Шаҳри бостонии Истаравшан яке аз қадимтарин минтақаҳои таърихию фарҳангии кишвар ба шумор рафта, эҳёгари навъҳои ҳунари суннатии ниёгони мо мебошад. Ин шаҳри куҳан имрӯз ҳамчун “Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ” шинохта шуда, он ҳамчун осорхонаи таърихи зиндаи халқи тоҷик унвон мегардад. Дар шаҳр пайванди ногусастании ҳунари наслҳоро метавон мушоҳида намуд, зеро ҳунармандони он нуфузи тоҷиконро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардоштаанд.
Зимни сафари хидматӣ дар ҳар кӯчаю маҳал ва бозору деҳоти Истаравшан ҳунару ҳунармандӣ осори нафису ҷолиби устоҳои мардумиро мушоҳида намуда аз наздик шинос шудем. Хусусан касбу ҳуанрҳои оҳангарӣ, мисгарӣ, заргарӣ, кордсозӣ, карнайсозӣ, тоқидӯзӣ, ҷомадӯзӣ, шонасозӣ, гулдӯзӣ, кашидадӯзӣ ва танӯрсозӣ хеле рушд кардааст.
Сокинони шаҳри Истаравшан аз он ифтихор менамоянд, ки чунин ҳунармандони асил ба монанди усто Абдуманнони оҳангар, читгари нотакрор усто - Миршароф, аъҷубаҳои бемисли усто - Мирғафур Халилов ва кордҳои мунаққаши Акрам Мирзоев дар муаррифии соҳаи ҳунармандии Истаравшани бостонӣ нақши муассир мегузоранд. Маҳсули меҳнати ин ҳунармандони мардумӣ дар осорхона ва гӯшаҳои намоишии ҳунарҳои мардумии кишвар ва берун аз он ба маърази тамошо гузошта шудаанд, ки дар онҳо завқу рағбат ва сабки хосси ҳунармандони асили Истаравшан эҳсос мегардад. Анъанаи куҳани ниёгони ин ҳунармандони нотакрорро устоҳои гулдасти имрӯза идома дода истодаанд.
Дар ин манотиқ махсусан ҳунари мисгарӣ эҳё ва рушду ташаккул ёфтааст. Сабаби асосии истифодаи мис дар он аст, ки он гармиро хуб нигоҳ медорад, ба осонӣ шакл мегирад, муддати дароз хидмат намуда, солҳои зиёд сифати худро гум намекунад. Усто Мирзо Мансурови мисгар, карнайсоз дар гузари Тали Истаравшан ба дунё омада, аз хурдӣ дар дукони мисгарии падараш нозукиҳои касби мисгарӣ, карнайсозӣ, тунукагарӣ ва заргариро ба хубӣ омухтааст. Мансуров Мирзо Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ буда, касби бобоии худро ба фарзандону наберагонаш меомузонад.
Мавриди зикри хос аст, ки карнайнавозони кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон ба карнайҳои сохтаи ин марди ҳунар таваҷҷуҳи зиёд дошта, ин навъи созро бештар аз ӯ харидорӣ менамоянд. Карнайҳои Усто Мирзо аз масолеҳи аълосифат ва бо сифати баланди ҳунармандӣ сохта шуда, қисмҳои пайвастааш номаълум ва садояш беҳтар аст. Тақрибан ҳашт намуд карнайҳои омоданамудаи ин ҳунарманд дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудаанд.
Тоқипӯшӣ аз қадим хосси сокинони ин кӯҳандиёр буд. Дар бозори марказии шаҳр дар растаи тоқӣ ва ҷомадӯзон бо зани ҳунарманд Дилором Аҳророва, ки сиву ду сол боз ба ин касб шуғл меварзад во хӯрдем. Тоқиҳои дӯхтааш хеле босифат ва хушсохт буда, харидорони зиёд дорад. Зимни суҳбат Дилором Аҳророва иброз намуд, ки: “Ман касби тоқидӯзиро аз рӯйи анъанаи “устод-шогирд” (модар-духтар) сайқал медиҳам. Дар ҷараёни дӯхтан духтарони наврасам бевосита ба ман ёрӣ расонида, нозукиҳои ҳунари тоқидӯзиро аз худ менамоянд”.
Дар рушд ва эҳёи касбу ҳунарҳои суннатӣ саҳми муассисаи таълимию ҳунаромӯзӣ – Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан хеле назаррас аст. Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи сарвари муассиса Насриддин Хоҷаев: “Имрӯз 53 нафар устодону омузгорон, рассомон ва ҳунармандони халқӣ ба 560 нафар донишҷӯён аз рӯйи ҳафт ихтисос нозукиҳои ҳунарҳои мардумиро меомузонанд”. Аз ин бармеояд, ки коллеҷи мазкур барои тарбияи ҳунармандони ҷавон ва рушди ҳунармандии шаҳри Истаравшан саҳми арзанда гузошта истодааст.
Дар доираи иқдомҳои беназири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ шаҳри бостонии Истаравшан ба макони касбу ҳунарҳои суннатии ниёгон табдил ёфта, дар гӯшаю канори он даҳҳо мактабҳои ҳунармандон фаъолият менамоянд.
Фазлиддин Ғуломов
ходими калони илмии МФТ



