ДАСТОНИ ЗАН – ҶОДУИ АДРАС

Зани тоҷик аз азал бо ҳунари дастӣ ва завқи зебоӣ офарандаи асарҳои нотакрор мебошад. Дар миёни садҳо ҳунар, яке аз нодиртарин ва пурҷилотарин маҳсули дасти ӯ адрас аст . Нақшҳои рангин ва ба ҳам печидаи ин матоъ на танҳо зебоии чашмро меозмоянд, балки аз дилу ҳиссиёти офарандаи худи зани ҳунарманд қисса мекунанд. Ҳар риштаи адрас ҳикояи меҳнату сабр, завқи зебопарастӣ  ва мероси аҷдодиро дар худ ҷой додааст. Имрӯз ҳам мисли асрҳои гузашта занони тоҷик бо ангуштони ҳунарофари худ ба риштаҳо рангу ҷони тоза мебахшанду симои фарҳангии миллатро зинда нигоҳ медоранд.

Адрас матоъе нест, ки танҳо барои пӯшидан истифода шавад. Он рамзи таърихи чандинсола, орзуву ормон ва зебоии маънавии мардуми тоҷик аст. Риштаҳои абрешиму пахта, ки пешакӣ бо усули хос ранг карда мешаванд, дар дастгоҳи бофандагӣ бо меҳнати зиёд ба нақшҳои рангин табдил меёбанд. Ҳар нақш маънии худро дорад, ки рамзи бахту фаровонӣ ва муҳаббату зиндагии бепоёнро ифода месозад.

Имрӯз, вақте  ҷаҳон ба сӯи саноат ва технологияи нав меравад, ҳунари адрасбофӣ боз ҳам бештар аҳамият пайдо мекунад, зеро он ба инсон хотиррасон мекунад, ки зебоӣ танҳо дар осонӣ ва суръат нест, он дар сабру меҳнат ва эҷоди дасти инсон ниҳон аст. Адрасбофӣ дар қатори ҳазорҳо ҳунарҳои мардумӣ ҷойгоҳи вижа дорад. Дар Қалъаи Ҳисори бостон, ки ҳамчун Маркази таъриху фарҳанги тоҷикон маъруф аст, ҳунари нодири адрасбофӣ ба таври зинда муаррифӣ мешавад. Яке аз онҳое, ки ин ҳунари бостониро аз худ карда, ба муррифиву тадрис ва талқини он машѓул аст, ин зани ҳунарманд Муҳаммадиева Гулнора (с. т. 1983) мебошад. Ӯ тӯли 10 сол мешавад, ки дар яке аз утоқҳои ҳунарҳои мардумии Қалъаи Ҳисор фаъолият дошта, ҳунари адрасбофиро на танҳо мебофаду меомӯзонад, балки ба меҳмонон ва сайёҳон муаррифӣ мекунад.   

 Дар рафти мусоҳиба маълум гардид, ки бону Гулнора зани соҳибмаълумоту соҳибкасб (хатмкардаи Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон) буда, аз шавқу завқи баландаш рӯ ба ин ҳунари ачдодӣ оварда, бо гузаштани курсҳои кӯтоҳмуддати семоҳа, ки дар шаҳри Хуҷанд омӯзонида мешаванд, аз тарафи Ҳукумати шаҳри Ҳисор ба Маркази омӯзишии Гулистон (Баҳористон) – и ҷамоати Сирдарянскийи ин шаҳри бостонӣ равона гардида, нозукиҳою тарзи корбурди асбоб ва бофтани ин ҳунарро пурра аз худ намуда, Сертификати бофандагии ин даргоҳро соҳиб гардидааст. Дар ин ҷода Ҳоҷиева Адолатро (с.т. 1968) устоди худ медонад.

Тибқи гуфтаи бону Гулнора пас аз таҳсил ва омȳзиши ҳунари адрасбофӣ ва қолинбофии дастӣ барои рушд ва талқин намудани ин ҳунарҳо аз тарафи Ҳукумати шаҳри Ҳисор дастгоҳи дȳкони бофандагии адрасбофӣ ба ȳ тȳҳфа намудаанд. Пас аз хатм  ва баргаштан бо супориши Раиси шаҳри Ҳисор дар яке аз утоқҳои ин маркази таърихӣ ба рушду нумȳ ва талқини  ин ҳунари қадимӣ маваззаф шуда буд. Фаъолияти бону Гулнора аз замони Ҷашни 3000 – солагии Ҳисори бостон, яъне соли 2015 авҷ гирифта, инак тулли 10 сол мешавад, ки  саргарми  омȳзишу эҳёи ин ҳунари қадимист. Дар ин муддат  яке аз омȳзгорони шинохтаи ин ҳунар гашта, шогирдони зиёдеро аз дунёи офариниши ин ҳунари беҳамто, ки дар ҳар нақши он зебогии пурасроре нуҳȳфта аст, сероб гардонидааст. Ҳамчун омȳзгори фаъол дар робита бо Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Ҳисор, ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Душанбе дониста шудааст, ки ба духтарони соҳибзавқ тадриси ҳунари адрас намудааст. Дар тулли фаъолияташ дар ин самт соҳиби ифтихорномаҳою дастовардҳо гардида,  аз ҷониби Ҳукумати шаҳр низ қадрдонӣ гаштааст.

Дастгоҳе, ки ба он ин бонуи пурҳунар рангпартозӣ мекунад, аз  қисматҳои асосӣ нахи ришта, симбула, шона, моку ва найча, дастаи матоъпечонӣ ва аз ҷойи шишт педалу дастак барои бофташ иборат буда, андозааш  1 метр ба 3  метр мебошад. Аслан дар дастгоҳ бофтани матоъ бисёр ҳайратовару ҷалбкунанда аст, ки бо нозукиҳои кори худ, новобаста аз хостану нахостани нафаре диққатро ба худ равона месозад. Андозаи бофтани матоъ  аз шонаи дастгоҳ  вобаста буда,  паҳмии он низ аз шона ва завқи бофанда марбут аст. Паҳмии матоъи бофташударо аз 30 см  то 75 см расонидан мумкин аст. Паҳмиро ҷиқадаре, ки паҳм гиранд, ҳамон қадар бофтан мушкил шуда, риштаҳо тез – тез дар кандан медароянд. Аз ин рȳ аксарияти бофандаҳо барои осонии корашон андозаи паҳмии адрасро аз 32см то 42см мегиранд. Масалан барои бофтани андозаи 30 см  1200 нахи тори риштаро аз 1200 симбулаю  1200 шона мегузаронанд.

Тазаккур дод, ки бофтани атлас аз адрас фарқ дошта, ашёи хомашон низ аз ҳам тафовут доранд. Бофти атлас аз пила, яъне абрешим омода гашта, адрас бошад аз пахта тайёр мешавад. Барои бофтан нақшҳоро аз шаҳри Хуҷанд нусхабандӣ карда, меоранд. Ҳангоме, ки риштаро аз қоғазаш (вабина), яъне риштаҳои Корхонаи Насоҷии Тоҷик  (Текстил – Душанбе) кȳшода, дар асбоби торкаш, ки чарх дорад, масалан барои матоъи паҳмиаш 30 см яъне, ки 1200 тор мешавад, ҳар торашро дар ҳамон асбоби торкаш мечархонанд. Вақте ки ришта андозааш то 400 метр ё 450 метр, ки расид баъдан нусхабандӣ мекунанд. Риштае, ки мечархонанд, сафед буда, ягон ранге дида намешавад. Пас аз чархондан  ва метри муайян пасон нусхабандӣ мекунанд. Рафти нусхабандӣ чунин сурат мегирад: Риштаҳои чархондашудаи сафедро ба 10 тори тақсим мекунанд. 10 торро гирифта, 10 см – и  бо селофан ё скоч мепечонанд, то ин ки дарунашон тар нашаванд. Аслан нусхаи кашидашударо гузошта, аз рȳйи он  тамоми ришатаи сафеди чархондашударо мувофиқ ба нақши буда, тақсимбандӣ намуда, ҷойҳое, ки бояд сафед ояд, онҷойҳоро бо скоч ё селофан сахт мепечонанд. Пасон дар деги калоне, ки мувофиқ ба нақш оби ранги тайёршуда ҷȳшида истодааст, дар он андохта, 35 дақиққа меҷȳшонанд. Баъд аз ҷȳшондан онро хушк карда, скочу селофанҳоро кушода мебинанд, ки он нақши хосташуда, мувофиқ омадааст, ё не. Пас аз оне, ки нақш мувофиқ омад, он торҳои бо ҳамро хушрȳй бофта мегиранд, то ин ки ҳар як наху ҳар як тори ҳамин нақши адрас гум нашавад ва риштаҳо бо ҳам гиреҳ назананд. Пас аз ҳафтаи нақшбандӣ ба бофтан шурӯъ мекунанд. Бофти ин ба воситаи дасту пой буда, пойи чапу пойи ростро зер карда аз мобайни он моку мегузарад, ки дар даруни моку риштаи оддии пахтагин дида мешавад. Ранги матоъ аз риштаи мондашудаи дар моку вобаста аст. Баъд аз он дастаи тобхӯрандаи пеши дастгоҳ дида мешавад, ки матоъи бофташударо ба он печонда мегиранд. 

Рангҳои истифодашударо аз табиат тайёр мекунанд. Бештар аз дарахти чинор. Масалан, барои ранги сиёҳ аз пȳсти кȳҳнашудаи он ба кор мебаранд. Барои дигар рангҳо аз баргу чȳб ва решаи он истифода мекунанд. Пеш аз риштаро дар об андохтан, аввалан ба муддати 5 – 6 соат он чȳбу баргҳои мувофиқ ба рангро дар об ҷȳшонида, обро аз элак полонида, баъдан он риштаҳои нақшбасташударо меандозанд. Аз ду  ҷониби пеши дастаи адрасбофӣ сангҳое ба андозаи 2 кг овезон гаштаанд, ки барои бофтан кӯмак менамудаанд. Ба ҳамин монанд танҳо як то санги 2 кг – и  дигар дар дастаи поёни нахҳои ришта овезон гардидааст. Ин сангҳо ба он кӯмак мекунанд, ки дар рафти бофтан нахҳоро суст шудан намонда, ҳолати матоъ кушодаю суст шуда намеояд. Яъне нахҳои бофтагаштаро мустаҳкам нигоҳ медоранд. Дар ин маврид апаи Гулнора қайд мекунад, ки “Мо куҷое выставка равем сангҳоро қатимон мебарем. Одамо ба тааҷуб мепурсанд, ки инҳош чияй бо халтаи чакка. Мегем инҳо санг, вазни ҳаминай. Инҳоро мо набарем, намешавад, кори мо пеш намеравад”.

Аз рӯйи муқоисаи апаи Гулнора дар як рӯз, ки кори ӯ аз соати 7 – и  саҳар то соати 7 – и бегоҳ идома меёбад, ба андозаи 3 метр матоъи адрас омода менамояду халос. Аз ин мебарояд, ки ҳеҷ ганҷе бе ранҷ ба даст наомадааст. Бофтани матоъи адрас дар баробари ҷолибу шавқовар буданаш, кору талошҳои шабонарӯзии пурмаҳсул ва сабру тоқати зани ҳунармандро талаб менамояд. Бофтани адрас кори осон набуда, дар он иродаи мустаҳқами занони тоҷикро нишон медиҳад. Ҳамин аст, ки ин ҳунари аҷдоди то кунун мавқеъи худро гум накарда, ҳамчун либоси миллии тоҷик дар сатҳи фарҳангӣ нақши устувор дорад.

Дар дӯкони ин зани ҳунарманд аз матоъи адрас  ҷуздону ҳамёнҳо, рӯймолу шарфҳо, тоқиҳо ва дигар нақшу нигорҳои миллӣ дида мешуданд. Аз мусоҳибаҳои тӯлонӣ маълум гардид, ки барои ҷалбу завқи сайёҳонро зиёд кардан ва бештар муаррифии ин санъати воло мувофиқ ба муди замона аз матоъи адрас ин гуна чизҳоро омода менамояд. Худи ӯ қайд мекунад, ки “Ин ҷо ҷойи қадимӣ, ки ҳаст бештаре аз хориҷиҳо барои эътимоду бовариашон зиёд гаштан ҳангоми бофтан маҷбур месозанд, ки аз ҳамон адраси бофташуда, каме бурида диҳад. Ин ҳолатро ҳато ба навор мегиранд. Ҳамчун факт ва хотира. Аз ин матоъи қадими харидорӣ намуда, он либосҳои худро бо матоъи миллии тоҷикӣ дӯзонда, мепӯшанд”.  

Хулоса, зани тоҷик аз замонҳои қадим то имрӯз ҳунари адрасбофиро ҳамчун мероси аҷдодӣ ҳифз кардааст. Адрас матоъест, ки аз пахтаи хом бо меҳнати дастӣ, сабру тоқат ва завқи баланди зебоӣ омода мешавад. Ҳар ришта ва нақши ин матоъ ҳикояи таърих, орзу ва иродаи қавии инсонро ифода менамояд. Бо вуҷуди пешрафти технология, адрас аҳамияти худро аз даст надода, балки ҳамчун рамзи ҳувияти миллӣ ва саъю талоши инсонӣ боқӣ мондааст. Ин ҳунар дар оянда низ барои муаррифии фарҳанги тоҷик дар арсаи байналмилалӣ нақши калидӣ хоҳад дошт.

Каримова Шаъмигул,

Ходими калони ММФТ

барчасп: