Санъати театр ва синамо танҳо саҳнаву парда нест; он мактаби зиндагӣ, ойинаи ҷомеа ва макони ҳифзи хотираи фарҳангист. Дар ин роҳ ҳунармандоне ҳастанд, ки бо меҳнати пайваста, садоқат ба касб ва офаридани образҳои хотирмон ба таърихи ҳунари миллӣ саҳми арзанда мегузоранд. Ҳаштодсолагии ҳунарманди шинохта Тағоймурод Розиқов ва шаш даҳсолаи фаъолияти эҷодии ӯ фурсатест барои бознигарии роҳи тайшуда, ёдоварӣ аз саҳнаҳои фаромӯшношуданӣ ва андеша дар бораи ҷойгоҳи ҳунарманд дар ҷомеа. Дар тӯли фаъолияти омӯзгориаш ба 8 гурӯҳи актёрон роҳбари бадеӣ буда, онҳоро тарбия намуда, ба камол расондаанд. Имрӯз беш аз 120 нафар шогирдони эшон дар саҳнаҳои театр ва муассисаҳои фарҳангӣ ҳамчун актёр ва режиссёр фаъолият доранд. Бо вуҷуди ин ҳама заҳмати омӯзгорӣ, устод ҳанӯз ҳам аз саҳна канор нарафтаанд ва фаъолияти эҷодии худро идома медиҳанд. Маҳз ҳамин роҳи пуршараф, садоқат ба ҳунар ва саҳми арзанда дар тарбияи ҳунармандон моро водор сохт, ки дар остонаи зодрӯзи устод бо ӯ суҳбате ороста, аз рӯзгори эҷодӣ, хотираи саҳнавӣ, таҷрибаи омӯзгорӣ ва андешаҳои эшон дар бораи вазъи имрӯзу ояндаи театри тоҷик огаҳ шавем.
Зеро арзиши як устод на танҳо дар нақшҳои офаридааш, балки дар садҳо истеъдодест, ки бо роҳнамоии ӯ роҳи худро дар олами ҳунар пайдо мекунанд.
-Устод, Шумо ба синни 80 расидед ва 60 соли умри худро ба санъат бахшидед. Агар ба роҳи тайкардаатон назар андозед, кадом лаҳзаҳои зиндагӣ ва фаъолияти эҷодӣ бароятон аз ҳама хотирмонанд?
- Шахси ҳунарманд махзани хотираву ёдҳост. Ин хотираҳо неруи ҳаракат ба сӯи оянда ва такягоҳи маънавии ӯ мебошанд. Ман низ аз даврони кӯдакӣ, наврасӣ, ҷавонӣ ва камолот хотираҳои зиёде дорам. Дар онҳо ҳам лаҳзаҳои душвору ноумедӣ ҳастанд ва ҳам умеду орзуҳое, ки то имрӯз дар хотирам нақш бастаанд. Аз ҳама бештар солҳои донишҷӯӣ бароям хотирмонанд: аввалин устодони касб, муҳити омӯзиш, шаҳри бузург ва дӯстони самимӣ. Ҳамаи ин дар ташаккули шахсияти ман нақши муҳим гузошт. Лаҳзаи дигари фаромӯшношуданӣ сафари ҳунарии мо ба шаҳри Маскав дар соли 1987 бо панҷ намоишнома буд. Дар чаҳор намоишнома нақшҳои марказиро иҷро мекардам. Ин сафар барои ман ҳам таҷрибаи касбӣ ва ҳам мактаби бузурги эҷодӣ ба ҳисоб мерафт.
Театри давлатии ҷавонон дар ташаккули шахсияти эҷодӣ ва ҳунарии шумо чӣ нақш дошт?
- Театри давлатии ҷавонон дар ташаккули ман ҳамчун ҳунарманд нақши ҳалкунанда бозид. Кушода шудани театр дар соли 1971 ва баъдан ба бинои нави имрӯза кӯчидани он барои ман оғози марҳилаи муҳими фаъолияти касбӣ гардид. Кори ҳамарӯза дар саҳна, ҷустуҷӯ ва такмили образ, ошноӣ бо осори гаронбаҳои адибони тоҷик ва форс, рус ва таваҷҷуҳ ба драматургияи ҷаҳонӣ ҷаҳонбинии ҳунарии маро васеъ мекард. Асарҳои Софокл, Еврипид, Шекспир, Молйер ва дигар драматургон барои ман мактаби омӯзиш буданд. Ҳамкорӣ бо коргардонҳои шинохта, ҳамсафони саҳнавӣ ва, пеш аз ҳама, муҳаббат ба саҳна завқи эҷодии маро бештар гардонд. Метавонам бигӯям, ки театр на танҳо ҷойи кор, балки мактаби зиндагӣ ва камолоти ҳунарии ман буд.
- Дар тӯли фаъолияти театрӣ кадом нақшро аз ҳама душвортарин меҳисобед ва барои офаридани он бо чӣ мушкилот рӯ ба рӯ шудед?
- Ҳар нақш, новобаста аз ҳаҷму ҷойгоҳи он дар намоишнома, заҳмат ва ҷустуҷӯи махсусро талаб мекунад. Ҳунарманд бояд ҳам ҷаҳони ботинӣ ва ҳам рафтору симои зоҳирии қаҳрамонро омӯзад, то тавонад ӯро ба тамошобин боварбахш пешниҳод кунад. Ман ҳамеша барои офаридани образҳо кӯшиш мекардам, ки шабу рӯз заҳмат кашам ва ба моҳияти қаҳрамон наздик шавам. Дар миёни нақшҳои иҷрокардаам образҳои шахсиятҳои воқеӣ, аз ҷумла В. И. Ленин, А. Лоҳутӣ, В. Улянов, Н. Туғрал ва Садриддин Айнӣ, аз зумраи нақшҳои масъулиятнок буданд. Душвории онҳо дар он буд, ки ин шахсиятҳо барои тамошобин ошноянд ва ҳар гуна нодурустӣ ё саҳви ҳунарманд метавонад эътимоди бинандаро коста созад. Барои ҳамин, дар офаридани чунин образҳо дақиқкорӣ, эҳтиром ба ҳақиқати таърихӣ ва масъулияти баланд зарур аст. Дар ниҳоят, меҳнати ҳунармандро тамошобини закӣ, мунаққиди театр ва аҳли ҳунар арзёбӣ мекунанд. Кафкӯбии самимии мухлисон бошад, нишонаи қадршиносист.
- Фаъолият дар театр ва синамо аз ҳамдигар фарқ мекунад. Ҳангоми офаридани образ дар саҳнаи театр ва назди дурбини синамо ба кадом хусусиятҳои ҳунарӣ бештар аҳамият медодед?
- Театр ва синамо, ҳарчанд аз ҷиҳати тарзи иҷро ва технологияи истеҳсол фарқ мекунанд, дар як масъала ба ҳам наздиканд: ҳар ду зиндагии инсон ва ҷомеаро инъикос менамоянд. Мавзуи филм низ аксаран аз ҳаёти мардум гирифта мешавад ва театр ҳам ойинаи зиндагист. Аммо тарзи пешниҳоди образ дар ин ду навъи санъат яксон нест. Дар театр ҳунарманд мустақиман бо тамошобин рӯ ба рӯ мешавад. Аз ин рӯ, сухан бояд равшан ва шунаво бошад, ҳаракату эҳсосот ба тамоми толор расанд ва ҳунарманд бояд омодагии комил дошта бошад, зеро намоиш дар ҳузури бинанда мегузарад ва имкони такрори саҳна вуҷуд надорад. Дар синамо бошад, иҷро бештар табиӣ, самимӣ ва нозук аст; дурбин ҳатто ҳаракату эҳсоси хурдро сабт мекунад. Саҳнаҳо метавонанд чанд маротиба сабт шаванд ва баъдан дар раванди таҳрир интихобу ислоҳ гарданд. Бо вуҷуди ин фарқиятҳо, дар ҳар ду соҳа ҳунарманд бояд нақшро амиқ омӯзад, ба шароити кор мутобиқ шавад ва ҳамеша омода бошад.
- Дар намоишномаҳои телевизионӣ чӣ гуна имкониятҳои эҷодиро пайдо кардед? Ба андешаи шумо, телевизион дар муаррифии ҳунари актёр ва тарбияи эстетикии тамошобин чӣ нақш дорад?
- Охири солҳои ҳафтодум ва ибтидои солҳои ҳаштодум моро ба студияи телевизион даъват мекарданд, то дар новеллаҳои телевизионӣ, саҳнаҳои хурди тарбиявӣ ва барномаҳои кӯдакона нақш офарем. Аз ҷумла, дар барномаи «Алифбоҷон, алифбо» иштирок доштем. Ман нақши Пиёзро иҷро мекардам, ҳамкоронам И. Ғуломов нақши Ғиёс ва С. Алиназарова нақши Қандалотро мебозиданд. Ин корҳо барои мо имконияти тозаи эҷодӣ фароҳам оварданд ва ҳунари моро ба доираи васеи тамошобинон муаррифӣ карданд. Телевизион дар шинохта шудани ҳунармандон нақши хеле муҳим дорад, зеро тавассути он образ ва маҳорати актёр ба хонаҳои мардум мерасад. Мутаассифона, бо сабаби маҳдуд будани имкониятҳои техникӣ ва набудани наворҳои кофӣ барои нигоҳдории сабтҳо, баъзе саҳнаҳои он давра дар бойгонии телевизион боқӣ намондаанд. Ин талафот барои таърихи ҳунари мо низ андӯҳовар аст. Сабти барномаҳо ва ҳифзи онҳо дар бойгониҳо бояд ҷузъи муҳими фаъолияти муассисаҳои телевизионӣ бошад.
- Дар тӯли 60 соли фаъолияти эҷодӣ шоҳиди тағйироти зиёди ҳаёти фарҳангӣ ва ҳунарӣ будед. Ба назари шумо, санъати театрӣ, синамо ва телевизиони тоҷик дар ин муддат чӣ дигаргуниҳоро аз сар гузаронидааст?
- Дар ин муддат дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар пешравиҳои зиёд ба амал омаданд. Фаъолияти театрҳо густариш ёфт ва бо омадани хатмкардагони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ҳайати эҷодии театрҳои пойтахт, шаҳру ноҳияҳо ва минтақаҳо ғанӣ гардид. Баргузории фестивал-озмуни театрҳои касбии «Парасту», ки ҳар ду сол як маротиба баргузор мешавад, барои ба ҳам овардани ҳунармандон, шиносоӣ бо таҷрибаи ҳамдигар ва муаррифии дастовардҳои театрӣ имконияти хуб фароҳам меорад. Ҷоизаҳо ва қадршиносии аҳли ҳунар, дастгирии давлатӣ ва бунёду ба истифода додани Театри миллӣ дар даврони истиқлолият низ аз рӯйдодҳои муҳим мебошанд. Дар соҳаи синамо бошад, ҳамкориҳои байни киностудияҳо густариш ёфтаанд. Чунин ҳамкориҳо барои табодули таҷриба дар самтҳои актёрӣ, филмбардорӣ, сенариянависӣ, оҳангсозӣ, коргардонӣ, тарроҳӣ ва ороиши бадеӣ мусоидат мекунанд. Мавзуъ ва шакли филмҳо низ тадриҷан ба завқу талаботи тамошобини муосир наздик мешаванд. Дар бахши телевизион шабакаҳои зиёди давлатӣ ва хусусӣ таъсис ёфтанд, ки фазои иттилоотии кишварро бо хабару барномаҳои гуногун таъмин мекунанд. Ба назари ман, ин соҳаҳо ҳанӯз дар марҳилаи рушду такмил қарор доранд ва барои пешрафти минбаъда ба эҷодкорӣ, масъулият ва дастгирии пайваста ниёз доранд.
- Тарбияи актёрони ҷавон яке аз масъалаҳои муҳими рушди санъат аст. Шумо дар фаъолияти худ бо кадом усулҳо таҷрибаи касбиатонро ба ҳунармандони ҷавон меомӯзонед ва имрӯз дар маҳорати онҳо чиро муҳим мешуморед?
- Ман кӯшиш мекунам таҷрибаи андӯхтаамро ба ҷавонон расонам ва онҳоро бо андешаҳою гуфтаҳои устодони бузурги санъати театрӣ ошно созам. Ба назари ман, пеш аз ҳама, ҷавон бояд ба касби интихобкардааш ҷиддӣ муносибат кунад. Ҳунармандӣ танҳо истеъдод нест; он меҳнати пайваста, омӯзиш, интизом ва масъулиятро талаб мекунад. Ҷавонон бояд асарҳои бадеӣ ва драматургиро мутолиа намоянд, зиндагиро мушоҳида кунанд, нутқ ва ҳаракати саҳнавии худро такмил диҳанд ва аз таҷрибаи устодон баҳра гиранд. Муҳаббат ба касб ва эҳтиром ба тамошобин низ муҳим аст. Агар ҳунарманд ин сифатҳоро дар худ парвариш диҳад, санъат пеш меравад.
- Дар роҳи тӯлонии эҷодӣ, бешубҳа, лаҳзаҳои душвор ва нокомиҳо низ ҷой доштанд. Кадом мушкилот барои шумо сангинтар буданд ва чӣ неруе водор мекард, ки фаъолияти худро дар санъат идома диҳед?
- Дар ҳар касб мушкилот ва лаҳзаҳои сангин пеш меоянд. Роҳи ҳунар низ истисно нест: баъзан шароити кор душвор мешавад, баъзан натиҷаи заҳмат он гуна ки интизор дорӣ, ба даст намеояд. Аммо муҳим он аст, ки инсон дар баробари мушкилот рӯҳафтода нашавад ва роҳи ҳалли онро ҷӯяд. Нерӯи асосие, ки маро дар ин роҳ нигоҳ дошт, меҳри санъат буд. Муҳаббат ба саҳна, масъулият дар назди тамошобин ва эҳсоси он ки ҳунарманд метавонад бо нақши худ ба инсонҳо таъсир расонад, ба ман неру мебахшид. Ба андешаи ман, бартараф кардани мушкилот худ як навъ хушбахтист, зеро инсонро таҷрибадор ва устувортар мегардонад.
- Имрӯз, дар остонаи 80-солагӣ, вақте ба шаш даҳсолаи фаъолияти эҷодиатон назар меандозед, кадом нақшҳо, намоишномаҳо ё корҳои эҷодиро мехостед бештар омӯхта ва қадр карда шаванд? Инчунин барои ҳифзи мероси ҳунармандони насли шумо чӣ бояд кард?
- Ба андешаи ман, ҳар як ҳунарманди Театри давлатии ҷавонон як сарвати санъати театри тоҷик аст ва бояд ба қадри ӯ расид. Нақшҳо, намоишномаҳо ва таҷрибаи ҳунармандони насли мо танҳо хотираи шахсӣ нестанд, балки як қисми таърихи фарҳангии кишвар мебошанд. Барои ҳифзи ин мерос зарур аст, ки сабти намоишномаҳо ва барномаҳои телевизионӣ ҷамъоварӣ, рақамӣ ва дар бойгониҳои махсус нигоҳдорӣ шаванд. Ҳамчунин, таҳияи китобу мақолаҳо дар бораи ҳунармандон, сабти суҳбатҳои хотиравӣ, омӯзиши нақшҳои офарида ва шинос намудани донишҷӯёну ҷавонон бо ин таҷриба аҳамияти калон дорад. Муҳимтар аз ҳама, қадршиносии ҳунарманд бояд дар замони зинда будани ӯ аз ҷониби мухлисон ва дӯсторони ҳунараш сурат гирад.
- Устод, ба насли имрӯзаи актёрону ҳунармандони ҷавон чӣ паём доред?
- Паёми ман ба ҷавонон ин аст: бештар китоб хонанд, дониш омӯзанд ва касби худро дӯст доранд. Ба саҳна бо эҳтиром муносибат кунанд, меҳнатро дӯст доранд ва аз омӯзиши таҷрибаи устодон канор нараванд. Истеъдод вақте арзиш пайдо мекунад, ки бо дониш, заҳмат ва садоқат пайваст бошад.
- Ташаккур барои суҳбати самимӣ. Ба Шумо саломатӣ, умри дароз ва рӯзгори пур аз эҳтирому қадршиносӣ орзумандем!
Бобоҷон РАҲИМОВ,
ходими пешбари илмии
шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ

