Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат дар таърихи ҳар як давлат нақши бузург дорад. Он на танҳо асоси ҳуқуқии давлатдорӣ, балки таҷассумгари орзуву ормонҳо, мақсаду маром, арзишҳои миллӣ ва иродаи халқи соҳибихтиёр мебошад. Барои мардуми Тоҷикистон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва кафили зиндагии осоиштаи ҷомеа ба шумор меравад.
Ҳамасола 6-уми ноябр дар саросари Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз санаҳои муҳими таърихию сиёсӣ – Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Ин сана дар тақвими давлатдории миллӣ ҷойгоҳи махсус дошта, ҳар як шаҳрванди кишварро водор месозад, ки ба арзиши истиқлолият, давлатдорӣ, қонунмеҳварӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ бештар таваҷҷуҳ намояд.
9 сентябри соли 1991 дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи нав боз гардид. Тоҷикистон истиқлоли давлатии худро эълон намуда, ба марҳилаи нави рушди давлатдорӣ ворид шуд. Дар шароити мураккаби сиёсиву иҷтимоии он замон зарурати таҳия ва қабули Қонуни асосии давлати соҳибистиқлол ба миён омад. Ҳамин тавр, 6 ноябри соли 1994 дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид.
Ин рӯйдоди таърихӣ оғози марҳилаи нави давлатсозӣ ва таҳкими пояҳои ҳуқуқии ҷомеаи навини тоҷикон буд. Конститутсия дар замоне қабул гардид, ки кишвар ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва низоми устувори давлатдорӣ ниёз дошт. Аз ин рӯ, аҳамияти он танҳо бо муайян намудани сохтори давлат маҳдуд намешавад, балки дар фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқии сулҳу оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди минбаъдаи мамлакат ҳам ифода меёбад.
Яке аз муҳимтарин хусусиятҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки халқро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф менамояд. Ин меъёри конститутсионӣ аҳамияти бузурги сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дошта, нишон медиҳад, ки сарнавишти давлат ва ҷомеа ба иродаи мардум вобаста мебошад.
Маҳз тавассути Конститутсия халқ ҳуқуқ пайдо мекунад, ки дар муайян намудани самтҳои асосии рушди давлат, ташаккули низоми сиёсӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ саҳм гузорад. Аз ин ҷиҳат, Қонуни асосӣ на танҳо санади ҳуқуқӣ, балки ифодагари орзуи деринаи миллат барои доштани давлати мустақил, соҳибихтиёр ва мутамаддин мебошад.
Тавре ки аз муҳтавои Конститутсия бармеояд, Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Ин меъёри муҳим дар моддаи якуми Конститутсия муқаррар гардида, самти асосии рушди давлат ва ҷомеаро муайян менамояд.
Давлати ҳуқуқбунёд пеш аз ҳама давлатест, ки дар он қонун волоият дошта, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ эътироф мешаванд. Дар чунин ҷомеа ҳар як шахс дар назди қонун баробар буда, фаъолияти мақомоти давлатӣ бояд дар доираи меъёрҳои ҳуқуқӣ амалӣ гардад.
Яке аз дастовардҳои муҳимтарини Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳамчун арзиши олӣ эътироф намудааст. Ин меъёр заминаи ҳуқуқии ҳифзи шаъну шараф, озодӣ, баробарҳуқуқӣ ва манфиатҳои қонунии ҳар як сокини мамлакатро фароҳам меорад.
Ҳуқуқ ба ҳаёт, озодии сухан, виҷдон, интихоби касбу фаъолият, таҳсил, меҳнат ва дигар ҳуқуқҳои конститутсионӣ барои ташаккули ҷомеаи озоду адолатпарвар аҳамияти бузург доранд.
Конститутсия ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандро низ муайян менамояд. Эҳтироми қонун, ҳифзи Ватан, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, эҳтироми ҳуқуқи дигарон ва саҳмгузорӣ дар ободии кишвар аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошанд.
Бояд дарк намуд, ки эҳтиром ба Конститутсия танҳо бо донистани моддаҳои он маҳдуд намегардад. Эҳтироми воқеии Қонуни асосӣ дар риояи қонун, муносибати одилона ба ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва иҷрои масъулиятҳои шаҳрвандӣ зоҳир мешавад.
Ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва қабули Конститутсия руйдодҳои сарнавиштсозе мебошанд, ки дар таърихи муосири тоҷикон ҷойгоҳи хосса доранд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчам, Нишон ва Суруди Миллиро ҳамчун рамзҳои давлатдорӣ муаррифӣ намуда, мақоми забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ муайян кардааст. Ин меъёрҳо барои ҳифзи ҳувияти миллӣ, эҳтироми таърих, фарҳанг ва анъанаҳои ниёгон заминаи устувори ҳуқуқӣ фароҳам овардаанд.
Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон нишон дод, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои рушди давлату ҷомеа аҳамияти ҳалкунанда доранд. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишвар бо мушкилоти ҷиддии сиёсиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардида буд. Дар чунин шароит қабули Конститутсия барои ташкили низоми ягонаи давлатдорӣ, муайян намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ ва таҳкими асосҳои ҳуқуқии ҷомеа нақши муҳим бозид.
Бо ташаббус ва талошҳои роҳбарияти давлат, бахусус сиёсати сулҳҷӯёнаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раванди барқарорсозии сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ марҳила ба марҳила амалӣ гардид.
Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро дошта, бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмиро густариш медиҳад. Сиёсати хориҷии дарҳои кушод, ки ба манфиатҳои миллӣ ва ҳамкориҳои судманд асос ёфтааст, яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат ба ҳисоб меравад.
Конститутсия на танҳо санади таърихии замони қабули худ, балки ҳуҷҷати зинда ва амалкунандаест, ки ба талаботи замон мутобиқ гардида, самтҳои асосии пешрафти ҷомеаро муайян менамояд.
Дар асоси меъёрҳои он дар мамлакат низоми қонунгузорӣ ташаккул ёфта, ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ амалӣ мегардад. Таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ яке аз принсипҳои муҳими конститутсионӣ буда, барои таъмини мувозинат ва фаъолияти муназзами сохторҳои давлатӣ замина мегузорад.
Дар баробари ин, Конститутсия барои рушди соҳаҳои маорифу илм, фарҳанг, тандурустӣ, иқтисодиёт ва дигар бахшҳои ҳаёти ҷомеа заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад. Маҳз дар партави меъёрҳои он қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ таҳия гардида, барои беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳақиқат таҷассумгари орзуву ормонҳои таърихӣ, иродаи сиёсӣ ва мақсаду мароми халқи тоҷик мебошад. Он ҳамчун санади сарнавиштсоз барои таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, адолати иҷтимоӣ ва пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа заминаи устувор гузоштааст.
Пас, вазифаи муқаддаси ҳар яки мост, ки ин дастоварди бузурги давлатдории миллиро гиромӣ дорем, ба арзишҳои дар он таҷассумёфта арҷ гузорем ва дар таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузорем.
Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод! Бигзор таҳти парчами истиқлол, дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ Тоҷикистони азиз ҳамеша ободу пешрафта ва мардуми сарбаландаш хушбахту сарфароз бошанд!
Шамсуддин АБДУЛЛОЕВ

