ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ – ОМИЛИ САРБАЛАНДӢ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

Яке аз муқаддастарин рамзҳои давлатдорӣ Парчами давлатӣ ба шумор рафта, ифодагари соҳибихтиёрии давлат, истиқлоли давлатӣ, ваҳдат ва ҳастии миллии ҳар як давлат мебошад. Барои миллати тоҷик Парчам танҳо як рамзи расмӣ нест, балки таҷассумгари таърихи пурифтихор, фарҳанги қадима, ормонҳои миллӣ ва эътиқоди баланди муҳаббату садоқат ба Ватан аст. Эҳтиром ба Парчами давлатӣ эҳтиром ба давлат, миллат, таърих ва арзишҳои миллии он аст.

Таърихи давлатдории тоҷикон нишон медиҳад, ки ниёкони мо аз қадим ба дирафшу ливо ҳамчун рамзи муттаҳидӣ, озодӣ ва мубориза барои адолату Истиқлол арҷ мегузоштанд. Дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бахусус дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ симои «Дирафши коваёнӣ» ҳамчун рамзи мубориза бар зидди зулму истибдод ва талош барои озодӣ инъикос ёфтааст. Дирафш дар таърихи ниёгони мо мардумро гирди як мақсади умумӣ муттаҳид намуда, ба онҳо неруи мубориза ва боварӣ ба ояндаро мебахшид.

Агар ба давраҳои гуногуни таърихӣ назар афканем парчамҳо ва ливоҳо ҳамчун рамзи озодихоҳӣ ва давлатдорӣ истифода мешуданд. Ҳамаи ин далелҳо собит месозанд, ки эҳтиром ба рамзҳои давлатдорӣ дар фарҳанги сиёсиву маънавии тоҷикон решаҳои амиқи таърихӣ дорад. Барои гузаштагони мо дирафш нишонаи шараф, нангу номус ва садоқат ба сарзамини аҷдодӣ буд. Имрӯз ин арзишҳо дар шакли Парчами давлатии ҶТ идома дорад.

Баъди ба даст омадани Истиқлоли давлатӣ марҳилаи нави давлатдории тоҷикон оғоз гардид. Яке аз дастовардҳои муҳимми ин давра қабули рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин рӯйдод дар таърихи навини давлатдории тоҷикон аҳаммияти бузург дошта, барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ заминаи муҳим фароҳам овард.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои давлатии кишваранд. Парчам ҳамчун нишонаи соҳибихтиёрии давлату миллат, ваҳдату ягонагӣ ва дӯстиву бародарии сокинони кишвар мақоми хос дорад. Муносибат ба Парчами давлатӣ бояд бар пояи эҳтиром, муҳаббат ва масъулияти шаҳрвандӣ қарор дошта бошад.

Парчами давлатии Тоҷикистон аз се рахи уфуқии сурх, сафед ва сабз иборат буда, дар маркази он тоҷ ва ҳафт ситора ҷой гирифтаанд. Рангҳо ва унсурҳои он дорои маънои рамзӣ буда, дар маҷмуъ таъриху фарҳанг, сулҳу оромӣ, саъю талош барои пешрафт ва ормонҳои созандаи мардуми Тоҷикистонро ифода мекунанд. Тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун ҷузъҳои муҳимми рамзии Парчам баёнгари мақоми давлатдорӣ ва арзишҳои миллию фарҳангӣ маҳсуб меёбанд.

Шахсе, ки Ватанашро дуст медорад, бояд рамзҳои онро ҳам эҳтиром намояд. Парчам дар қалби ҳар як сокини ватандӯст ифтихор, масъулият ва садоқатро бедор мекунад. Вақте Парчами Тоҷикистон дар чорабиниҳои давлатӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ парафшон мешавад, он ҳамчун нишонаи ҳузури давлати соҳибистиқлол ва миллати соҳибфарҳанг дар назди ҷаҳониён намоён мегардад.

Имрӯз Парчами Тоҷикистон на танҳо дар дохили кишвар, балки дар арсаи байналмилалӣ парафшон аст. Афрохта шудани Парчами давлатӣ дар назди қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид яке аз нишонаҳои иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалӣ ва узви ҷомеаи ҷаҳонӣ будани кишвар аст. Ба ҳар як шаҳрванди тоҷик дидани Парчами миллӣ дар минбарҳои байналмилалӣ мояи ифтихор буда, ҳисси масъулиятро барои ҳифзи обрӯ ва нуфузи Ватан бештар менамояд.

Эҳтироми Парчами давлатӣ танҳо бо сухан маҳдуд намешавад. Он бояд дар рафтору муносибати ҳар як шаҳрванд ба Ватан, қонун, ҷомеа ва арзишҳои миллӣ таҷассум ёбад. Ҳифзи истиқлол, саҳмгузорӣ дар ободии кишвар, риояи қонун, эҳтиром ба дигарон, ҳифзи сулҳу субот ва масъулиятшиносӣ аз ҷумлаи амалҳоеанд, ки моҳияти воқеии садоқат ба Ватанро нишон медиҳанд.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 12 майи соли 2007 заминаи ҳуқуқии истифода ва ҳифзи рамзҳои давлатиро боз ҳам мустаҳкам намуд. Дар қонун тартиби афрохтан, ҷойгиркунӣ ва истифодаи Парчами давлатӣ дар мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, воҳидҳои ҳарбӣ, намояндагиҳои дипломатӣ муайян гардидааст. Риояи ин талабот аз муносибати эҳтиромона ба рамзи давлатӣ шаҳодат медиҳад.

Парчами давлатӣ дар ҳаёти ҳаррӯза ва маъракаҳои муҳимми кишвар ҷойгоҳи хос дорад. Дар рӯзҳои ид, ҷашнҳои миллӣ, чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва дигар маросими тантанавӣ парафшон гардидани Парчам муҳити идона ва ҳисси ифтихори миллиро бештар менамояд. Хусусан дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, вақте варзишгари тоҷик бо Парчами миллӣ дар майдон ҳозир мешавад ё ба хотири пирӯзӣ Парчами Тоҷикистон боло меравад, эҳсоси ягонагӣ ва ифтихори шаҳрвандӣ дар дили ҳазорон нафар ҷилвагар мешавад.

Бахусус барои хизматчиёни ҳарбӣ Парчам аҳаммияти махсус дорад. Қасам ёд кардан дар назди Парчами давлатӣ рамзи садоқат ба халқу Ватан, омодагӣ ба ҳифзи марзу буми кишвар ва иҷрои содиқонаи вазифаи шаҳрвандӣ мебошад. Барои сарбоз Парчам на танҳо нишонаи давлат, балки рамзи муқаддаси Ватан ва шарафи хизмати ҳарбӣ аст.

Кӯдакон ва наврасон бояд аз хурдӣ маънои рамзҳои давлатиро омузанд ва дарк намоянд, ки Парчам бо таърих, истиқлолият ва сарнавишти Ватани ӯ пайванди ногусастанӣ дорад.

Омузиши таърихи Парчам, иштирок дар чорабиниҳои ватандӯстона, эҳтиром ба Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ дар ташаккули худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ нақши муассир мегузорад.

Ҳар як миллат бо рамзҳои худ шинохта мешавад. Парчам бошад, яке аз равшантарин нишонаҳои ҳастии давлат аст. Он моро ба хотири гузашта, масъулияти имрӯза ва ҳадафҳои оянда ба ҳам мепайвандад. Вақте шаҳрванд ба Парчами худ эҳтиром мегузорад, дар асл ба таърих, фарҳанг, истиқлолият ва арзишҳои миллии хеш арҷ мегузорад.

Вазифаи шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки эҳтироми Парчами давлатиро ҳамчун як рукни муҳимми фарҳанги миллӣ ҳифз намоем. Муҳаббат ба Парчам бояд бо амалҳои созанда – омузиш, меҳнати ҳалол, риояи қонун, ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдат – пайванди ногусастанӣ дошта бошад. Зеро садоқати ҳақиқӣ ба Ватан на танҳо дар сухан, балки дар амал зоҳир мегардад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз рамзи истиқлолият, соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва ормонҳои созандаи мардуми кишвар мебошад. Он дар дилҳои шаҳрвандон эҳсоси ифтихор ва масъулиятро бедор намуда, ба насли наврас дарси ватандӯстӣ ва худшиносӣ медиҳад. Парафшонии Парчам моро ба сӯи ояндаи созанда ҳидоят карда, хотиррасон месозад, ки ҳифзи арзишҳои миллӣ ва давлатдорӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст.

Бигзор Парчами давлатӣ ҳамеша чун рамзи сулҳу ваҳдат, истиқлол ва саодати мардуми тоҷик парафшон бошад. Эҳтироми он дар қалби ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун нишонаи муҳаббат ба Ватан, садоқат ба давлат ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллӣ ҷойгоҳи устувор дошта бошад.

АБДУЛЛОЕВ Шамсуддин,

мудири шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносии ПИТФИ

 

барчасп: