Activities calendar

19 февраля 2026

НАҚШИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲУ СУБОТИ КИШВАР

Артиши миллӣ яке аз рукнҳои бунёдӣ ва ҷудонопазири давлатдории ҳар як кишвари соҳибистиқлол ба шумор меравад. Маҳз, тавассути неруҳои мусаллаҳ давлат метавонад истиқлолият, тамомияти арзӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти миллии худро ҳифз намояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар соли 1991 ба марҳилаи нави таърихӣ ворид гардид. Дар ин марҳила масъалаи таъсис ва таҳкими Артиши миллӣ ба яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа табдил ёфтааст...

барчасп: 

ВАСФИ ВАТАН ДАР ШЕЪРИ МУОСИР

Васфи ватан яке аз мавзуъҳои меҳварии ашъори тамоми шоирону адибони дунё қаламдод мегардад. Бе муболиға метавон гуфт, ки шоирони ватандӯсту ватансаро баробари сарбозони шуҷоу далере, ки дар ҳифзу ҳимояи ватан мижа таҳ намекунанд, бо қаламфарсоӣ дар ҳимояи ватан ва тарғиби арзишҳои он устувору собит ҳаракат мекунанд. Ҳабиб Юсуфӣ ба ҳақиқат аз ҷумлаи шоирони ватансароси тоҷик аст, ки дар васфу аҳаммияти ватан чунин бинвишта:.. 

барчасп: 

ХОТИРОТ АЗ АЙЁМИ ХИДМАТ ДАР САФФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ШУРАВӢ (ба муносибати 33-юмин солгарди Артиши миллӣ)

Соли 1984 баъди кушишҳои зиёде, ки мехостам актёр шавам ва ё рӯзноманигор, ба мақсад нарасидам, яъне аз имтиҳонҳои давлатии воридшавӣ нагузаштам. Ҳадаф аз интихоби чунин ихтисосҳо он набуд, ки ин вазифаҳо маоши баланд доштанд, балки аз ҳама маъруфтарин ихтисосҳои дунё маҳсуб меёфтанд. Бисёриҳо ҳарф мезананд, ки дар имтиҳонҳо хешутаборӣ ва ё шиносбозӣ набуд, сад дарсад хатои маҳз аст...

барчасп: