Дар аввалин мулоқот бо ӯ, ки назди даромадгоҳи манзилаш иттифоқ уфтод, бӯи сӣ соли пеш ба машомам зад. Гумон намекунам, ки баъди рафтан аз кори радио ва телевизион ман ӯро рӯ ба рӯ дида бошам. Аммо он замон ҳар субҳу шом ва ҳатто баъзан нисфирӯзиҳо медидам. Ва на танҳо медидам, балки салом ҳам мекардам. Аммо ин бор ӯ маро нашинохт ва ман ҳам исрор накардам, ки мо қаблан шинос будем.
Чун ба ёд овардам, ки он замон ҳар рӯзӯ бо даҳҳо нафаре мисли ман салом мекард ва хотираи ӯ наметавонист ҳамаро дар ёд дошта бошад. Вақте ба мулоқоташ мешитофтам, меандешидам, ки бо зеботарин зани солҳои 60, 70 ва 80 асри гузашта дидор хоҳам кард. Ва чунӯро аз дур дидам, зуд шинохтам. Ба назарам чунин расид, ки ӯ ҳамоне буд, ки он солҳо ҳар субҳу шом медидам, магар, ин ки каме солмандтар шудааст. Аммо бе ороиш таровати рӯяш гӯё ҳамоне буд, ки буд. Ҳарчанд медидам, ки ожангҳо тадриҷан аз гузашти чанд даҳсола аз умраш хабар медиҳанд.
Ва нуктаи дигар: ҳини суҳбат чанд бор ду мисраву се мисраъ тарона ҳам хонд. Ба садояш зеҳн мондам ва чун ба хона баргаштам сабти овозашро гӯш кардам: ин ҳамон Нуқра Раҳматова буд. Садо ҳамон садо, лаҳни шево ва ҷаззоби хониш. Ба маънии дигар овозхони дӯстдоштае, ки тӯли қариб ним аср як бахши азими кишвар ва хориҷ аз онро шефтаву бастаи садои марғуби худ карда буд, агар ҳоло ҳам рӯи саҳна ояд, шевову хуш тарона хоҳад суруд.
Ин бардошти аввалини ман буд. Ва баъди як ҳолпурсии муқаддимавӣсуҳбати мо ҳам оғоз шуд. Аз он пурсидам, ки чаро аз саҳна рафт ва ҳоло чӣмекунад. Ва посух шунидам:
"Ин аср насли худро дорад, ки саҳна аз ӯст..."
Ҳунарманди маъруф мегӯяд, санъаткор замоне бояд тарки саҳна кунад, ки метавонад. "Акнун дигарон ба саҳна омаданду бояд оянд. Насли мо хизмати худро адо кард ва ин аср насли худро дорад, ки саҳна аз ӯст".
Дар мавриди шуғли имрӯзаааш гуфт, ки ҳоло ҳам дар хизмати халқ аст. "Шукр, ки ҳоло ҳам дар барномаҳои гуногуни шабакаҳои телевизионӣдаъват мешавам, дар чорабиниҳои муҳими давлатӣ, барномаҳои идона суроғ мекунанд ва ройгон хизмат мекунам. Аз сӯи дигар масъулиятҳое дар маҳалла дорем барои ободонӣ, ҳалли баъзе мушкилот дар ҷойи истиқомат. Умуман иртибот бо ҷомеа, бо мардум. Чун кишвар обод мешавад ва мо ҳам бояд обод бошем ва агар ҳар кас дар маҳалли истиқомати худ ободӣ кунад, ин кӯмак мешавад ба давлату ҳукумати шаҳру мамлакат. Умуман ҳоло, ки бознишаста ҳастем ва аз гуруҳҳои ҳунариву консертҳо дурем, саҳми худро дар тарбияи насли наврас мегузаронем. Бо падарону модарон доим дар иртибот ҳастем, ки ягон мушкил эҷод нашавад. Ва аз ҷониби дигар чун мебинем, ки ҳоло ҳам ба ҳарфи мо гӯш медиҳанд ва эҳтиром мекунанд, аз ин истифода кунем ва ба раванди тарбияи наслҳо саҳм дошта бошем".
Нуқра Раҳматова 1-уми марти соли 1944 дар деҳаи Споҷи ноҳияи Бартанг (ҳоло Рӯшон) дар хонаводаи ҳуқуқшинос, корманди прокуратура ба дунё омадааст, аммо пайи касби падар нарафт, чуноне фарзандони худаш ҳам дунболи касби ӯ нашуданд. Мегӯяд, падари марҳумаш ҳам овози хуби сарояндагӣ дошт, мусиқиро нағз мефаҳмид ва гоҳо баъди бозгашт аз кор, дар хона сурудхонӣ ҳам мекард. Ин буд, ки монеъи интихоб касб барои духтараш нашуд. Дар ҳоле ки модараш мегуфт духтар бояд дӯзандагиву пазандагиро омӯзад, падараш бо дуои нек роҳашро ба сӯи санъат боз кард.
Аз замоне, ки дар мактаби миёна таҳсил мекард, узви кружоки ҳунарии Ғуломҳайдар Ғуломалиев буд. Он замон ҳар сол озмунҳо баргузор мешуданд ва аз миёни беҳтаринҳо интихоб мекарданд. Ва дар 14-солагӣдар ҳайати ансамбли "Помир" ба Маскав рафт, соле баъд ӯро чун солисти ансамбл ба кор қабул карданд. Солҳои 1962-1967 дар шуъбаи вокалии омӯзишгоҳи мусиқии пойтахт таҳсил кард ва Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, профессор Аҳмад Бобоқуловро устоди аввалини худ медонад. Вай ҳамеша таъкид мекард, ки бояд ҳатман маълумоти олии мусиқӣ дошта бошад. Вале мегӯяд он замон ба дарки суханони устод Бобоқулов намерасид.
Баъди хатми омӯзишгоҳи мусиқӣ ба Театри опера ва балетаи ба номи Садриддин Айнӣ ба кор фиристоданд, вале вай нахост он ҷо кор кунад ва ба ҳайати ансамбли мақомхонони Кумитаи давлатии телевизион ва радио ба кор омад. Соли 1962 аввалин сафари ҳунарии ӯ ба хориҷи кишваар, ба Афғонистон доир шуд, ки мегӯяд ҷавонтарин ҳунарманд дар ин ҳайат буд.
Тарона хеле корхӯрдаву пӯхта шуда бошад, ки ба мардум расад
-Бо онҳое, ки ҳамкорӣ доштед, ҳоло ҳам иртибот доред?
-Албатта, чӣ гуна метавон дар иртибот набошем. Бо Маҳбуба Боҳирова, апаи Улфатмо Мамаданбарова, Майсара Дилдорова, Тӯхта Иброҳимова, Мастона Эргашева ҳоло ҳам қариб ҳамеша дар тамосем. Ва мо аз рӯзгори гузашта зиёд қиссаҳо дорем, ки дар ҳар мулоқот аз он ёд мекунему гоҳ шод мешавем ва гоҳ ғамгин. Аслан дар рӯзгори ҳунарманд рӯйдодҳои фараҳбахш хеле зиёданд ва ёди онҳо маро ба ҳаёт дилгармтар мекунад. Бахусус, дар ҳар иду маъракаҳо бо ҳам дидор мебинем, аз ҳоли ҳамдигар воқиф мешавем.
Ман ҳоло намедонам ҷавонони имрӯза, касоне, ки баъди мо рӯи саҳна омаданд, чӣ иртиботу чӣ алоқа бо ҳам доранд, вале дар мо бухлу кина, адовату бадбинӣ, рашку ҳасад набуд. Он қадар аз комёбии якдигар шод мешудем, ки мисли он ки он комёбии худи мо бошад. Ва ҳамон хислатро имрӯз ҳам дорем, бо ҳамон муҳаббати саршор ёди якдигар мекунем. Ва ман имрӯз баъзан ба ёд меорам, ки чӣ даврони аҷиберо пушти сар гузоштем. Дар саҳна солҳои сол бо Нигинаи марҳуму Мастонаву Улфатмоҳ ва дигарон бо ҳам будем ва кинаварзиро намедонистем. Шояд аз он ки замона дигар буд ва меъёрҳои зиндагонии мо дигар буданд.
Ҳама соҳиби мухлисону ҳаводорони худ будем. Касбият дар мадди аввал буд, хеле кам мо ба воситабозиҳо рӯ ба рӯ меомадем. Аз ин рӯ ҳатто тасаввур ҳам карда наметавонистем, ки ин ё он ҳунармандро мардум эътироф накарда, барояш унвон диҳанд. Ин гуна набуд. Ва имрӯз ҳам бояд он меъёрҳо дар амал бошанд. Набояд ба ҳар кас иҷоза дод, ки хому нопӯхта ба саҳна барояд. Тарона бояд хеле корхӯрда бошад, ки ба мардум расонда шавад. Яъне, ба мардум ҳунари асил бояд пешкаш шавад, таронаи дилписанд, пурмазмун бояд расад, зеро ҳадафи санъат тарбияи эстетикии мардум аст.
"Мусиқии суннатии тоҷикӣ бойтарин мусикӣ аст..."
Аз ӯ дар бораи шогирдонаш пурсидам. Ва гумон кардам ҳоло оғоз мекунад ба шумурдани чеҳраҳои маъруфшуда дар миёни насли ҷавон ва миёнасоли санъат. Вале ғайриинтизори ман вай аз касе чун шогирдаш ном набурд. Ба назар мерасид хоксорона истиҳола мекард, ки нафареро шогирди худ ном барад. Ва ё шояд аз он буд, ки умре месуруд ва умре даъвои бузургӣнадошт. Ва гуфт:
-Ҷавоби ин савол то андозае мушкил аст. Чунки касеро шогирд бояд эълон кунӣ, ки дар рушди маънавиву ҳунари ӯ саҳм дошта бошӣ ва ӯ низ туро чун устод эътироф кунад. Масалан, вақте ман дар мактаби миёна мехондам, сурудҳои Шоиста Муллоҷонова ва Муслима Боқиева мешунидам, мегуфтам мисли Муслима Боқиева сароянда шавам. Гарчанде вай устоди ман набуд, чун он замон мо хеле дур ба масофа будем. Вале ҳамон замон ҳам бо сабку услуби ӯ таронахонӣ мекардам, орзу доштам мисли ӯ бошам.
Нуқра Раҳматова чун дар гузашта тақлидро намеписандад. Ба олами санъат бо сабки хоси худ ворид шуд, ҳарчанд мегуфт дар оғоз ба ситораҳои санъати вақт Муслима Боқиева ва Шоиста Муллоҷонова тақлид мекард. Аммо баъд шояд зери таъсири устодоне чун Аҳмад Бобоқулов вай аз шеваи тақлид даст кашид. Ба қавле бо боли худ париданро омӯхт. Аз ин рӯ мегӯяд: "Ман доим ба ин назар будам ва ҳоло ҳам ҳастам, ки ашъори классикони худро бо шеваи тоҷикӣ хонем. Ман доим мегӯям, ки мусиқии суннатии тоҷикӣ бойтарин мусикӣ аст, савту навои мо хоси худамон аст ва мо бояд кӯшем, ки онро ривоҷ диҳем. Чаро мо шеърҳои ноби классикони адабиётамонро бе шеваи туркиву ҳиндиву эрониву афғонӣ бояд бихонем? Агар тақлид вусъат гирад, мо мусиқии худро аз даст медиҳем".
Нуқра Раҳматова вақте дар бораи сабку услуби хоси тоҷикӣ ҳарф мезанад, ҳисс мекардам вай зидди он нест, ки сарояндагони мо таронаҳои марғуби эрониву афғониро насароянд, балки мегӯяд копихониву тақлид ҳунармандро кунд мекунад. Аз сӯи дигар вазифаи ҳунарманд аст, ки санъати асили халқашро бо шеваи худ ба мардуми олам расонад. Ва мисоле аз нахустин сафари ҳунариаш дар ҳайати гуруҳе муташаккил аз шинохтатарин чеҳраҳои санъат, аз қабили Туҳфа Фозилова, Абдулло Назриев ва дигарон ба Кобул ёд меорад.
"Чун суруди Акашариф Ҷӯраев "Ҷононаи нимрӯзӣ, шиштаӣ чӣ медӯзӣ"-ро сароидем, он зуд машҳур шуд ва баъдан таронаи "Субҳи Кобул" ("Мушки суда мерезад, шаб ба домани Кобул...") ба вуҷуд омад, ки матни онро шоири шинохтаи Афғонистон Зиё Қоризода эҷод карда буд ва онро шодравон Сорбон бо ҳамин оҳанги марғуби "Ҷононаи нимрӯзӣ" месароид. Яъне, он замон тоҷикон тавониста буданд, ба оҳангҳои афғонӣ таъсир расонанд ва ин гуна мисолҳо зиёданд. Аммо имрӯз мутаассифона, баръакс аст. Мо бештар аз онҳо мегирем ва ҳатто шеърҳои шоирони тоҷикро зери навои сарояндагони афғон мехонем".
-Бадтар аз ҳама тақлид аст. Тақлид ҳич вақт санъатро рушд намедиҳад. Он ки ҳофизони мо ба истилоҳ бо тақлид ба оҳангҳои эрониву афғонӣ суруд мехонанд, аз доираи худашон берун намераванд. Зеро он оҳанг бо ҳамон матни сурудаш миёни эрониён ва афғонҳо маъруф аст ва он чӣ сарояндаи мо мехонад, барои онҳо қабул намешавад.
Ҳунар, оила, фарзанд
Дар суҳбат ногумон ман хислатҳои хоксориву дур аз таърифу тавсиф ё худситоиро, ки мутаассифона аксариятро сироят кардаасту бо як ё ду тарона ҳатто худро ситора меноманд, дар Нуқра Раҳматова кашф кардам. Бонуе, ки ним аср дар саҳна буд, нагуфт, ки ҳунарро қурбони ҳама чиз кардааст. Балки гуфт замоне, ки мушкили оила пеш омад, худро аз саҳна дур гирифт, ки аввал бо хонавода бошад. Ва чун он мушкил рафъ мегардид, боз мерафт рӯи саҳна.
-Ростӣ баъзан мешунавам, ки ин ё он ҳунарманд мегӯяд касбашро дӯст медорад ва онро аз оила ҳам болотар мегузорад. Ва инро ба ҳаёти худам муқоиса мекунам, мебинам, ки дар ман баръакс буд. Мо вақте оила барпо кардему фарзанди аввалинамон ба дунё омад, ман вазифаи худ донистам, ки аввал ӯро ба воя расонам. Яъне, модар то ширхории тифлаш бояд бо ӯбошад. Алабатта, он замон худораҳматии хушдоманам омода буданд, ки фарзанди маро нигоҳубин кунанд, вале ман инро намехостам. Он гуна будан хостам, ки ҳарчанд касбамро мисли дигарон дӯст медорам, вале оила ва тарбияи кӯдак дар мадди аввал бошад.
Орзуе, ки Барно Исҳоқова бо худ бурд
Барнову Меҳриву Шоиста, онҳое, ки замони бачагӣ ба оҳангашон ва сабку услубашон тақлид мекард ва ё ҳаддиақал мехост, ки мисли онҳо машҳур ва маъруф шавад, дар охири солҳои 80 асри гузашта Тоҷикистонро тарк карданд. Мегӯяд бо Барно Исҳоқова шарафи ҳамкорӣ насиб шуда буд ва хеле аз ин нобиғаи шашмақом омӯхт. "Вале мутаассифона, баъдан, вақте аз Шӯравии собиқ раванди рафтани яҳудиён ба Амрикову Исроил оғоз шуд, он кас ҳам рафтанд".
-Пешакӣ маълум буд, ки мераванд? Овоза буд?
-Не, набуд овоза. Албатта, якбора не. Батадриҷ. То замоне, ки ҳуҷҷат тайёр мешуд, чӣ қадар вақт мегузашт. Аммо хабар дорам, ки аввал ду духтаронашон рафтанд, баъд худашон. Он солҳо бисёриҳо рафтанд. Меҳри Исҳоқбоева, Борис Наматиев бо писари пурҳунараш, Шоиста Муллоҷонова, Аъло Аълоев...ҳамаи инҳо ҳунармандони хеле хуби мо буданд. Яке ба Амрико рафту яке ба Канадаву дигаре ба Исроил. Онҳое, ки рафта буданд, меомаданду мерафтанд. Масалан, Аъло Аълоев меомад, Борис Наматиев меомад. Мегуфтанд мо дар Амрико ва Исроил ансамбли тоҷикӣ ташкил кардаем ва сурудҳои тоҷикиро бо оҳангҳои марғуб мехонем. Ва чун дар бораи ватан мехонем, Тоҷикистонро дар назар дорем. Бисёр инсонҳои самимиву меҳрубонанд. Ҳар боре меоянд, мегӯянд, ки ин хоки мо, ин Ватани мо аст ва мо ин кишварро барои худ бегона намедонем.
Меҳрӣ Исҳоқбоева ва Барно-апа дар маҳаллаи бозори Шоҳмансур як ҳавлии хеле калону хушрӯ доштанд. Ёд дорам. Вақти рафтанашон хеле дӯстони аз аҳли ҳунар то фурудгоҳ гусел карданд. Инашро ҳам ёд дорам.
Аксарияташон омадурафт доштанд. Шумо ёд доред, ки Малика Қаландарова ду бор омад ва ҳатто як бор ҳунарнамоӣ ҳам кард. Барно Исҳоқова наомаданд, вале орзу доштанд. Гуфтаанд, ки мехоҳанд як бор Душанбе рафта, як консерти хеле калон, дар ягон зали бузург ташкил карда, таронаҳои тозаи худро сароянд. Вале умр вафо накард ва ин орзуро бо худ бурданд. Шоиста-апа ду маротиба омада рафтанд.
Ёди ҷонсӯзи Нигина Рауф
Дар суҳбати Нуқра Раҳматова нишастану аз ӯ дар бораи Нигина Рауфова напурсидан имкон надошт. Бахусус, дар бораи охирин рӯзҳои ҳаёти марҳум, ки рафтанаш чун омаданаш ногаҳониву ғайримунтазира буд. Ва аз моҳи сентябри ҳамон сол ёд кард, ки ҳамроҳ дар ҳайати як гуруҳ аз Кумитаи занон ба Роғун рафта буданд. "Дар суҳбатҳо бо сокинон гумон мекардам Нигина як файласуфи донишманд бошад. Вай бо фаҳму идроки мардум хеле назик гап мезад. Бо шеъру мақолу зарбулмасал. Ман мегуфтам, дугона ту дар ҳақиқат сухандонӣ, бахусус бо забони маҳаллии мардум ба дарку фаҳмашон наздик гап мезанӣ".
- Агар хато накунам, 21-уми декабр буд, ки дар телевизион сабти суруд дошт ва саҳарии рӯзи 22 декабр Қурбон Абдулло телефон кард, ки Нигина-апа даргузашт. Мисли он буд, ки оби хунук дар ҳамин як саҳарии сарди зимистон аз сарам чаппа шуд. Бовар намекардам. Чӣ хел? Охир мо ҳамагӣчанде пештарак бо ҳам будем, вай дарду ранҷ надошт, ин қадар бо хурсандиву бо табъи хуш бо мардум сухан мегуфт. Дирӯз хабар шудам, ки таронаи навашро сабт кард. Аммо Қурбон мегуфт, не ин рост аст.
То ҳол ёдам меояд ҳолати аҷиб маро фаро мегирад. Чӣ хел ман аз хона баромадам ва чӣ хел то манзилаш рафтам, худам намедонам. Бо ҳазор фикру андеша, бо сад хиёл...бовар мекунед?
Баъд духтараш гуфт, ки саҳарӣ фарёдам кард, ки биё ман ба чӣ ҳолате гирифтор шудаам. Дилам меларзад. Ва ман мисли ҳамешагӣ барояш меъёри муайян карвалол додаму хобондам. Мисле буд, ки аз ҳуш бирафт, баъдан ба ҳуш омад ва гуфт, ки пуштам сӯхт. Дидам, ки намешавад, зуд ёрии таъҷилӣ фарёд кардам. Омаданд, диданд, ки аллакай аз олам рафта буд...
-Аз ягон дард шикоят дошт?
-Не, вай одате дошт, ки ҳич гоҳ намекуфт касал аст. Ҳамеша худро бардаму боқувват мегирифт. Охирин фарзандашро ҳамон тобистон тӯй карда буданд. Ва дар ҳамон рӯзҳои тӯй бори аввал гуфта буд, ки ҳамин дастам кам-кам дард мекунад. Ман ҳам чандон ба ин эътибор надодам, гуфтам шояд ҷое лат хӯрдаасту ёд надорад, вагарна даст чӣ хел худ аз худ дард мекардаст?
Суруди аввал, суруди охир
-Аввалин сурудамро ёд надорам кадом буд. Вале як нуктаро мегӯям. Замони таҳсил дар мактаби миёна ман ҳам чун дигарон таронаҳои он замон маъмули бачагонаро бо завқ мехондам... Таронаҳое, ки замони тифлии мо буданду ҳоло қариб, ки аз байн рафтаанд. Мисли: "Алифбоҷон, алифбо", "Алифбоҷон ба дастам...", "Олуча гули бодом..". Медонед, инҳо хеле хуб суруда мешуданд ва барои бачаҳои тамоми маҳалҳои Тоҷикистон яксон фаҳмо буданд. Аммо ҳоло нестанд ба назарам ин гуна таронаҳо. Бачаҳои ин аср бо таронаҳои худ шояд омаданду меоянд, ки мо намедонем. Вале мо инҳоро месурудем.
Вақте дар омӯзишгоҳ мехондем, зиёд месароидем. Таронаҳои гуногун. Дар аввал чун ҳама сурудҳои маълуму машҳурро месароидем ва баътар иқдом ба суруди худ кардем. Ин замоне буд, ки ман аллакай тасмим гирифта будам бо ҳамин роҳ меравам. Ва чун инсон роҳеро барои худ интихоб мекунад, кӯшиш ба харҷ медиҳадҷиддитар бошад. Ва ман ҳам аз пайи оҳангу суруди худ шудам. Ёдам нест кадом сурудро бори аввал чун моли худ сабт кардам, вале медонам, ки аслан саҳнаи ман аз таронаи "Наргис" оғоз шуд. "Оҳ ин чӣ бало Наргис, Шӯри дили мо Наргис".
Ваинсурудзудтарбадилимардумроҳёфтвароҳимароҳамбасӯисаҳнабозкард.Ба гумонам онро бори аввал соли 1968 ё 1969 сабт карда будам. Ин суруд оҳанги Хайрулло Абдуллоев буд. Баъдан Гулбек Саодатов, Амон Ҳамдамов, Қудратулло Яҳёев, Муборакшо Ҷумъаев ва бисёр бигар бастакорону оҳангнависон бароям оҳангҳои тоза эҷод мекарданд. Яъне, авҷи шуҳратро худам аз ҳамин суруди "Наргис" медонам.
Ва баъдан таронаҳои зиёд буданд. Мисли таронаи "Шукрона" (Шукри обат, шукри хокат...) шеъри Ҳадиса Қурбонова ва оҳанги Қудратулло Яҳёев буд. Он замон дар ҳар мавзуъ мехондем. Пахтаву пахтачину деҳқону коргар. Мавзуъи таронаҳо ҳаминҳо буданд. Албатта, ишқу зиндагӣ низ мақом дошт, вале гумон мекунам бештар мавзуъҳои таблиғӣ пазируфташуда буданд, сурудҳоеро мехондем, ки аҳаммияти тарбиявӣ дошта бошанд.
Охирин сурудам "Орзуи мушкил" бар шеъри Муҳаммад Ғоиб ва оҳанги Саидқул Билолов буд. Дигар сурудҳо ҳам ҳастанд, ки охирин бор сурудаам, вале таронае, ки охирин маротиба дар радио сабт кардам, ҳамин буд.
Мо пештар кӯшиш мекардем дар интихоби оҳангу шеър хеле ҷиддӣ бошем. Талабот ҳам ҳамин буд. Оҳангро аз бастакорони варзида мегирифтем, шеърро ҳам аз шоирони маъруф интихоб мекардем. Баъзан шеъри муносиб намеёфтем аз устодони бузурги назм, ҳатто аз устод Лоиқу дигарон мехостем, ки ба ҳамин оҳанг шеър нависанд. Он мардони бузург ин корро мекарданд, дар натича суруди ба завқи мардум муносиб ва аз нигоҳи бадеияту шеърият баланд рӯи кор меомад. Ҳозир мебинам, ки ин тавр нест.
Ҳамкории ҳофизону шоирон хеле кам аст. Худашон шеър менависанд, худашон оҳанг месозанд ва худашон мехонанд. Даҳҳо таронаҳои каммазмунро метавон ном бурд, ки бо ҳамин усул эҷод шудаанд. Ба гуфтаи мардум: "шеъри худам, оҳанги худам, сароянда худам". Ин аз завқи паси сарояндаву нависандаву ҳатто шунаванда дарак медиҳад. Агар шунавандаи имрӯз ин гуна сурудҳоро қабул дошта бошад, пас завқи шунидани тарона ҳам хеле паст рафтааст, ки ин ба ояндаи рушди санъати асил таъсири бағоят манфӣ мерасонад.
Ба ҷойи охирсухан
Замона дигар шуд, шеваҳои таронасароӣ низ дигар шуданд. Дар телевизион, ки минбари аслии таблиғи сарояндагон аст ва воситаи муҳими иртиботи ҳофиз бо мухлисону ҳаводоронаш мебошад, клип нақши умда дорад. Ва клипҳоро метавон бо ҳазинаи бузурге омода кард, таронаҳои нав бояд сармоягузории хеле азим дошта бошанд, ки ба бинанда расанд. Шояд ин аст, ки Нуқра Раҳматова қатори дигар ҳамгинонаш пайи сабти клип ҳам нашудааст. Ва аз он изҳори хушӣ мекунад, ки таронаҳояш ҳамоно бидуни мамониат аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ пахш мешаванд.
Вай мисли дигарон сурудҳояшро дар як ё ду албом ҳам гирдоварӣнакардааст ва дақиқ ҳам намедонад чӣ миқдор таронаҳояш сабт шудаву дар бойгонии радио ва телевизион маҳфузанд. Мегӯяд шояд беш аз 200 таронаи хуб дошта бошад, ки танҳову дуету гуруҳӣ сароидааст.
Сармояи умри Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, дорандаи ордени "Дӯстӣ" ва даҳҳо медалу ифтихорномаҳои ватаниву хориҷӣ Нуқра Раҳматова ҳамин ду духтару як писараш бо 9 набераву 4 абера аст, ки акнун бо онҳо ва дар ҳалқаи онҳо давлати пирӣ меронад.
Бобоҷони Шафеъ