НАҚШИ КИТОБХОНАИ МИРСАИД МИРШАКАР ДАР ҲАЁТИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН

Китобхона дар ҳаёти ҷомеа ҳамчун маркази муҳимми фарҳанг, маърифат ва тарбияи инсон мавқеи хос дорад. Он на танҳо ҷойи нигоҳдории китобҳо, балки маркази омузиш, тарғиби дониш, рушди тафаккур ва ташаккули ҷаҳонбинии инсон мебошад. Яке аз вазифаҳои асосии китобхона ҷамъоварӣ, ҳифз, мураттабсозӣ ва дастраси хонандагон гардонидани адабиёти гунонгунмазмун мебошад. Китобхона барои ҳар як шахс имконият фароҳам меорад, ки мустақилона дониш омузад, маълумоти зарурӣ пайдо кунад ва қобилияти зеҳнии худро инкишоф диҳад. Китобхона инчунин дар тарбияи маънавӣ, ахлоқӣ ва ватандӯстии шаҳрвандон саҳми арзанда мегузорад. Тавассути мутолиаи асарҳои бадеӣ, таърихӣ, илмӣ ва фарҳангӣ инсон бо арзишҳои миллӣ, анъанаҳои мардумӣ ва дастовардҳои илму фарҳанги ҷаҳонӣ шинос мешавад.

Дар замони имрӯза фаъолияти китобхонаҳои бачагона дар Тоҷикистон назар ба гузашта хеле фарқкунанда аст. Зеро кормандони китобхонаҳо кӯшиш менамоянд, ки барои ҷалби кӯдакон ба китобхонӣ ва зиёд шудани талаботи китобхонӣ аз нақшаҳои гуногун истифода кунанд. Дар ин хусус маълум мешавад, ки фаъолияти чунин китобхонаҳо барои тарзи дурусти хизматрасонӣ ба кӯдакон ва хонандагон мебошад. Кормандон кӯшиш мекунанд, ки барои ҳар як хонанда тибқи синну сол ба онҳо китобҳои мувофиқ пешниҳод намоянд. Масалан, барои ҷалб намудани кӯдакон китобҳои дорои расмҳои ҷолиб афсонаҳо, шеърҳо, ҳикояҳои шавқманд пешниҳод мекунанд. Барои наврасон бошад, аз китобҳои бадеӣ, равоншиносӣ, тарбиявӣ ва ғайра пешниҳод мегарданд. Аз ҳамин сабаб хонандагон метавонанд, аз шароити хуби имрӯза истифода баранд, то худро ба олами китоб ворид намуда, ҳам сатҳи дониши илмӣ ва ҳам маърифатии худро баланд бардоранд. Инчунин бо пешрафти техникаву технология фаъолияти китобхонаҳо нисбатан васеъ гардида, ба воситаи он хонандагон метавонанд маълумоти лозимаро дастрас намоянд. Бо вуҷуди рушди технологияҳои электронӣ ва густариши дастрасӣ ба китобҳои рақамӣ, китобҳои чопӣ то имрӯз мавқеи устувори худро дар ҷомеа нигоҳ доштаанд. Ҳамчунин яке аз вазифаҳои муҳимтарини китобдорон нигоҳ доштани робитаи пайваста бо хонандагон ва ҷалби онҳо ба китобхонӣ мебошад. Китобдорон метавонанд бо муносибати хуб ва эҳтиром ба онҳо, хонандагонро ба ҷалб намудани китобхона ва шавқу рағбати китобхонӣ зиёд намоянд. Китобхонаҳои бачагона дар вақти холии кӯдакон ба онҳо имконият медиҳад, ки дар инҷо бо китобҳои гуногун шинос шуда, дониш ва ҷаҳонбинии худро васеъ намоянд. Ҳамчунин гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ ва маҳфилҳои китобхонӣ шавқи онҳоро ба мутолиа бештар мегардонад. Ҳатто китобҳое, ки онҳо мехонанд ба ҳаёти ҳаррӯзаи онҳо таъсир расонида, онҳо метавонанд дарк кунанд, ки чӣ тавр байни ҳамдигар муносибат кунанд. Масалан, наврасон бо истифода аз китобҳои тарбиявӣ  метавонанд эҳтироми калонсолон, дӯст доштани оила, ростқавлӣ ва масъулиятшиносиро омузанд. Ҳатто баъзе аз китобҳо метавонанд барои наврасон дар интихоби касбу фаъолияти худ саҳми беназир гузоранд. Аз ҳамин сабаб китобхонӣ на танҳо сатҳи дониши онҳоро баланд мекунад, балки тарзи муносибати онҳо ба зиндагиро низ тағйир диҳад. Яке аз чунин китобхонаҳо, ки ба сатҳи саводнокии насли наврас саҳми арзандаи худро гузоштааст, ки ин Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар мебошад. Мирсаид Миршакар яке аз шоирони шинохтаест, ки бештар дар самти адабиёти бачагона эҷод намуда, саҳми арзандаи худро гузоштааст. Ӯ дар эҷодиёти худ ба ҳаёти кӯдакон, шавқу завқ, орзуву хоҳиш ва муносибати онҳо ба муҳити атроф диққати махсус медод. Асарҳои шоир бо забони фаҳмо ва тарзи баёни содда навишта шуда, барои хонандагони хурдсол шавқовар мебошад. Мирсаид Миршакар 5 майи соли 1912 дар деҳаи Синдеви ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шудааст. Ӯ аз овони ҷавонӣ ба адабиёт ва фаъолияти эҷодӣ майл пайдо карда, баъдтар тамоми фаъолияти худро ба кори адабӣ ва ҷамъиятӣ бахшидааст. Шоир соли 1993 дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшидааст.

Китобхонаи Мирсаи Миршакар 23 январи соли 1974 бо фармони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе таъсис ёфта, 27 сентябри ҳамон сол расман ба фаъолият оғоз намудааст.  Дар давраи оғози фаъолият имкониятҳои китобхона ҳанӯз маҳдуд буданд. Фонди нахустини он аз 220 нусха китоб иборат буд. Бо дастгирии давлат ва саҳми дӯстдорони китоб адабиёти он сол то сол ғанӣ гардид. Бо зиёд шудани фонди китобҳо зарурати беҳтар намудани фаъолияти дохилии китобхона низ ба миён омад. Дар натиҷа, фаъолияти он ба шуъбаҳо тақсим карда шуд: шуъбаи такмил ва баррасии адабиёт, шуъбаи хизматрасонӣ ва шуъбаи илмӣ-методӣ ва маълумотдиҳии библиографӣ. Ҳар яке аз ин шуъбаҳо дар ташкили дурусти кори китобхона ва қонеъ намудани талаботи хонандагон вазифаи муайянро иҷро мекунад. Мувофиқи манбаъҳои муътамад фонди умумии китобхона ба 97474 нусха расида, ҳамасола тақрибан 4500 нафар хонанда аз он истифода мебаранд. Яке аз руйдодҳои муҳимми таърихи китобхона соли 2003 ба ҳисоб меравад. Дар ин сол бо қарори Ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он номи шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар дода шуд. Ин иқдом нишонаи эҳтиром ба фаъолияти эҷодӣ ва хизматҳои шоир дар соҳаи адабиёти кӯдакона мебошад. Дар баробари ҷамъоварӣ ва нигоҳдории адабиёт, китобхона барои баланд бардоштани шавқи хонандагон ба мутолиа корҳои гуногуни фарҳангӣ ва маърифатӣ мегузаронад. Кормандони китобхона дар пешбурди фаъолияти фарҳангӣ ва маърифатии он саҳми назаррас доранд. Онҳо барои ҷалби бештари кӯдакону наврасон ба китобхонӣ чорабиниҳои гуногун ташкил намуда, хонандагонро бо асарҳои нависандагону шоирони тоҷик ва ҷаҳон шинос мекунанд. Ҳамчунин, барои баланд бардоштани шавқу рағбати насли наврас ба мутолиа ва рушди ҷаҳонбинии онҳо пайваста кӯшиш менамоянд. Чунин фаъолият ба ташаккули муҳити дӯстдоштаи  китобхонӣ мусоидат мекунад.

Ҳамин тавр китобхонаи бачагонаи  ҷумҳуриявӣ ба номи устод Мирсаид Миршакар дар ҳаёти фарҳангӣ ва маърифатии насли наврас мақоми хосси худро дорад. Аз ин бар меояд, ки фаъолияти чунин муассисаҳо на танҳо барои маълумот гирифтан аст балки барои баланд бардоштани сатҳи дониш, тафаккур, одобу ахлоқ, тарзи дуруст гуфтугӯ кардан бо ҷомеа ва омода кардан ба зиндагии оянда мебошад. Ҳар як шахс агар аз хурдӣ ба мутолиа шавқ пайдо кунад, барои оянда  қадами муҳиммро мегузорад ва дар роҳи донишомӯзиву худшиносӣ таҷрибаи арзишманд  ба даст меорад.  

Аз ин рӯ зарур аст, ки дар ҳар як оила ва муассисаи таълимӣ ба китобхонии кӯдакон аҳаммияти ҷиддӣ дода шавад. Зеро муҳаббат ба китоб шавқ пайдо кардан ба мутолиа аз хурдӣ оғоз ёфта, метавонад дар тамоми умр ҳамсафари инсон гардад.                                                                 

       Алимзода Матлюба,

ходими илмии шуъбаи фаъолияти

китобдории ПИТФИ

                                                                                                                                                       

 

барчасп: