катибаи Бесутун, ки ба забони порсии бостон ҳак шудаву забони ориёӣ маҳсуб меёбад, ҳамчунин устувонаи Куруши Кабир-аввалин эъломияи ҳуқуқи башар тавассути кошиҳои мулавван дар девор ё пештоқи бинои Конуни тамаддуни ориёӣ насб гардад. Шиори аҷдоди хирадманди мо Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек бо тамоми хатҳо аз мехӣ сар карда то ба крилӣ бо аксари забонҳои ҷаҳонӣ сабт ёбад. Ҳамчунин тасвири Ҷамшед, ойину суннатҳои наврӯзӣ чун ҳафтсину ҳафтшин ва олимону шоирони бузурги форсу тоҷик ва номгӯи осори безаволашон дар ҳар ду марказ бо ҳуруфоти форсӣ инъикос ёбанд. Хуллас саҳми бузурги мардуми тоҷику форс дар тамаддуни башарӣ аз бостон то имрӯз дарҷ ёбад
Кошикорӣ яке аз барҷастатарин ҳунарҳои тазйинӣ дар меъморӣ ба шумор меравад. Ин ҳунар шомили пӯшондани сутуҳи мухталифи биноҳо бо қитъаҳои кошии луобдор аст, ки бо диққат ва зарофат хосе канори ҳам чида мешавад. Кошӣ дар луғат ба маънои хишти нозуки луобдор аст ва бархе решаи номи онро ба шаҳри Кошон маҳди (гаҳвора) тавлиди ин ҳунар нисбат медиҳанд. Ин номгузорӣ аз асри сездаҳуми мелодӣ ривоҷ ёфт.
Аслан ҳунари кошикорӣ қабл аз ислом дар даврони Ҳахоманишӣ дар Шуши Эрон ҳудуди 2500 сол пеш ба мушоҳида мерасад, ки шерҳои болдор дар деворҳо тавассути кошиҳо ба мушоҳида мерасанд. Ҳамчунин, аввалин истифода аз кошӣ барои пӯшондани деворҳо дар Байнанаҳрайн дар шаҳри Нинавии Ироқи имрӯза ба ҳудуди ҳафт ҳазор сол пеш аз милод ва дар Миср 4700 сол қабл аз милод ба мушоҳида мерасад, ки далели қадимӣ будани ин ҳунар дар тамаддунҳои бостонӣ аст.
Бо густариши дини ислом ҳунари кошикорӣ бо суръат рушд кард ва ба яке аз вижагиҳои барҷастаи меъмории исломӣ табдил шуд.
Аз кошикориҳои маъруфи Эрон метавон ба Масҷиди Шоҳ, ва Масҷиди Шайх Лутфуллоҳ дар Исфаҳон, гунбади Султония дар Зинҷон, Масҷиди Гавҳаршод дар Машҳад (шоҳкории темурӣ), Масҷиди Кабуди Табриз, иморати Шамсулимора дар Кохи Гулистони Теҳрон ишора кард, ҳар як бо кошиҳои муаррақу ҳафтранг ва дигар сабкҳо ҷилваи беназир аз ҳунарро ба намоиш мегузорад.
Кошӣ аз гилмоя ва дигар пайвастҳои ғайриорганикии омехташуда омода мешавад. Чуноне ки зикр кардем кошикорӣ аз давраҳои қадим маъмул буда, нахуст дар Миср ва Бобул пайдо шуд ва дар асри 9 ба Аврупо роҳ ёфт. Он дар Осиёи Миёна, махсусан, дар санъати меъморӣ васеъ истифода шудааст. Маркази истеҳсоли масолеҳи асосии кошӣ мавзеи Чӯпонотаи Самарқанд буд, ки аз ин ҷо ба дигар шаҳрҳо кашонда мешуд. Барои мустаҳкам шудани гилмоя мӯй, маводи минералӣ, оксидҳо ҳамроҳ мекарданд. Гилмояи тайёршударо ба қолабҳо рехта, дар хумдонҳо бо ҳарорати баланд мепазонданд. Пас ба рӯи порчаҳои сафол ранг (сир) медавонданд. Рангро аз алафҳои чилбанд, чоройна ва рангҳои минералӣ (оксиди мис, марганетс, оҳан, кобалт)-и дар ишқор ҳалшуда тайёр мекарданд. Одатан кошиҳои сирдорро ду-се маротиба сир пӯшонда ҳар бор мепухтанд. Кошикорӣ дар асрҳои 11-12 дар Осиёи Миёна хеле паҳн шуд. Дар ин давра кошиҳо дар шакли хиштчаҳои оддии сирдор барои рӯкаш кардани баъзе қисмҳои бино ва дертар дар шакли лавҳаҳои рангаву нақшин тайёр карда, барои кошикории биноҳои муҳташам истифода мегардиданд. Мақбараи Муҳаммади Башоро намунаи олии санъати кошикорӣ дар ҳудуди Тоҷикистон аст. Дар ин давра асосан ба ороиши рӯи иморат, яъне пештоқ диққат медоданд. Аз нимаи дуюми асри 14 сафоли нақшин ё кандакориву ҳошиякоришудаи рӯяш сирдор маъмул шуд. Бо ин гуна кошиҳо деворҳои ҳамвор, гунбаду меҳробҳо оро дода мешуданд. Махсусан, кошиҳои катибадор биноҳоро боз ҳам зеботар мекарданд. Ин катибаҳо бо рангҳои сафеду зард дар рӯи кошиҳо дар заминаи кабуду сабз пеш аз сир давондан сабт мешуданд. Минбаъд кошиҳоро дар шакли ситораҳои шашгӯша, ҳашткунҷа ва дигар шаклҳои ҳандасӣ рехта, дар болои гач мечиданд. Асрҳои 15-17 санъати кошикорӣ дар Бухоро дар Масҷиди Калон, Мадрасаи Мири Араб, Мадрасаи Абдуллохон ва дар асри 17 дар Хева Қасри Тошҳавлӣ, дар Қӯқанд Қасри Худоёрхон ба назар мерасад. Охири асри 18 то авали асри 20 ин ҳунар аз байн рафт. Дар давраи шӯравӣ ба муҳофизати ёдгориҳои меъморӣ диққати махсус дода, тармиму таъмири онҳо зарурати аз нав зинда кардани ҳунари кошипазиро ба миён овард. Солҳои бистуми асри гузашта чанде аз устоҳо ва кулолгарон усули кошипазиро аз худ намуда, барои таъмири ёдгориҳо масолеҳ тайёр карданд. Солҳои баъди ҷанг дар назди устохонаи кулолии шаҳри Самарқанд ташхисгоҳи кошиҳосилкунӣ таъсис ёфт, ки маҳсулоти аз рӯи технологияи махсус баровардашуда на танҳо барои таъмири ёдгориҳо, балки барои ороиши биноҳои ҳозиразамон истифода мешавад. Кошиҳо ба ёдгориҳои меъморӣ ва биноҳои ҳозира зиннат бахшида, онҳоро аз таъсири боду борон нигоҳ медоранд.
- Самарқанд бо осору тамаддуни ғании таърихию фарҳангӣ, аз ҷумла се мадрасааш дар Регистон садсолаҳост, ки аз тамоми ҷаҳон сайёҳонро ба худ ҷалб кардааст, - мегӯяд Адаш Истад, нависандаи маъруфи мо, сокини Самарқад. Аз ин иморатҳо куҳансолтаринаш Мадрасаи Мирзо Улуғбек мебошад, ки сохтмони он соли 1417 ба охир расида, корҳои кошикориву тазйин боз се соли дигар давом кардааст. Дар сохтмони Мадрасаи Улуғбек бо илтимоси ӯ модараш Гавҳаршод аз Ҳирот меъмори машҳури он замон Қавомиддини Шерозиро мефиристад. Аз рӯи лоиҳаи Мирзо Улуғбек дар Регистон корвонсарой, хонақоҳ, гармоба ва масҷид низ сохтаанд. Ҳоло дар ҷои корвонсарой Мадрасаи Тиллокорӣ ва дар ҷои хонақоҳ Мадрасаи Шердор истодааст, ки бо фармоиши ҳокими Самарқанд Ялангтӯш бунёд ёфтаанд.
- Асрори дар чунин ҳолати хуб нигоҳ доштани иморатҳо дар чист? – мепурсам, аз мусоҳибам Адаш Истад.
- Нигоҳубини мадрасаҳо ғамхории ҳамарӯзаро талаб мекунанд. Ягон рӯз нест, ки дар Регистон корҳои тармиму таъмир сурат нагирад. Маъмурияти Регистон мекӯшад, ки ба ҷои кошиҳои шикаста кошиҳои айнан ба кошии дерин монанд насб гардад, ки чӣ дар шаклу чӣ дар ранг бо нақши асл баробар аст.
Маъмурияти Регистон ҳама корҳоро дар асоси мантиқи илмӣ пеш мебарад. Бо муассисаҳои илмӣ, чӣ дар масоили тармиму муҳофизати ёдгориҳои меъморӣ ва чӣ дар ташкили боғдорӣ, ҳамкорӣ мекунанд.
Воқеан, кошиҳои манораҳо, девору даромадгоҳ ва бахусус, гунбадҳои қабурғадори мадрасаҳо бо афканиши нури офтоб ҷило медиҳанд. Муҷаллову ҷолиб будани иморатҳо маҳз дар шакли қабурға сохта шудани кошиҳост, ки рушноиро аз кадом тарафе набошад акс медиҳанд.
Дар тазйини Масҷиди калони пойтахти кишварамон – Душанбе насби кошиҳои муҷалло, ки воридоти онҳо аз Ҷумҳурии Исломии Эрон сурат гирифта буд, нақши бориз доранд ва назари ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекунад. Чуноне ки Аҳмад Иброҳим, масъули коргоҳи истеҳсоли кошии шаҳри Исфаҳони Эрон иттилоъ дод, кошиҳоро дар қолабу ҳаҷмҳои мухталиф вобаста ба мавзеи истифодаи он рехта, сипас дар хумдонҳо мепазанд. Масалан, барои ороиши пештоқи биноҳо онҳоро одатан дар шакли хиштҳои мураббаи 20 х 20 омода намуда, ранги сафед медиҳанд ва мепазанд. Сипас, ба ҳар яки он рақами тартибӣ гузошта, дар сақфи коргоҳ бо ҳам зич мечинанд ва қолаби нақшҳоро, ки аз коғази махсуси пурсӯрох аст, ба рӯи онҳо паҳн менамоянд. Дар натиҷаи афшондани бастаи докаи хокаи ангиштдор ҳамон нақшҳо пайдо мешаванд, ки онҳоро ранг медиҳанд.(Бояд гуфт, ки ин усулро то имрӯз дар кандакорӣ дар Тоҷикистон истифода мебаранд). Бо додани ҳар як ранг онҳоро мепазанд. Яъне, агар дар тазйини кошиҳо панҷ ранг истифода шавад, панҷ маротиба онҳоро мепазанд. Дар охир луоберо ба рӯи кошиҳо давонда, боз мепазанд, ки дар натиҷа он ба шишаи ҷилонок мубаддал шуда, онҳоро аз боду борон ва тобиши офтоб ҳифз менамояд. Ҳамаи корҳо дастӣ анҷом меёбанд. Назар ба гуфтаи ӯ рангҳоро аз Итолиё ворид месозанд. Ин гувоҳи он аст, ки дар ин кишвар низ кошикорӣ ва истеҳсоли он хеле маъмул аст.
Эрон гаҳвораи кошикорӣ аст ва биноҳои таърихии бешуморе дар саросари кишвар гувоҳи ин гуфтаҳост. Ин шоҳкориҳои меъморӣ на танҳо сайёҳонро ба худ ҷалб мекунанд, балки намунаҳои беназири ин ҳунари волоро ба намоиш мегузорад. Аз ин рӯ ҳамкорӣ дар тазйини иморати ин ду марказ бо бародарони эронӣ метавонад, ки онҳоро садсолаҳо муҷаллову муҳташам боқӣ гузорад ва минбаъд ин ҳунар дар Тоҷикистон рушд ёбаду коху қасрҳои фарҳанг, биноҳои ҳукуматӣ ва мақобири олимону шоирони классикиамон бо кошиҳои мулавван зиннат ёбанд.
Мунаввари САФАР,
ходими пешбари илмии ПИТФИ

