АРТИШИ МИЛЛӢ – МАКТАБИ МАТОНАТУ ШУҶОАТ

Замоне мо дар бораи ватан сухан меронем, одамон онро аз нуқтаи назару фаҳмиши худ дарк мекунанд, яъне бо тарзу фаҳмиши гуногун шарҳ медиҳанд. Ҳар шахс меҳру муҳаббати худро нисбат ба ватан мувофиқи ақидааш бо таври гуногун баён месозад. Аз ин хулосае бармеояд, ки ҳар шахс вобаста аз доираи ҷаҳонбинии хеш нисбати ватан самимияту садоқати хешро изҳор медорад ва мавқеи худро муайян месозад.

Яке муҳаббат ва садоқатро ба ватан аз набардҳои майдони муҳориба дар ҳифзи он, дуввумӣ дар майдони ҳарбу зарби меҳнат, саввумӣ дар ҷодаи илму маориф ва бо ҳар тарзу роҳҳо изҳор менамоянд.

Мафҳуми ватан дар асл басо васеъ ва доманадор аст. Аз ин лиҳоз, ҳар фард новобаста аз мавқеъ ва шакли кору фаъолият, ақида, ҷаҳонбинӣ ва боварӣ агар амали хайреро баҳри дигарон ба анҷом дода бошад, ин қадамест дар роҳи худшиносӣ ва ватандӯстӣ.

Нишонаҳои ватандӯстӣ дар гуфтор маҳз дар амали ҳаррӯзаи доимии худ, хизмати шахсони наздик, хешу табор, ёру дӯстон, деҳаву ноҳия, вилоят, кишвар ва ватанро ба ҷо оварда, қарзи шаҳрвандиро иҷро кардан аст. Ватандӯсти ҳақиқӣ будан ин бо меҳнати ҳалоли ҳаррӯзаи худ баҳри ҷомеа нафъе овардан, бо амали доимии худ барои дигарон намунаи ибрат будан аст.

Пас саволе ба миён меояд, ки чи бояд кард, то он ки шахси ватандӯсти ҳақиқиро ба воя расонд? Кори тарбияи насли наврасро чи тавр ба роҳ монд, то барои ӯ аз ҳама арзиши болотару волотар ва муқаддастар халқу ватан бошад? Бо кадом роҳу усулҳо ба ҷаҳони маънавӣ ва ба дили ҳар як шахс роҳ ёфта, рӯҳияи миллӣ ва меҳри ватанро ҷой диҳем? 

Сарчашмаҳои таърихие, ки то ба замони мо омада расидаанд, аз он шаҳодат медиҳанд, ки халқи тоҷик дар давоми асрҳо барои озодӣ ва истиқлолият ва ҳифзи хоки муқаддаси ниёгон – ватани хеш мубориза бурдааст. Зеро ватан барои халқи тоҷик дар ҳама давру замон аз ҳама муқаддастар ва волотар аст.

Таъкид бояд кард, ки яке аз унсурҳои асосии ҳифзу ҳимояи ватан ин артиши пуриқтидор мебошад. Тамоми кишварҳои дунё асосан тавассути артиши пешрафтаву муқтадир метавонанд худро аз хатарҳои замон эмин нигоҳ доранд. Хушбахтона имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби артиши такмлиёфта ва соҳибқудратест, ки халқу миллат бо такя ба он ҳаёти осуда ба сар мебаранд.

Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои қаблӣ дар кадом ҳолат буд ба ҳама маълум аст ва имрӯз ифтихор аз он менамоем, ки дар қиёс ба он рӯзҳо Артиши миллӣ мавқеъи баланд дорад.

Бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ, ба артиши муқтадир ва муҷаҳҳаз табдил ёфт, ки яке аз артишҳои пешрафта маҳсуб меёбад.

Мавриди зикр аст, ки дар оғози фаъолият Артиши миллӣ ягон имконияти техникӣ надошт, аммо имрӯз дорои тамоми таҷҳизоти техникӣ буда, барои афсарону сарбозон тамоми шароит муҳайё гаштааст.

Солҳое буд, ки аксари ҷавонон майли хизмат ба ватанро надоштанд, имрӯз бошад бо ихтиёри худ барои адои хизмати ҳарбӣ камар мебанданд, чунки хизмати Ватан-Модар ин шараф аст ва падарону модарон ба таъмини ҳамаҷонибаи фарзандаш дар хизмат ва амнияти ӯ боварӣ доранд. Ҳамаи ин хизматҳои Пешвои миллат баҳри сулҳу суботи кишвар аст.

Воқеан, ватан макони муқаддасест, ки бо он ифтихор мебояд. Тамоми таълимоти диниву дунявии ҷаҳон мафҳуми ватанро дар мадди аввал мегузорад. Меҳри ватанро гузаштагони мо беҳуда бо меҳри модар дар як радда нагузоштаанд. Агар модар инсонро ба вуҷуд оварад ва тарбия карда, ба муҳит ва оила пайвандад пас, ватан рӯҳия ва камолоти инсониро парвариш дода, дигар арзишҳои волои инсониро ба онҳо зам мекунад.

Хизмат дар саффи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин, риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб меёбад.

Аслан ниёгони мо меҳри ватанро ба меҳри модар баробар медонанд ва ҳифзи онро воҷиб мешуморанд. Чунончи Абулқосим Фирдавсӣ мефармояд:

 

Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,

Зану кӯдаки хурду пайванди хеш,

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

 

Дар роҳи некбахтӣ ва корҳои нек ҳамкорӣ кардан маънои барои тинҷиву амонӣ ва сулҳу субот, дастгирии ҳамдигар, муттаҳид будани мардумро дар назар дорад.

Ҳар як инсон, хусусан ҷавонон барои дӯст доштани ватани азиз бояд корҳои неку аъмоли барои ҷомеа манфиатбахшро анҷом бидиҳанд. Фаромӯш набояд кард, ки шаҳрванд дар назди ватан  масъулияти бузурге дорад. Ин аст, ки яке аз ҳикматҳои ибратомӯзи дини ислом ба ҳамин равона шудааст: «Дӯст доштани ватан аз гӯшаи имон аст».

Инсони некбахт нафақат ватанашро дӯст медорад, балки барои ободонӣ ва аз фитнаҳо нигоҳ доштани он саъю талош ба харҷ медиҳад ва бо душманони он муборизаи беамон мебарад.

Паёмбари Худо (с) мефармоянд: «Ду чашмест, ки ҳаргиз дар оташи дузах намесӯзад, яке аз тарси Худо гиря мекунад, дигаре барои муҳофизати марзу бум мижа таҳ намекунад». Ба ҳамин мазмуну маънӣ бузургон гуфтаанд: «Вафодории инсон дар дӯст доштани ватан, мардум ва хидмат барои онҳо зоҳир мешавад».

Гуфтан лозим меояд, ки ватандӯсти асил зодгоҳ ва ватанашро яксон дӯст медорад. Онҳоро аз ҳам ҷудо намекунад. Ҳар қадар мо зодгоҳамонро дӯст дорем, ҳамон қадар ватани бузургамон – Тоҷикистонро бояд дӯст дорем. Имрӯз дар масъалаи ватандӯстӣ ба он хотир сухан мекунем, ки мо бояд ба қадри ватан, ба қадри сулҳу субот, оромиву амнияти кишвар бирасем.

Ҳар кас вазифадор аст, ватани худро ҳимоя кунад, чи дар сарҳад, чи дар хона, чи дар деҳа. Вазифаи аввалини ҳар яки мо ҳимояи ватан тариқи фаҳмондадиҳӣ, огоҳонидани мардум аз макру ҳиллаи душманон, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи баланди ватанпарварист. 

Уламо мегӯянд, ки як шаб дар ҳимояи ватан будан беҳтар аз тамоми некиҳост ва манзалати ҳомии ватан мисли фариштагони нигаҳбон аст. Дар ҳадисе дигар омадааст: Фариштагон се овозро оҷилан ба осмон мерасонанд:

  1. Овози қалами нависанда (агар хайр нависанд ва агар шар нависанд, Худо аз онҳо безор аст);
  2. Овози чархресии занон (яъне, фазилати меҳнати ҳалол);
  3. Овози қадами марзбон (чун дар гармову сармо ватани худро аз душманон ҳизф мекунанд).

Ҳомиёни Ватан шабҳо бедорӣ мекашанд, то дигарон дар амонӣ бихуспанд, ҷони худро дар хатар мемонанд, то мардум осудаҳол бошанд.

 

33-юмин солгарди Артиши миллӣ муборак бошад!

Шамсуддин АБДУЛЛОЕВ,

 мудири шуъбаи фарҳанг

ва санъатшиносӣ

барчасп: