Яке аз рукнҳои муҳими рушди ҷомеа, омили таҳкими худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои таърихию маънавӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандустӣ фарҳанг маҳсуб меёбад. Дар шароити ҷаҳонишавии муосир фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ на танҳо ба ташкили чорабиниҳои оммавӣ, балки ба рушди истеъдодҳо, ифтихор ва баланд бардоштани маърифати аҳолӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ, расму русум ва ташаккули завқи зебоипарастии ҷомеа равона шудааст. Вобаста ба ин омузиши вазъи воқеии муассисаҳои соҳа, муайян намудани дастовардҳо ва мушкилоти онҳо барои муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди фарҳанг аҳаммияти хосса дорад.
Дар санаи гурӯҳи кории Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот (ПИТФИ) ба ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон сафари хизматӣ анҷом дод. Ҳадафи асосии сафар омузиши фаъолияти муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг ва санъат, таҳқиқи фаъолияти муассисаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, шиносоӣ бо шароити моддию техникии онҳо ва муайян намудани мушкилоту рушди соҳа иборат буд.
Дар доираи маълумоти пешниҳоднамудаи Бахши фарҳанг дар ҳудуди ноҳия 35 муассисаи фарҳангӣ фаъолият менамояд. Ба онҳо 2 клуб, 1 китобхонаи марказӣ, 1 китобхонаи бачагона, 22 китобхонаи деҳотӣ, 1 боғи фарҳангиву фароғатӣ, 1 мактаби бачагонаи санъати мусиқӣ, 1 осорхона ва 6 хонаи фарҳанг дохил мешаванд.
Нишондиҳандаҳо аз мавҷудияти заминаи муайяни инфрасохтори фарҳангӣ дар ноҳия шаҳодат медиҳад. Фаъолияти муассисаҳои мазкур барои қонеъ гардонидани талаботи маънавии аҳолӣ, ҷалби ҷавонон ба чорабиниҳои фарҳангӣ ва густариши фазои фарҳангии маҳал нақши муҳим дорад.
То ин вақт аз ҷониби кормандони соҳаи фарҳанги ноҳия 154 чорабинии сиёсӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва корҳои оммавию фаҳмондадиҳӣ бо иштироки 14 ҳазору 322 нафар шаҳрванд баргузор гардидааст. Чорабиниҳои ташкилшуда бахшида ба ҷашни Сада, Рузи Артиш, Рузи Модар, Наврузи байналмилалӣ ва барномаҳои гуногуни «Соли фарҳанги китобхонӣ», ки дар онҳо семинарҳои омӯзишӣ ва намоишҳои китобӣ ташкил карда шудаанд, равона гардидааст.
Фаъолият хуби муассисаҳои фарҳангӣ нишон медиҳанд, ки дар татбиқи сиёсати фарҳангии давлат ва тарғиби арзишҳои миллӣ саҳми назаррас доранд. Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Facebook, барои паҳн намудани иттилооти фарҳангӣ ва маърифатӣ имкониятҳои нав фароҳам овардааст.
Муассисаҳои муҳими фарҳангии ноҳия Қасри фарҳанги Ҷайҳун аст, ки соли 1938 таъсис ёфтааст. Бинои он бо ташаббуси мақомоти дахлдор ва ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ пурра таъмир гардида, барои баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Толори намоишии муассиса дорои 331 ҷойи нишаст буда, бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Дар маҷмӯъ, дар қасри фарҳанг 42 нафар корманд фаъолият мекунанд. Яке аз масъалаҳои муҳими фаъолияти Қасри фарҳанг норасоии мутахассисони соҳаи санъат мебошад, ки дар ин бора директори қасри фарҳанг иброз дошт. Ба гуфтаи роҳбарияти муассиса, барои таъсиси ансамбли рақсӣ талошҳои зиёд сурат гирифтаанд, аммо норасоии мутахассисон ва ҷудо нагардидани воҳидҳои кории алоҳида ба ҳалли ин масъала монеа эҷод мекунад. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки рушди инфрасохтори фарҳангӣ бояд бо таҳкими заминаи кадрӣ амалӣ гардад. Зеро мавҷудияти бинои таъмиршуда ва толори муҷаҳҳаз худ аз худ фаъолияти босамари эҷодиро таъмин карда наметавонад.
Дар раванди омузиш фаъолияти Мактаби бачагонаи санъати ноҳияи Ҷайҳун ба номи Буйдоқов мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Дар муассисаи мазкур 115 нафар хонанда таҳсил намуда, 12 омӯзгор ба таълиму тарбияи онҳо машғуланд. Аз рӯйи самтҳои гуногуни санъат, аз ҷумла фортепиано, рубоб, рассомӣ, созҳои зарбӣ, созҳои нафасӣ, флейта, скрипка, рақс ва дӯзандагӣ таълим дода мешавад. Гуногунсамтии таълим имконият медиҳад, ки хонандагон қобилияту истеъдоди худро дар соҳаҳои мухталифи санъат инкишоф диҳанд.
Бо вуҷуди шароити маҳдуди моддию техникӣ, хонандагони мактаб ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд. Аз ҷумла, соли 2022 дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ҷойи дуюм ва соли ҷорӣ дар озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ – китоб аст” ҷойи сеюмро соҳиб шудаанд. Ин дастовардҳо аз маҳорати омӯзгорон, қобилияти эҷодии хонандагон ва мавҷудияти неруи ҳунарии ҷавонони ноҳия дарак медиҳад.
Вале, мушкилоти асосии муассиса набудани бинои алоҳида аст. Бинои ҳозираи мактаб, ки соли 1973 сохта шудааст, ба Кинофикатсияи Тоҷикистон тааллуқ дошта, муассиса барои таъмиру таҷдиди он аз маблағҳои бахши фарҳанг мустақилона истифода бурда наметавонад. Илова бар ин, норасоии созҳои зарбӣ, созҳои нафасӣ, рубоб, аккордеон ва воситаҳои рассомӣ ба раванди таълим таъсири манфӣ мерасонад.
Бояд қайд намуд, ки ҳалли масъалаи таъмини мактаб бо бинои алоҳида ва таҷҳизоти таълимӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи рушди санъати кудакона маҳсуб меёбад.
Омузиши фаъолияти хонаҳои фарҳангии ноҳия нишон дод, ки қисми зиёди онҳо дар биноҳои аз замони шуравӣ боқимонда фаъолият мекунанд. Масалан, бинои Хонаи маданияти шаҳраки 9, ки соли 1956 мавриди истифода қарор гирифтааст, ба таъмиру таҷдиди ҷиддӣ ниёз дорад. Бо дастгирии раиси маҳалла ва сокинон дар он баъзе корҳои таъмирӣ, аз ҷумла таъмири болопӯш ва рангубори қисмати поёнии бино анҷом дода шудаанд. Дар ин муассиса ҳамагӣ се нафар корманд фаъолият дорад. Ин ҳолат аз маҳдуд будани имкониятҳои кадрӣ барои ташкили чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ шаҳодат медиҳад.
Мушкилоти дигар ин аст, ки биноҳои хонаҳои фарҳанги ноҳия дар ҷамоатҳои деҳоти Панҷ, Пахтакор, Қумсангир, Истиқлол, Ваҳдати миллӣ ба таъмир ниёз доранд. Масъалаи беҳтар намудани вазъи онҳо бояд дар доираи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии маҳал мавқеи муҳим дошта бошад.
Фаъолияти Театри мардумии ноҳияи Ҷайҳун, ки соли 1981 таъсис ёфтааст, аз самтҳои ҷолиби ҳаёти фарҳангии ноҳия ба ҳисоб меравад. Театр бо пешниҳоди намоишномаҳо ва саҳначаҳои ҳаҷвӣ дар ташаккули завқи бадеӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ ва фароғати маънавии сокинон саҳм мегузорад.
Натиҷаҳои омӯзиши фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ ва таълимии ноҳияи Ҷайҳун нишон медиҳанд, ки соҳа дорои имкониятҳои муайяни ташкилӣ, кадрӣ ва эҷодӣ аст. Баргузории чорабиниҳои сершумор, фаъолияти китобхонаҳо, дастовардҳои хонандагони мактаби бачагонаи санъат ва таҷдиди Қасри фарҳанг аз равандҳои мусбати рушди соҳа шаҳодат медиҳанд.
Норасоии мутахассисони соҳавӣ, маҳдуд будани имкониятҳои моддию техникӣ, фарсудашавии биноҳои хонаҳои фарҳанг ва набудани бинои алоҳида барои мактаби бачагонаи санъати ба номи Буйдоқов масъалаҳое мебошанд, ки ҳалли саривақтии онҳо зарур аст.
Бо дарназардошти ҳолати мавҷуда, барои рушди минбаъдаи соҳаи фарҳанг ҳалли масъалаҳои дар поён овардашуда қобили қабул аст:
а). Ҷудо намудани бинои алоҳида ба Мактаби бачагонаи санъати ба номи Буйдоқов ва бо созҳои мусиқии зарурӣ таъмин намудани он;
б). Ҷалби мутахассисони ҷавон ба соҳаи фарҳанг дар ноҳия, бахусус дар самтҳои мусиқӣ ва санъати саҳнавӣ;
в). Таъмиру таҷдиди марҳилавии хонаҳои фарҳанг ва беҳтар намудани шароити моддию техникии онҳо;
г). Таъсиси ансамбли рақсӣ ва гуруҳи ҳунарии халқӣ;
д). Тақвияти ҳамкорӣ бо соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва ҷомеа;
е). Истифодаи васеи технологияи иттилоотии муосир ва тарғиби арзишҳои фарҳангӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Дар маҷмуъ, рушди фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун аз муносибати дастаҷамъона, дастгирӣ ва ташаббусҳои маҳаллии шаҳрвандон, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб вобастагии калон дорад.
Муҳим он аст, ки муассисаҳои фарҳангӣ на танҳо ҳамчун марказҳои баргузории чорабиниҳо, балки ҳамчун макони тарбияи маънавӣ, кашфи истеъдодҳо ва ҳифзи мероси фарҳангии миллӣ фаъолият намоянд.
Шамсуддин АБДУЛЛОЕВ,
Душанбе-Ҷайҳун-Душанбе



