Мақоми театру синамо новобаста ба давру замон дар ҷомеа ҷойгоҳи баландро соҳиб гардида, тавонистааст, ки дар ташаккули маънавиёт ва тарбияи ахлоқиву эстетикии насли наврас ба ҳайси як муассисаи фарҳангӣ фаъолият намояд. Ошноӣ пайдо кардан ба таърихи ин ду навъи санъат моро водор ба он месозад, ки ба таърихи пурғанновати худ назар афканем ва моҳияти санъати театрӣ ва синаморо мавриди арзёбӣ қарор диҳем. Пеш аз ҳама бояд иброз дошт, ки дар театру синамо ашхоси дорои касбу кори гуногун фаъолият мекунанд ва маҳсули якҷояи офаридаи онҳо самараи бештаре ба бор меорад.
Санъати иҷроӣ ва бозигарӣ (нақшофарӣ) талаботи махсуси худро дорад, ки он хоси ҳунарманди ҳирфаӣ мебошад. Ҳунарманд, агар аз таърих, адабиёт, санъат, суханварӣ, эҷодкорӣ ва касбият донишу маҳорат надошта бошад, нақши офаридаи ӯ, сухани гуфтаи ӯ, амали иҷро кардаи ӯ ба бинандаи театр таъсири аниқу амиқ гузошта наметавонад. Бинобар ин, ҳунарманд бояд назари равшан дошта бошад, то тавонад назарияи театрро дар амалия ба исбот расонад. Пас, рисолати ҳунарманди театру синамо ба тарбияи ҷомеа рабт пайдо мекунад. Шахсияте, ки имрӯзҳо барои иҷрои рисолати кабии худ дар ҷомеа хидмат карда истодааст, Рустамҷон Воҳидов Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (собиқ ҳунарпешаи театри тамошобини ҷавон «Аҳорун» ба номи М.Қосимов), профессори кафедраи режиссура ва продюсерии МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода» мебошад. Ӯ аз зумраи он шахсиятҳои барҷастаи санъати театр ва синамои тоҷик аст, ки диққати бештари худро ба асарҳои санъати театрию синамоӣ равона сохта, дар ин самт ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул шуда ба муваффакият ноил гардидааст. Ҷанбаи тадқиқоти илмии ӯ фаъолияти ҳунармандони касбии соҳаи театри тоҷик мебошад, ки онро, бо дарки амиқу масъулияти касбӣ пеш бурда истодааст.
Эҷодиёти Р. Воҳидов аз навиштани жанрҳои хурди адабӣ - тарона, латифа, ҳаҷвия, пиесаҳои бачагона дар асоси афсонаҳои халқӣ барои намоишномаҳои театрӣ оғоз гардидааст. Намунаи эҷодӣ бадеӣ ва илмии ӯро имрӯзҳо дар китобҳои «Шиҳоби ишқ», «Чашмаи ишқ», «Парвози хаёл» (2016), «Даме бо Маҳмуд», «Пок аз адам омадаем», «Маҳмуди сухангӯй», «Гули худрӯйи хушранги кӯҳистон», «Сароянда-актёр», «Намирад ҳунарманд», ки чоп гардидаанд, дида метавонем.
Песаҳои «Кӣ айбдор?», «Роҳи пуршарафи эҷодӣ», «Қиссаи Юсуф» (мураттиб), «Ба некӣ бадӣ», «Ишқи Фариштамоҳ», «Ман зан гирифтан мехоҳам», «Халтаи сеҳрнок», «Харгӯши доно» ва ғайраҳо ба саҳнаҳои театрҳои касбӣ роҳ ёфта, писанди кӯдакону наврасон ва аҳли ҷомеа гардидаанд.
Китобҳои бадеӣ ва методӣ – таълимии Р. Воҳидов дар ҳамкорӣ бо нашриётҳои «Эҷод», «Парвин», «Паёми ошно», «Нурафзои Нур», «Абдураҳмон -Р», «Шумон» ва «Файз» ба чоп расидаанд.
Даҳаи охири солҳои 70-ум ва шуруъи солҳои 80-уми асри XX ба оғози фаъолияти ҳунарии ӯ рост меояд. Шумораи нақшҳои офаридаи ҳунарманд Р. Воҳидов дар саҳнаи театри тоҷик хеле зиёданд: Николай аз асари М. Зошенко «Решаҳои капитализм», Лундабек аз намоишномаи Қ. Эшонов «Қоқалӣ ва Лундабек», нақши Асалбек аз асари «Асалбеки ҷодугар», нақши Бобои Салим аз асри «Бобои Барфӣ ва Заррина», нақши Эраҷ аз асри «Далери ҷасур», ки мутааллиқ ба қалами худи ӯ мебошанд, нақши Карим аз асари Н. Шоҳназаров «Нахӯдак», нақши Хирс аз намоишномаи Ф. Қосимов «Шер ва Харгӯш», нақши Саид аз асари Насриддин Исломов ва Фаррух Қосимов «Раъно», нақши Ломов аз асари А. Чехов «Хостгорӣ» хотирнишин ва барҷастатарин нақшҳои саҳнавии ӯ ба шумор мераванд.
Р. Воҳидов дар синамои тоҷик чандин нақшҳо бозида аз ҷониби санъатшиносон ва ноқидони филм мавриди баррасӣ, муҳокима ва хулосабарорӣ қарор гирифта, баҳои сазоворро соҳиб гаштааст. Фаъолияти эҷодӣ- ҳунарии ӯ дар филмномаҳои телевизионӣ ва филмҳои бадеӣ хеле назаррас мебошад, аз ҷумла, нақшҳои марказӣ ва эпизодӣ дар филми С. Р. Афардӣ «Маҳдӣ» нақши Ҳомидов, филмҳои бадеии коргардонишудаи С. Қодирӣ «Муъҷиза» нақши Ваҳҳобов, «Асрори хуфта» нақши духтур Ҷабборов, филми Т. Раҳматуллоев «Ҷазо» нақши Нонпаз, филми бадеии Ҳ. Камолиддин «Ман гунаҳкор» нақши муаллим Шодиев, филми С. Набизода ва Азиз Ҷомуродов «Лайка» нақши Неъматулло ва дар филми Бахтимуроди Элмурод Ҷавонмард» нақши декани факултет.
Дар самти фаъолияти илмӣ- таҳқиқотии Р. Воҳидов калонтарин қисмат ин таълифи китоби «Рисолати касб» маҳсуб мешавад, ки аз 8 қисм иборат мебошад. Ҳар як қисмати ин китоб фарогири таҳқиқоти илмии ӯ дар соҳаи театру синамо мебошад. Аз ҷумла, қисмати 1 «Коргардон- мураббӣ» _ Душанбе: 2012, 155 саҳифа, қисми дуюм «Тағйири қиёфа», қисми 3 «Ҷовидон дар саҳнаи дилҳо» Душанбе, нашриёти «Шумон»-2013, қисми 4 «Ғолиби майдони саҳна»- Душанбе , «Паёми ошно»-2015 с.,98 саҳ, ҷилди 5 «Нутқи саҳна» Душанбе, «Нурафзои нур»- 2015, қисми 6 «Луғати русӣ- тоҷикии истилоҳоти театрӣ ва бузургон дар васфи театр» Душанбе, «Нурафзои нур»-2015, қисми 7 –ум «Асрори зебоӣ».- Душанбе, «Паёми ошно» -2015 ва қисми 8 «Сайре дар олами синамо». Дар ин китоби ҳаштқисма осори илман асоснокшудаи Р. Воҳидов бо назардошти фарогирии хусусияти мавзуии ин ё он фанни таълимӣ-тахассусии актёрон, режиссёрон, рӯзноманигорон, ороишгарони чеҳра ва саҳна ҷой дода шудааст. Мазмуни ин китобу дастурҳои таълимиро, ки таҳқиқӣ илмӣ ёфтаанд, маълумоти муфассал дар бораи ҳунармандон, таҳлили нақшҳои бозидаи онҳо, дарёфти хусусияти хоси фардии ҳунармандон ва усулҳои гуногуни иҷроиши нақш ташкил додаааст, ки ба хонанда аз чанд ҷиҳат бо манфиат аст.
Профессор Р. Воҳидов барои тарбияи касбияти донишҷӯён, ки оянда ҳунармандони театру синамо мешаванд, дар донишкада аҳамияти ҷиддӣ дода, усул ва равиши хоси худро дар китоби таълимии «Асосҳои маҳорати актёрӣ» Душанбе: нашриёти «Абдураҳмон -Р»- 2023с., 148 саҳ., «Ҳунари ровигӣ» Душанбе: нашриёти «Эҷод»-2023 ва «Ҳамкории режиссёр бо рассом» Душанбе: «Абдураҳмон- Р»-2023 с., 132 с. овардааст, ки манфиати дучанд дорад. Зеро ҳар яке аз ин китобҳои таълимӣ тақвиятдиҳандаи донишу маърифати касбӣ-тахассусии ҳунармандони ояндаи соҳаи санъати театрию синамо хоҳад гашт.
Аҳамияти асарҳои эҷоднамудаи Р. Воҳидов аз он иборат аст, ки онҳо барои мунаққидони соҳаи театру синамо метавонад, ҳамчун роҳнамо хизмат намояд.
Аз ин рӯ, метавон ба хулосае омад, ки Р. Воҳидов муррабӣ ва ҳунарманди сарсупурдаест, ки тамоми ҳастӣ, истеъдод ва ҳунари асили худро ба рушди фарҳангу санъати театрӣ бахшида, барои устодону шогирдон намунаи ибрат аст.
Бобоҷон Раҳимов,
ходими пешбари илмии
шуъбаи фарҳанг ва
санъатшиносии ПИТФИ

