“Ҷашн гирифтани Рўзи парчам - эҳтиром ба рўҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тўли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расонидаанд. Яъне ин эҳтиром ба рўҳи равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рўдакиву Фирдавсӣ ва садҳо абармардони гузаштаи мост”, изҳор доштанд Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Яқинан, парчам ҷузъе аз фарҳанги миллист, ки дар умум он таҷассумгари рамзи давлатдорӣ, соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ ва таърихи пурифтихори кӯҳани миллати тоҷик мебошад. Инсоният барои ифодаи арзишҳову эътиқод, дар тамоми марҳилаҳои рушди тамаддуни башарӣ аз рамзҳо истифода кардааст. Аз ин рӯ қабл аз шинохти ҳувияти милливу мустақил гардидани давлатҳо аз нишонаҳои ба монан ди шамшеру чарму матоъ, чӯбу рангҳо, ва амсоли инҳо корбурд мегардид. Бо мурири замону пас аз аҳодиси пурпечутоби таърихӣ он нишонаҳои муаррификунанда ба як порча матои рангин, ки рамзи пурқудрати таърихӣ ва сиёсӣ мебошад, табдил ёфт. Аслан, он забонест, ки бидуни ҳарф задан, сухан гуфта, бо парафшон гаштанаш дар саросари ҷаҳон фаҳмида мешавад.
Имрӯз, дар раванди робитаҳои байналмилалӣ парчам ифодагарӣ нишони расмии соҳибихтиёрӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳувияти миллии ҳар давлат шинохта мегардад. Ҳар яке новобаста аз масоҳати қаламраву шумораи аҳолӣ ё иқтидори иқтисодии кишвар, ҳуқуқи муаррифии баробарии давлатро доранд. Аз ин лиҳоз, парчамро метавон шиносномаи маънавии миллат дар арсаи байналмилалӣ номид.
Дар ин замина, мақоми фарҳангии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари унсури расмии сиёсӣ гаштанаш мунъакискунандаи омили муҳими худшиносии миллӣ, пайванди наслҳо ва арзиши умумибашарӣ дар низоми муосири байналмилалӣ мебошад.
Бояд қайд намуд, ки омӯзиши парчамҳо низ як илми алоҳида буда, аз нигоҳи илмӣ онро вексиллология (vexillology) ном мебаранд. Поягузори истилоҳи мазкур муҳаққиқи амрикоӣ Whitney Smith аст, ки дар нимаи дуюми асри XX барои рушди минбаъдаи илми парчамшиносӣ дар доираи таҳқиқоти соҳаи мустақил замина гузошт. Дар китобаш, ки “Flags through the ages and across the world” унвон гирифтааст, навиштааст: “Парчам дар баробари вазифаи тамйизу муаррификунониаш, эътибори муттаҳидсозандагӣ низ дорад. Яъне он метавонад ҳамчун маркази рамзии ҳамбастагӣ ва ваҳдати устувори ҷомеа ҳаракат намояд”. Моҳияти назариявии ин андеша дар симои Парчами давлатии Тоҷикистон таxассум гардида, маҳз парчами миллӣ тавассути муттаҳид сохтани хотираи таърихӣ ва ормонҳои муштараки шаҳрвандон ба рамзи ваҳдати миллӣ табдил ёфтааст.
Таърихшиноси машҳури фаронсавӣ, мутахассиси рамзшиносии рангҳо Michel Pastoureau аспекти омӯзиши муносибати байни рангҳои парчамҳоро дар робита бо рамз, хотираи таърихӣ ва ҳувияти фарҳангӣ дар таҳқиқоти худ нишон додааст, ки рангҳо дар фарҳангҳои гуногун танҳо хусусияти зоҳирӣ ё эстетикӣ надоранд, балки дар натиҷаи таҷрибаи таърихӣ ва иҷтимоӣ соҳиби маъноҳои муайян мегарданд. Ҳамчунон шарқшиноси маъруфи рус Евгений Эдуардович Бертельс дар таҳқиқоти худ оид ба таърихи адабиёт ва фарҳанги халқҳои Осиёи Миёна таъкид мекунад, ки санъати рамзшиносӣ ва истифодаи аломатҳои мафкуравӣ дар фарҳанги тоҷикон дорои мазмуни амиқи фалсафӣ буда, дар осори классикони адабиёти тоҷик ва сарчашмаҳои қаҳрамонони эпоси миллӣ рамзу нишонаҳо ва дирафшҳо ифодагари шараф, мардӣ ва озодихоҳӣ тасвир ёфтаанд, ки ин анъанаи дерина имрӯз дар Парчами давлатии Тоҷикистон мазмуни тоза гирифтааст.
Дақиққан ҷиҳати аҳаммияти назаррас доштани таҳқиқи ин раванд дар мақолаи муҳаққиқи эроншинос Habib Borjian таҳти унвони “Flags III. of Tajikistan” дар донишномаи бонуфузи байналмилалии Encyclopaedia Iranica нашр гардидааст, ки асоси маводи таърихи парчамҳои марбут ба қаламрави Тоҷикистони имрӯзаро аз давраи аморати Бухоро ва ҳаракатҳои сиёсии ибтидои асри XX то ташаккули рамзҳои давлатии даврони шӯравӣ ва истиқлолият мавриди баррасӣ қарор дода, ба парчами аморати Бухоро, рамзҳои ҳаракатҳои сиёсӣ ва тағйироти парчами Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ намуда, қабули парчами нави Тоҷикистонро 24 ноябри соли 1992 ҳамчун марҳилаи муҳимми таърихии рамзҳои давлатӣ арзёбӣ мекунад. Дар ин раванд, қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини давлатдории тоҷикон рӯйдоди дорои аҳаммияти бунёдӣ маҳсуб меёбад.
Дар муносибатҳои байналмилалӣ парчам яке аз нишонаҳои расмии муаррифии давлат буда, эҳтизоз гаштани он дар фаъолияти дипломатӣ, муносибатҳои байнидавлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, чорабиниҳои расмӣ ва ҳамкориҳои фарҳангӣ мунъакис мегардад. Моҳияти ин масъала бо принсипи баробарҳуқуқии соҳибихтиёрии давлатҳо алоқамандии мустақим дорад. Мувофиқи банди 1 – и моддаи 2 – Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, созмон бар асоси принсипи баробарии соҳибихтиёрии ҳамаи давлатҳои узв бунёд ёфтааст. Ин принсип новобаста аз қаламрав, аҳолӣ, имкониятҳои иқтисодӣ ва иқтидори ҳарбии давлатҳо баробарии ҳуқуқии онҳоро эътироф менамояд. Аз ин рӯ, Парчами давлатии Тоҷикистон дар қатори парчамҳои дигар кишварҳо дар чорабиниҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ниҳодҳои бонуфузи байналмилалӣ мақоми расмии муаррифӣ ва шинохти давлатро доро мебошад.
Масъалаи дигари муҳим дар ин замина нақши парчам дар дипломатияи фарҳангӣ мебошад. Дипломатияи фарҳангӣ яке аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии давлатҳои муосир буда, тавассути муаррифии таърих, забон, адабиёт, санъат, арзишҳои маънавӣ ва дастовардҳои тамаддунӣ симои мусбати давлатро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаккул медиҳад. Парчам дар ин раванд рамзи ягонаву шинохташавандаи миллат амал мекунад. Ҳангоми баргузор намудани рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ, намоишгоҳҳои байналмилалӣ, ҷашнвораҳои ҳунарӣ, ҳамоишҳои илмӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва дигар чорабиниҳои байналмилалӣ парафшон гардидани Парчами давлатӣ ба маънои ҳузури расмии фарҳанг ва давлатдории тоҷикон дар муҳити байналмилалӣ амал мешавад.
Бад-ин минвол, парчам яке аз воситаҳои муаррификунандаи мероси фарҳангии миллат арзёбӣ гашта, бо дидани Парчами Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналмилалӣ, симои кишвар бо тамаддуни қадимаи ориёӣ, таърихи давлатдории Сомониён, осори Рӯдакиву Фирдавсӣ, фарҳанги шаҳрсозии таърихӣ, мероси илмии донишмандони тоҷик ва табиати нотакрори сарзамини кӯҳистон пайванд мехӯрад. Парчам дар дохили кишвар эҳсоси ягонагии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандиро тақвият бахшида, дар хориҷ аз он симои таърихию фарҳангии давлатро муаррифӣ мекунад.
Каримова Шамъигул,
ходими калони илмии
Марази мероси фарҳангии
тоҷикони ПИТФИ.

