Фалак яке аз қадимтарин шаклҳои мусиқии суннатии мардуми тоҷик буда, дар худ таърихи зиндагӣ, эҳсосоти инсонӣ, орзуву омол, дарду ҳасрат ва ҷаҳонбинии мардумро таҷассум мекунад. Ин навъи мусиқии мардумӣ аз умқи асрҳо сарчашма гирифта, ҳамчун садои қалби инсон ва бозтоби руҳияи халқ аз насл ба насл интиқол ёфтааст. Дар оҳанги фалак садои кӯҳсор, паҳнои водиҳо, сӯзи ҷудоӣ, армони дидор, муҳаббат ба Ватан ва умед ба фардои нек ба ҳам омезиш меёбанд. Аз ҳамин ҷост, ки фалакро метавон на танҳо падидаи мусиқӣ, балки як бахши муҳими ҳофизаи таърихӣ ва маънавии миллати тоҷик донист.
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба ҳифз, омӯзиш ва тарғиби фалак ҳамчун ҷузъи мероси фарҳангии миллӣ аҳаммияти бештар касб намуд. Рӯзи фалак ба гиромидошти ин санъати мардумӣ, арҷгузорӣ ба ҳунармандони он ва ҷалби насли ҷавон ба омӯзиши суннатҳои мусиқии миллӣ мусоидат мекунад. Имрӯз омӯзиши илмии таърих, вижагиҳои оҳангӣ, хусусиятҳои матни шеърӣ ва анъанаҳои иҷроии фалак барои ҳифзи асолати он ва муаррифии шоистаи фарҳанги тоҷик муҳим мебошад.
Бо мақсади гиромидошти ин мероси пурғановати мусиқӣ ва баррасии ҷанбаҳои таърихию ҳунарии он дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 9-уми октябр бахшида ба Рӯзи фалак мизи мудаввар таҳти унвони «Фалак – оҳанги ҷовидонаи миллати тоҷик» баргузор гардид.
Чорабиниро директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, номзади илмҳои таърих Сафарзода Некрӯз Шодӣ ифтитоҳ намуда, доир ба аҳаммияти фалак дар ҳифзи ҳувияти миллӣ, идомаи суннатҳои мусиқии мардумӣ ва муаррифии фарҳанги тоҷик андешаронӣ кард. Таъкид гардид, ки ҳифз ва омӯзиши ин санъати асил, ки дар худ таҷрибаи таърихӣ, ҷаҳонбинӣ ва эҳсосоти мардумро таҷассум менамояд, яке аз самтҳои муҳими ҳифзи мероси фарҳангӣ ба шумор меравад.
Пасон сухан ба намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Айдаршозода дода шуд. Мавсуф сараввал аз таърихи фалак, сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар дар ин самт, саҳми олимони соҳа дар рушди он ва монанди ин ибрози андеша кард ва баъдан масоилеро аз қабили вазъу ҳолат, таълиму тадрис ва пешкаши маълумот дар сатҳи байналмилал махсус зикр намуд.
Дар идомаи мизи мудаввар профессори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов Қурбони Қурбониён дар мавзуи «Анъанаи Шоҳномахонӣ дар сабки фалакӣ» суханронӣ намуд. Маъруза ба робитаи анъанаҳои нақлу қироати осори ҳамосӣ бо сабку оҳанги фалакӣ бахшида шуда, баромадкунанда таваҷҷуҳро ба пайванди мусиқии мардумӣ ва мероси адабии классикӣ ҷалб кард.
Мудири бахши фарҳанги моддии Маркази мероси фарҳангии тоҷикони ПИТФИ Акобир Абдуллоев дар мавзуи «Таърихи ташаккул ва таҳаввули фалак дар Тоҷикистон» баромад намуда, масъалаҳои марбут ба пайдоиш, ташаккул ва таҳаввули ин навъи мусиқии мардумиро мавриди баррасӣ қарор дод. Ӯ зикр кард, ки омӯзиши заминаҳои таърихӣ, муҳити иҷтимоии ташаккул ва гуногунрангии анъанаҳои иҷроии фалак барои дарки амиқтари ҷойгоҳи он дар фарҳанги мусиқии тоҷик муҳим арзёбӣ мешавад.
Ҷанбаи адабӣ ва маъноии фалак дар маърузаи ходими пешбари шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносии ПИТФИ Мунаввар Сафаров таҳти унвони «Сайре дар матнҳои ашъори фалакӣ» инъикос ёфт. Маърузачӣ ба муҳтавои шеърҳои фалакӣ ва имкониятҳои маъноии онҳо таваҷҷуҳ намуда, аҳаммияти матни шеъриро дар ифодаи ҳолатҳои руҳии инсон, андешаҳои фалсафӣ ва эҳсосоти амиқи мардум таъкид кард.
Дар идомаи ҳамоиш ходими калони илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносии ПИТФИ Саъдӣ Мирзо дар мавзуи «Мавқеи фалак дар даврони истиқлол» суханронӣ намуда, ба мақоми ин санъати мардумӣ дар ҳаёти фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол таваҷҷуҳ зоҳир кард. Қайд гардид, ки ҳифзи суннатҳои иҷроӣ, омӯзиши илмии фалак ва муаррифии он ҳамчун ҷузъи арзишманди мероси миллӣ дар шароити муосир аҳаммияти бештар касб мекунад. Фалак на танҳо василаи ҳифзи анъанаҳои гузашта, балки омили пайванди фарҳангии наслҳо ва муаррифгари ҳувияти тоҷикон низ мебошад.
Дар бахши мубодилаи афкор иштирокчиён, аз ҷумла ходимони пешбари илмӣ Ҷурахон Обидпур, Мурод Муродӣ, Раҳимов Билолиддин атрофи масъалаҳои матраҳшуда ва роҳҳои ҳифзу рушди минбаъдаи ин санъат табодули назар намуданд. Баррасии мавзуъ аз дидгоҳҳои гуногуни илмӣ имкон фароҳам овард, ки фалак на танҳо ҳамчун падидаи мусиқӣ, балки ҳамчун ҷузъи муҳими ҳофизаи таърихӣ ва фарҳангии миллат мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад.
Ифтихор Юсуфӣ,
корманди ПИТФИ.



