«Ҷавонони мо дар рушди ҳама соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ саҳми арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии мамлакат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама давру замон чун сипари боэътимод ба ҳисоб рафта, кафили тинҷиву осоиштагии ҷомеа мебошанд. Маҳз мавҷудияти Артиши миллӣ ба ҳар як шаҳрванд эҳсоси осоиштагӣ ва хотирҷамъиро дода, имкон медиҳад, ки инсон дар ватани худ озодона фаъолият намояд. Пойдории Артиши миллӣ, пойдории давлат ва миллат ба ҳисоб меравад, зеро Артиши миллӣ нишони ҳастии давлат буда, саҳми он дар таъмини амнияту осоиштагӣ бузург аст.
Дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо, ҳифзи марзу буми Ватан яке аз масъалаҳои калидии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Имрӯз барои таъмини бехатарии кишварҳои ҷаҳон, созмонҳои гуногуни минтақавию ҷаҳонӣ ба монанди СММ, СААД, СҲШ ва дигар созмонҳои ҳарбӣ, фаъолият доранд, ки дар доираи онҳо кишварҳои ҷаҳон, гирди ҳам омада, дар асоси созишномаҳои ҳамкорӣ, машқҳои муштараки ҳарбӣ гузаронида, муҳимтарин масъалаҳои амниятии минтақа ва ҷаҳонро баррасӣ менамоянд. Маҳз ҳамкорӣ дар доираи чунин созмонҳои бонуфузи ҳарбӣ, дӯстиву шарикии давлатҳои аъзоро боз ҳам мустаҳкам намуда, масъалаи амнияту осоиштагии онҳоро устувор нигоҳ медорад.
Имрӯз дар баробари ҳамкориҳои густурда бо созмонҳои ҳарбии минтақа ва ҷаҳон, ҳар як давлат дорои Артиши миллӣ мебошад, ки дар ҳифзи марзу буми он саҳмгузор аст. Хушбахтии миллати сарбаланди тоҷик, дар он ифода меёбад, ки зиёда 30 сол инҷониб, хати сарҳади онро фарзандони баору номус ва далеру шуҷоъи Ватан ҳимоя менамоянд. Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зодаи даврони Истиқлолият буда, бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъсис дода шудааст. Ҳарчанд Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият корро аз сифр оғоз карда, марҳила ба марҳила ташаккул ва имрӯз ин ниҳоди муҳими ҷомеа ба як сипари боэътимоди давлат табдил ёфта, посбони марзу буми давлат ба ҳисоб меравад.
Маҳз корнамоиҳои фарзандони баору номус, собиқадорони соҳаи ҳарбӣ, афсарону сарбозони далеру шуҷоъи Ватан, дар ҳифзи марзу буми меҳан боис гардида аст, ки эътимоди ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ин қишри ҷомеа боз ҳам бештар гардида аст. Аз ҷониби дигар натиҷаи фаъолияти шабонарузиву самарабахши сарҳадбонон ва дигар қисмҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пойтахти он, шаҳри Душанбе яке аз маконҳои бехатар ва амнтарин барои сайёҳони ҷаҳон эътироф гардида аст.
Мувофиқи иттилои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ шабакаҳои хабарии ҷаҳонӣ, Тоҷикистон, бо симои кишвари амну осоишта дар замони соҳибистиқлолӣ дар минтақа беҳтарин ва бештарин имкониятро барои рушди сайёҳӣ соҳиб гардид ва мавқеи намоёнро касб намуда истодааст. Аз ҷумла, Ассотсиатсияи саёҳати кишварҳои ҳавзаи Уқёнуси Ором (PATWA), ки яке аз ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ дар соҳаи сайёҳӣ эътироф шудааст, моҳи марти соли 2020 Ҷумҳурии Тоҷикистонро кишвари устувор ва осебнопазир барои саёҳат эълон намуд. Нашрияи “Зе Индепендент” (“The Independent”) пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанберо ба ҳайси даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона эътироф намуд. Тоҷикистон дар раддабандии Ташкилоти байналмилалии «British Backpacker Society» аз рӯи имконияти саёҳати саргузаштӣ ва пиёдагардӣ ба даҳгонаи аввали кишварҳои беҳтарини ҷаҳон шомил шуда, мавқеи 7-умро ишғол намуд. Ҳамчунин Департаменти давлатии ИМА оид ба масъалаҳои сайёҳӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз мамлакатҳои барои саёҳат амну бехатар арзёбӣ карда, барои сафар ба шаҳрвандонаш тавсия дод.
Эътирофи ҷомеаи ҷаҳон аз амнияту суботи Тоҷикистон ва тавсияи он ҳамчун мамлакати амну осоиш барои сайёҳони ҷаҳон, аз он далолат мекунад, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини бехатарии марзу буми он устувор буда, кафили ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Бесабаб нест, ки Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштаанд: “Мо имрӯз ифтихор дорем, ки Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сохтори муташаккилу неруманд, муназзаму муҷаҳҳаз ва ба яке аз рукнҳои муҳимми давлатдории навини тоҷикон мубаддал гардидааст”.
Баҳромзода Манижа,
н.и.ф., ходими калони илмии
шуъбаи ВАО ва табъу нашр.

