ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ – РАМЗИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ, ВАҲДАТ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

Парчами давлатӣ яке аз муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои муҳими давлатдорӣ ба шумор меравад. Он таҷассумгари соҳибистиқлолӣ, озодӣ, ваҳдати миллӣ, таърихи пурифтихор ва ормонҳои созандаи халқ мебошад. Ҳар як миллат бо рамзҳои давлатӣ- Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ- худро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ мекунад. Парчам бошад, дар миёни ин рамзҳо ҷойгоҳи хос дошта, эҳсоси ифтихор, ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро дар қалби шаҳрвандон бедор месозад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рангу шакли хос ва рамзҳои маънодори худ таъриху фарҳанг, ормон ва ҳувияти миллии тоҷиконро ифода мекунад. Рангҳои он-сурх, сафед ва сабз-ҳар кадом маънои рамзӣ доранд. Сурхро метавон рамзи шуҷоат, мубориза ва ҷоннисориҳо дар роҳи озодӣ, сафедро рамзи покӣ, сулҳу осоиш ва нияти нек, сабзро бошад, рамзи табиат, ободонӣ сарсабзӣ ва зиндагӣ маънидод кард. Тоҷ ва ҳафт ситора дар маркази Парчам низ аз давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва арзишҳои миллӣ ёдрас менамояд.

Идеяи интихоби рангҳои Парчами давлатӣ аз шууру мафкура ва қалби саршор аз меҳри ватандоштаи муаллифони ин асари рассомӣ – Зуҳур Ҳабибуллоев, Анатолий Заневский, Муҳаммад Саидалиев, Лариса Додихудоева ва Наталия Игнатушева бархостааст. Бо эълон шудани озмуни Нишон ва Парчами давлатӣ аз тарафи Ҳукумат 21 апрели соли 1991 зиёда аз 250 номгӯйи асар ба комиссияи озмун пешниҳод гардида буд. Тасвирҳо рақамгузорӣ ва номи рассомон махфӣ нигоҳ дошта мешуданд. Ҳакамон кори гурӯҳи эҷодии Зуҳур Ҳабибулоев – Рассоми халқии Тоҷикистонро интихоб кард. Аз моҳи июни соли соли 1991 то моҳи сентябри соли 1992, то он замоне ки ҳакамон кори онҳоро ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар Хуҷанд дархост намуданд, дар ин муддат ин гурӯҳ барои беҳсозии сифати мусаввараҳо корро идома доданд. Шурои Олӣ Парчам ва Нишони давлатиро қабул кард ва моҳи ноябри соли 1992 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки он вақт Раиси Шурои Олӣ буданд, Парчами навро афрохтанд. Ин рӯйдод дар марҳалаҳои ҳассоси таърихи кишвар аҳамияти бузург дошт. Қабули Парчам баёнгари талоши мардум барои бунёди давлати мустақил, муайян намудани роҳи минбаъдаи рушди миллӣ ва эҳёи арзишҳои давлатдорӣ буд. Аз он рӯз ин ҷониб Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи ягонагӣ ва соҳибихтиёрии кишвар дар муассисаҳо, майдонҳо ва чорабиниҳои расмӣ парафшон аст.

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол санаҳои муҳими таърихӣ ва миллӣ бо шукӯҳу шаҳомоти хоса таҷлил мешаванд. Рӯзи Парчами давлатӣ, ки ҳамасола 24 ноябр, таҷлил мегардад, ба ҷашни умумимиллӣ табдил ёфтааст. Дар ин рӯз чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ ва варзишӣ баргузор шуда, насли наврасу ҷавон бо таърихи рамзҳои давлатӣ, арзишҳои истиқлол ва аҳамияти ҳифзи ваҳдати миллӣ бештар ошно мегардад.

Ҷашни Парчам танҳо маросими идона нест, он имкониятест барои андеша дар бораи масъулияти ҳар шаҳрванд дар назди Ватан.

Парафшон будани Парчами давлатии Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар, аз ҷумла дар назди намояндагиҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва чорабиниҳои сатҳи баланд, нишонаи эътирофи давлат ва миллати тоҷик мебошад. Ҳангоми сафарҳои расмӣ, мулоқотҳои байналмилалӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ Парчам ифтихори мардумро ифода мекунад. Вақте варзишгарони тоҷик дар майдонҳои ҷаҳонӣ ба дастовард мерасанд ва Парчами миллӣ баланд мешавад, ин лаҳза барои ҳар як сокини кишвар эҳсоси ифтихор ва ҳамбастагӣ меорад.

Парчам моро ба дӯст доштани Ватан, эҳтиром ба таърих, ҳифзи забон ва фарҳанг, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва саҳм гузоштан дар ободии кишвар даъват мекунад.Эҳтироми Парчам бояд на танҳо дар сухан, балки дар рофтору амал зоҳир гардад: бо омӯзиши дониш, меҳнати ҳалол, риояи қонун, ҳифзи муҳити зист, таҳкими сулҳу субот ва муносибати нек ба ҳамдигар. Ҳар як шаҳрванд метавонад бо фаъолияти созанда ва масъулиятшиносии худ ба баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат намояд.

Дар шароити ҷаҳони муосир, ки равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ босуръат тағйир меёбанд, ҳифзи ҳувияти миллӣ ва таҳкими ваҳдат аҳамияти бештар пайдо мекунад. Парчами давлатӣ моро ба ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамдилӣ ва муттаҳидӣ дар арафаи мақсадҳои умумӣ раҳнамун месозад. Он рамзи умед ба ояндаи дурахшон, иродаи устувори мардум барои пешрафти давлат мебошад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба ин муқаддасоти миллӣ вазифаи ҳар як тоҷик ва ҳар як шаҳрванди ватандӯст аст. Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша парафшон, рамзи сулҳу субот, сарбаландӣ, ваҳдати миллӣ ва ободии кишвар бошад.

Бобоҷон РАҲИМОВ,

ходими пешбари илмии

шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ

барчасп: