Мардуми тоҷик нонро файзи дастархон, навъи муҳими озуқаворӣ ва асосии зиндагӣ меҳисобанд. Нон, ки дар танӯр пухта мешавад, аз ин ҷост, ки тоҷикон танӯрро дар баробари нон муқаддас дониста, ба он арҷгузорӣ мекунанд. Ва ин омил пешаи танӯрсозиро дар байни мардум хеле равнақу ривоҷ додааст.
Танӯрсозӣ яке аз ҳунарҳои суннатӣ буда, худи танӯр барои халқи тоҷик яке аз ашёҳои муҳими рӯзгор ба шумор меравад. Танӯр оташдони нонпазӣ мебошад, ки аз гил сохта мешавад. Ҳангоми пажӯҳишҳои майдонӣ дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон дар ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ, дар деҳаи Маданият бо якчанд хонаводаҳое вохӯрдем, ки ба ҳунари танӯрсозӣ машѓул буданд ва дар ҷараёни сӯҳбат бо онҳо маълум гардид, ки дар ноҳия ѓайр аз деҳаи онҳо дар дигар деҳаҳо ин навъи ҳунар фаъолият надорад. Яке аз сабабҳояш ин мебошад, ки ҷамоати деҳоти мазкур ба макони хокгирӣ воқеъ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон наздик аст.
Танӯрсозон пеш аз ҳама ба интихоби хок аҳамияти махсус медиҳанд. Дар ҳар минтақа ҷойҳои махсусе барои хокгирӣ мавҷуд аст, ки одатан, кӯҳҳои рангаш сурх мебошад. Ва хоки махсуси танӯрсозӣ низ дар деҳаи Қарадуми ноҳияи Панҷ воқеъ мебошад. Ҳар сол пеш аз корро шурӯъ намудан ҳунармандони танӯрсоз ба ҳамон кӯҳи муайян рафта, дар як мошини калони боркашӣ аз танаи кӯҳ кулӯхҳои калон-калонро канда оварда, дар майдончаи танӯрсозӣ мегузоранд. Кулӯхҳо дар зери борон моҳҳо хобида, ба хокрезаҳо табдил меёбад, ки аз як тараф кори танӯрсозонро хеле осон мекунад. Ахмедов Маҳмадҷон (соли тав. 1959, танӯрсоз) ақида дорад, ки пири танӯрсозон ҳазрати Кулолчибобо аст. Аммо баъзе муҳаққиқон қайд кардаанд, ки танӯрсозӣ ба касби кулолӣ наздик буда, танӯрсозон Саид Амири Кулолро пири худ мешуморанд.
Усто Маҳмадҷон дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, ки пеш аз корро оѓоз намудан як-ду ҳамсояро ба хона даъват намуда, як табақ ош карда, мегӯем, ки пагоҳ аз аввали баҳор (аз аввали мавсим) корро сар мекунем. Ва онҳо дар ҳаққи пиру арвоҳ дуо медиҳанд. Боз навъи дигари хайру садақаи мо ин аст, ки баъзан ба ашхоси фақиру камбаѓал танӯрро ройгон медиҳем.
Баъзе устоҳои танӯрсоз як қисмати хурдакаки заминашонро махсус барои лойтайёркунӣ ба андозаи 30-40 см мекобанд, ки онро лойхона мегӯянд, ба истилоҳи танӯрсоз Назаров Қосимҷон (соли тав. 1969) баёк ном дорад ва дар ҳамон ҷо лойашонро тайёр мекунанд. Пас аз лой омода гардидан рӯяшро бо ягон гилем ё намадпора печонида, як шабонарӯзӣ нигоҳ медоранд ё ба ибораи худи танӯрсозон дам медиҳанд. Дар ҷараёни лойшӯрӣ барои боқувват шудани танӯр ба он каме пашми буз ва ё пахоли шолӣ илова мекунанд. Баъди ин амалро анҷом додан лойро зери по соатҳо сум мезананд, ки монанди сақич часпаку ширадор шавад. Бештари танӯрсозон барои тоза нигоҳ доштани лойи танӯр дар болои гилем ё ҷойҳои поку тоза тунук мекунанд. Аммо танӯрсозони ноҳияи Ҷайҳун дар қабати лойхонаашон ба андозаи 2х2 м ҷоеро бо семент андова мекунанд, барои шарҳаш мегӯянд, намии лойро замин намекашад ва лой дар асли худаш боқӣ мемонад.
Баъди як шабонарӯз лойро лӯла карда, мебуранд. Дарозии лойро то 3 метр ва бари он 35-40 см барои як танӯри маъмулӣ омода мекунанд. Назаров Қосимҷон барои ченаки лойро муайян намудан, аз усули ба худ хосе истифода мебарад, яъне пойҳои худро зич-зич гузошта, то 15-16 маротиба ҳисоб мекунад. Баъди лойро монанди зуволаи хамир кардан, онро дар болои майдончаи сементӣ ба муддати як шабонарӯз нигоҳ медоранд. Лой, ки дам гирифт, онро монанди тахта тунук мекунанд. Сипас бисёрӣ шуда, лойи тунуккардашударо аз майдончаи сементӣ бардошта, барои сохтани танӯр меоранд. Тахтаи лойиро ба мисли давра печонида, бо якдигар васл карда, бо афзори махсус – тавонча ва ѓундак мекӯбанд. Баландӣ ва андозаи танӯр гуногун мешавад. Барои истифодаи танӯри хонагӣ бештар танӯри вусъаташ 60-70 см-ро ба кор мебаранд. Аммо танӯри нонвойхонаҳо нисбатан калон мешаванд. Барои оташбардор шуданаш ба даруну беруни танӯр намакоб мепошанд. Лаби танӯрро бо тавонча зада-зада андаке ѓафстар мекунанд.
Мувофиқи мушоҳидаҳо дар бисёр минтақаҳои ҷумҳурӣ танӯрро дар се қисмат омода мекунанд. Чунончи, дар Истаравшан танӯр аз се қисм иборат аст. Қисми аввалро “тахтаи аввал” меноманд, ки дарозиаш тақрибан 3 м ва бараш 35-40 см мешавад... Сипас қисмат ё тахтаи дуюмро ба ҳамин тарз тайёр карда, аз боло ба тахтаи якум пайванд месозанд. Тахтаи дуюм андаке конусшакл буда, аз қисми поёни худ ба тахтаи якум ба воситаи дандона пайваст карда мешавад. Деворҳои тахтаро боз бо даста ва ѓундак кӯфта, пайвандии онҳоро қавӣ мегардонанд. Қисми севумро “даҳана” меноманд, ки деворҳояш бориктар аз тахтаҳои дигар аст. Шакли даҳана низ ба конус монанд мебошад. Пас аз ба ҳам оварадани нӯгҳои даҳана ва ба болои тахтаи дуюм устувор намудан, бо даставу ѓундак аз даруну берун зада, пайвандҳоро маҳкам менамоянд. Гили даҳони танӯрро бо об андаке мулоимтар карда, ба шакли давра лаб мебароранд”.
Дар деҳаи Дӯстии ноҳияи Вахш устои танӯрсоз Маҳмадсолӣ Назаров, (с.т. 1950) бо фарзандонаш ба танӯрсозӣ машѓул мебошад. Падару модари Маҳмадсолӣ солҳои 1940-ум аз Фарѓона муҳоҷир шуда, омада будаанд. Ҳунари танӯрсозиро аз падараш усто Назари танӯрсоз омӯхтааст, устоди дигараш Ҳоҷибобо аз як деҳаи ҳамсоя будааст.
Чи тавре ки Назаров М. ба мо иттилоъ дод, асосан дар фасли тобистон ва рӯзҳои гарми баҳору тирамоҳ танӯр месозанд. Танӯр дар тобистон дар 3-4 рӯз хушк мешавад, дар рӯзҳои сардтар то як ҳафта вақт лозим аст, ки он хушк шавад. Усто Маҳмадсолӣ ду хел танӯр месозад: чакдони заминӣ ва тандури деворӣ. Диаметри даҳони танӯр – 60 см ва поёнаш 1 м мебошад.
Усули танӯрсозии усто Маҳмадсолӣ чунин аст: хокро ду шабонарӯз дар лагани калон тар карда, мемонанд. (Худи усто карета – лагани дастсози дарозияш 1,5 м бараш 1 м ва баландияш 30-40 см дорад)
Хоки сурхи кулӯхдор об шуда лой мегардад. Онро 2-3 бор бо каланд гардонида, омехта мекунанд. Сипас дар замини ҳамвор шолча партофта, болояш лойро гузошта бо пой сум мекунанд. Ба он пашми буз, ё думи говро қайчӣ карда, тақрибан 4-5 см реза карда, ба лой илова мекунанд.
Сипас мисли намад тахталойро печонида, болиштак карда, 1 шабонарӯз мемонанд, ки дам гирад. Баъдан болиштаки лойро сум зада, лапак – тахтагил месозанд. Дарозии лапак 140-150 см буда, бараш 40-50 см мешавад. Лапак, ки тайёр шуд, ду нӯги онро ба ҳам мепайванданд, ки девораи аввали танӯр ба вуҷуд меояд. Ҳамин тариқ лапаки дуюмро тайёр карда, аз болои лапаки аввала пайваст мекунанд. Сипас бо асбоби тандурзанак ва сипарча девораҳо ва ҷойҳои пайвандиро зада мустаҳкам менамоянд. Усто бо дасти чап сипарчаро аз дарун дошта, бо дасти рост бо тандурзанак оҳиста-оҳста зарба мезананд. Баъд аз ин қабати сеюм – даҳони танӯр пайваст мешавад. Он мисли лапак набуда, аз се қисми камонакшакл иборат аст. Лаби танӯрро аз лойи ба мисли ҳасиб лӯлашакл месозанд ва ба даҳанати танӯр васл менамоянд. Вақте танӯр андаке хушк шуд, аз тагаш се хишт барои аз замин баландтар шудан ва ҳавогузар шудан гузошта, пурра мехушконанд.
Бар хилофи технологияи танӯрсозии дигар минтақаҳо дар ноҳияи Ҷайҳун танӯрро дар ду қисм месозанд: қисми аввал ва охир. Ҳунарманди танӯрсоз Юсуфов Убайдулло (соли тав.1964) барои шинохтани маҳсулоти худ дар лаби танӯр, яъне дар қисмати охираш нақши махсусеро гулкорӣ мекунад, ки ҳангоми даъво кардани мизоҷ муайян карда, тавонад. Зеро ба гуфтаи ин усто дар деҳаашон танӯрсозон бисёранд. Номбурда мегӯяд, ки ман аспу ароба дорам, бештари вақт ман худам танӯрро бурда, дар хонаҳояшон насб мекунам, агар ягон нуқсон пайдо гардид, саривақт бартараф менамоям. Дар мавриди ду қисм сохтани танӯр ҳунармандон мегӯянд, ки ҷараёни кор тезтар ва осон мешавад, дар идомаи суҳбаташ мегӯяд, ки метавонем танӯрро дар як қисми асосӣ созем, аммо каме мушкилӣ мекашем.
Баъди омода гардидани танӯр онҳоро дар ҷойи офтобӣ барои хушк кардан мегузоранд. Дар ҳавои гармои фасли тобистон дар байни чор рӯз танӯр омода мешавад ва онро шинондан, яъне насб кардан мумкин аст.
Усто Маҳмадсолӣ мегӯяд, ки танӯршинонӣ қоидаҳои худро дорад. Ҳар касе ки ба маслиҳати усто кор карда, танӯр шинонад ва танӯраш якдаста бошад (яъне як пазанда нон пазад), то 7-8 сол хизмат мекунад. Агар не, дар 5-6 моҳ вайрон мешавад.
Танӯри чакдонро чунин мешинонанд. Дар зери он хиштҳоро ба андозаи қутри таги танӯр даврашакл чида танӯрро болои онҳо мегузоранд. Ду хиштро аз ду тараф мегиранд, ки он ҷойи ҳаводароӣ мешавад. Гирди танӯрро плёнка печонида, бо лой андова мекунанд ва сипас аз атрофаш хишт мечинанд, то ки девораҳои танӯрро такягоҳ шавад. Барои чакдони калон 120 хишти пухта сарф мешавад. Баъдан 1 коса равѓани хоми пахтаро аз дарун ба танӯр бо латта мемоланд. Сипас ба танӯр оташ гиронда, таппак ё ангишт мегузоранд. Оташ бояд паст-паст сӯзад, кӯрдуд нашавад. Оташ тақрибан 24-30 соат, баъзан то 2 шабонарӯз бояд сӯзад ва девори танӯр пухта шавад.
Танӯри девориро андак уреб мешинонанд. Аз лаби болои танӯр як кулӯхча мепартоянд, бояд он ба даруни танӯр афтад.
Аммо ба ақидаи устои танӯрсоз Маҳмудов Абдураҳмон (миллаташ ӯзбек, с.т. 1954, сокини деҳаи Питомники ҷ.д. Бӯстонқалъа, н. Кушониён (собиқ Бохтар), пас аз шинондани танӯр онро дуд андохтан бефоида аст. Дуд таъсир надорад, он лойи танӯрро пазонда, сафол намекунад. Оташи паст бояд 12-15 соат давом кунад, аммо ангишт гузоштан мумкин аст. Ӯ ба плёнка гузоштан зид баромада, мегӯяд: “Баъзеҳо аввал аз болои танӯр плёнка мемонанд, ки нами лой ба танӯр нагузарад. Ин ѓалат аст. Баъди хушк шудан пленка сӯхта об мешавад, девори танӯр аз гилу андоваи болояш ҷудо мемонад. Дар натиҷа ковокӣ ба вуҷуд омада, дар муддати кӯтоҳ, баъди як-ду пушт нонпазӣ танӯр мекафад. Пленка лозим нест, бояд девори танӯр бо лойи болояш часпад”.
Усто Абдураҳмон Маҳмудов дар мавриди истифодаи танӯр мегӯяд: “танӯри тафсонро бояд занҳо ҳангоми нонпазӣ об назананд, зеро танӯр мекафад. Лозим шавад, пушти нонро каме об молида, ба танӯр часпонидан даркор. Инчунин эҳтиёт бояд кард, ки ҳезумҳо девораҳои танӯрро аз дарун нахарошанд. Агар дуруст танӯрро шинонида, истифода бар, он то 8-10 сол хидмат мекунад”.
Бо назардошти танӯре, ки аз ҷониби ҳунармандони махсуси танӯрсоз сохта мешавад. Дар ноҳияҳои ҷануби кишвар низ бештар танӯри заминӣ маъмул аст, ки онро чаҳлак ё чакдон мегӯянд. Ба ин касб бештар занон машѓуланд. Чунки худи онҳо дар зиндагии хонаводагӣ ба нонпазӣ машѓуланд. Гуфтан бомаврид аст, ин ҳунари чакдонсозиро қариб ҳамаи занҳои деҳот анҷом дода метавонанд, инчунин, ҳастанд заноне, ки дар чакдонсозӣ маҳорат доранд ва барои сохтани чакдон ба хонаҳо даъват мешаванд. Ҳангоме, ки зани чакдонсоз ба сохтани чакдон машѓул мешавад, бевосита келин ва ё духтарони соҳибхона ба ӯ ёрӣ мерасонанд ва дар рафти чакдонсозӣ нозукиҳои ин касбро меомӯзанд. Барои сохтани чунин танӯр заминро конусшакл кофта, деворҳои онро бо лойи махсус андова ва устувор мегардонанд. Дар замонҳои пеш ин гуна оташдони шабеҳи танӯрро дар дохили хона ба таври амудӣ месохтанд ва он ҳамчун оташдон хизмат мекард. Дар болои ин танӯр дег гузошта хӯрок мепухтанд ва дар деворҳояш нон мебастанд, инчунин фазои хонаро низ гарм мекард.
Устои ҷавон Мирзохонов Ѓоибназар (с.т. 1987), сокини д. Меҳрободи ҷ.д. Машъали ноҳияи Вахш чакдонсозиро аз падараш Мирзохонов Асад омӯхтааст. Хоки танӯрро аз кӯҳ меоранд, ки дар таркибаш реги хурд дорад. Худи усто мегӯяд, ки ин хок дар кӯҳ аз офтоб ё раъду барқ месӯзад ва барои танӯрсозӣ тайёр мешавад. Барои як чакдон ё танӯр 8 сатил хок сарф мешавад. Хокро дар лагани калон (ванна) 2 рӯз тар карда, мемонанд. Сипас ба он коҳреза, пашми буз ва барги буттаи газро реза карда, меандозанд. Аз саҳар то нимрӯзӣ дар даруни лаган сум зада, баъди нимрӯзӣ лой барои танӯрсозӣ омода мегардад. Танӯрро дар қолиб месозанд. Қолиб иборат аз чуқурии умқаш 105-110 см буда, шакли чаппаи танӯрро дорад. Яъне диаметри даҳони чуқурӣ 90-100 см буда, тагаш, ки даҳони танӯр он ҷо шакл мегирад, 50 см мебошад. Лойро ба деворҳои қолиб бо ѓафсии 4-5 см мезананд. Сипас бо санги ҳамвор 3 рӯз, ҳар рӯз ду маротиба ба девораҳои танӯр сайқал мезананд. Ин амалро дар вақти саҳар ё бегоҳ иҷро мекунанд ва дар вақти гармии офтоб онро бо пленка ва латтаҳо пӯшонида мемонанд. Баъди 3 рӯз танӯр хушк шуда, аз девораҳои қолиб ҷудо мешавад. Танӯрро боз дар зери шуои офтоб 3-4 рӯзи дигар пурра мехушконанд ва он барои шинондан тайёр мешавад.
Дар як қолаб то 10 танӯр месозанд. Баъдан ҳаҷми қолиб васеъ шуда, маҳсули хуб намедиҳад. Боз қолибро дар дигар ҷой мекананд. Танӯрро ба замин шинонида, бояд 5 рӯз кӯрдуд андозанд. Баъзеҳо то як ҳафта, хазону таппак дуд мекунанд.
Танӯр вобаста ба сифат, маҳорати усто ва тарзи истифода бурданаш то 10-15 сол хизмат мекунад.
Ҳусейнзода Зафар


