ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ – РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рамзҳои асосии соҳибихтиёрии кишвар буда, таърихи қабули он бо марҳилаи нави давлатдории тоҷикон пайванди мустақим дорад. Парчами кунунии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ба рамзи истиқлолияти сиёсӣ, ягонагии давлат ва ҳувияти миллии тоҷикон табдил ёфт. Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ барои омӯзиши таърихи рамзҳои давлатдорӣ, шинохти арзишҳои миллӣ ва таҳкими эҳтиром ба муқаддасоти кишвар аҳаммияти хос дорад.

23 ноябри соли 2026 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Парчами давлатӣ –рамзи давлатдорӣ ва ҳувияти миллӣ» мизи мудаввар баргузор гардид. Дар ҳамоиш масъалаҳои таърихи ташаккул, мазмуну муҳтавои рамзҳои Парчами давлатӣ, ҷойгоҳи он дар таҳкими худшиносии миллӣ ва аҳаммияти фарҳангию маънавии ин муқаддасоти давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамоишро директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, номзади илмҳои таърих Сафарзода Некрӯз Шодӣ ифтитоҳ намуд. Дар сухани ифтитоҳӣ ба ҷойгоҳи Парчами давлатӣ дар низоми рамзҳои давлатдории миллӣ ва зарурати омӯзиши ҷанбаҳои таърихию фарҳангии он таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Аз ҷумла, масъалаи робитаи рамзҳои давлатӣ бо хотираи таърихӣ, анъанаҳои давлатдории тоҷикон ва ташаккули худшиносии миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сипас, мудири бахши фарҳанги ғайримоддии Маркази мероси фарҳангии тоҷикон Зафар Ҳусейнзода дар мавзуи «Рамзкушоии рангҳо ва тоҷ дар Парчами давлатии Тоҷикистон» суханронӣ намуд. Мавзуи маъруза ба таҳлили маънои рангҳои сурх, сафед ва сабз, инчунин ҷойгоҳи тоҷ ва ҳафт ситора дар сохтори Парчами давлатӣ бахшида шуда буд. Дар ин замина, масъалаҳои тафсири рамзҳо аз дидгоҳи таърих, фарҳанг ва анъанаҳои маънавии халқи тоҷик мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Ходими пешбари илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ Мунаввар Сафаров дар мавзуи «Парчами давлатӣ - намоди сарбаландии миллат» маъруза кард. Дар доираи ин мавзуъ ҷойгоҳи Парчами давлатӣ ҳамчун нишонаи соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва ифодаи мансубияти шаҳрвандон ба давлати мустақил баррасӣ гардид. Ҳамзамон, аҳаммияти тарбиявии рамзҳои давлатӣ дар ташаккули ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Мавсуф ҳамчун рӯзноманигори соҳибтаҷриба аз мусоҳибааш бо академик Раҷаб Амонов ёдовар шуд ва далоилеро баҳри тақвияти гуфтаҳояш ба ҳозирин ироа кард.

Дар идомаи мизи мудаввар ходими калони илмии Маркази мероси фарҳангии тоҷикон Шамъигул Каримова дар мавзуи «Мақоми фарҳангии Парчами давлатӣ дар низоми байналмилалӣ» суханронӣ намуд. Мавзуи мазкур ба ҷойгоҳи Парчами Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалӣ, маросимҳои расмӣ, ҳамкориҳои фарҳангӣ ва муаррифии давлат дар арсаи ҷаҳонӣ иртибот дошт. Парчами давлатӣ дар чунин муносибатҳо ҳамчун аломати шинохти ҳуқуқӣ ва фарҳангии кишвар истифода гардида, ҳузури Тоҷикистонро дар чорабиниҳои байналмилалӣ муаррифӣ менамояд. Ҳамзамон Ш. Каримова аз сарчашмаҳои илмии марбут ба мавзуъ махсус ёдовар шуд. Аз таҳқиқоти таърихшиноси фаронсавӣ Мишел пастиуро оид ба рамзи рангҳо ва шарқшиноси варзидаи рус Евгений Бертелс дар мавриди рамзшиносӣ дар адабиёту фарҳанги мардуми Осиёи Миёна, Парчам ва дипломатияи фарҳангӣ иқтибосҳо оварда шуданд, ки ба маъруза ҳусни тозае бахшид.

Ҳамчунин, ходими калони илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ Саъдӣ Мирзоев дар мавзуи «Ливои нангу ору ном» маъруза пешниҳод кард. Мавзуи суханронии ӯ ба ҷойгоҳи парчам дар тасаввуроти таърихию фарҳангии тоҷикон, робитаи он бо мафҳумҳои шараф, номус ва ифтихори миллӣ, инчунин аҳаммияти ливо дар анъанаҳои давлатдорӣ ва фарҳанги мардумӣ бахшида шуда буд. Ҳамзамон аз ҷониби С. Мирзоев ду порчаи шеърӣ, ки яке ба Ватан ва дигаре ба Парчам бахшида шуда буд, қироат гардид.

Дар бахши мубодилаи афкор аз ҷониби мутахассисони пешбари илмӣ Эшонқулов Эшонқул, Абдуллоев Шамсуддин ва дигарон масъалаҳои марбут ба омӯзиши таърихи Парчами давлатӣ, маънои рамзҳои он ва роҳҳои густариши маърифати таърихию фарҳангӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

барчасп: