Имрӯз дар Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Ибтикори навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон марбут ба об” баргузор шуд.
Шариф Комилзода, Директори Пажуҳишгоҳ дар маърӯзаи худ “Ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоили марбут ба об” аз ҷумла гуфт: “Ҷумҳурии Тоҷикистон бо захираҳои бузурги обӣ ва гидроэнергетикӣ дар миқёси ҷаҳон дорои ҷойгоҳи махсус мебошад. Комилан табиист, ки масоили истифодаи оқилонаи об, роҳандозии самараноки ҳадафҳои ноил гаштан ба амнияти вобаста ба об ва гузоришу ҳалли дигар масоили марбут ба об дар минтақа ва ҷаҳон аз ҷониби Раёсати олии кишвари мо, хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бузургтарин маҷмаъа ва анҷуманҳои байналмилалӣ ба ҳайси проблемаи доғу мубрами ҷомеаи имрўзаи инсонӣ ба миён гузошта шуд. Ин иқдомҳои наҷиб Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускори қатъномаҳои муҳими Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид марбут ба об дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кард. Маҳз бо ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 – «Соли байналмилалии оби ошомиданӣ», солҳои 2005-2015 – «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» ва соли 2013 – «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон гардида буд. Ибтикорот ва пешниҳодҳои Тоҷикистон дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид ҳусни истиқбол пайдо намуд ва барномаҳои дорои аҳамияти ҷаҳонӣ аз ҷониби ин Созмони бонуфузи байналмилалӣ барои даҳ сол таҳия гардида, дар саросари ҷаҳон мавриди амал қарор дода шуданд”.
Сарвари Пажуҳишгоҳ дар идома аз ташаббуси охирини Пешвои миллат сухан ронд ва ибтикори мазкурро давоми мантиқии ташаббусҳои пешин хонд. Ба андешаи Шариф Комилзода бештари чорабиниҳои минтақавию ҷаҳонӣ вобаста ба масоили об дар доираи даҳсолаи аввали байналмилалии «Об барои ҳаёт» барои солҳои 2005-2015, «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об – 2013» ва пешниҳодҳои нав, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул ва эълон гардидааст, бо иштироки коршиносони хориҷӣ дар Тоҷикистон доир шуданд ва баргузор мегарданд. Дар ин робита, бо мақсади муаррифӣ намудани ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон ва шинос кардани аҳли ҷомеа бо иқдомҳои наҷибу башардўстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон марбут ба масоили истифодаи оқилонаву дастаҷамъонаи захираҳои табиии обӣ, ҳарчи беҳтару бештар чорабиниҳои муҳими илмиву фарҳангӣ ва маърифатӣ бо истифода аз воситаҳои муосири иттилотиву коммуникатсионӣ ташкил ва баргузор карда шаванд. Бахусус, омўзиши илмии масъала дар раванди таълими фанҳои тахассусии ҳамаи зинаҳои таҳсилотӣ ҷорӣ карда шавад.
Абдумуъмин Қутбиддинов, ходими пешбари илмии Пажуҳишгоҳ гуфт, ки бо номи “Ҳадафҳои асосии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” суханронӣ мекард, аз ҷумла гуфт, ки «Яке аз ҳадафҳои асосӣ дар Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор»- ин таъмини амнияти экологии сайёра мебошад. Дар шаҳри Душанбе бо мусоидати СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар давоми 15 соли охир 7 маротиба конфронсу симпозиумҳои сатҳи баланди байналмилалӣ марбут ба об гузаронида шуданд». Ба андешаи Абдумуъмин Қутбиддинов, ҳадафи дигари қабул ва эълон доштани Даҳсолаи «Об барои рушди устувор» марбут ба омилҳои иқтисодӣ буда, обро ба манбаи истеҳсоли энергияи арзону безарар табдил додан аст. Вай ҳамчунин гуфт, ки имрӯз 70-80 фоизи рӯи заминро об пӯшонида бошад ҳам, танҳо 1 фоизи он барои ошомидан ҷоиз мебошад.
Дар ҳамоиш ҳамчунин Абдумуъмин Қутбиддинов, ходими пешбари илмии Пажуҳишгоҳ, Хуршеда Муъминова, мудири шуъбаи фаъолияти фарҳангӣ-фароғатии Пажуҳишгоҳ, Ҳасани Муҳаммадӣ, ходими пешбари илмии Пажуҳишгоҳ суханронӣ ва дар бораи вежагиҳои ташаббусҳои Пешвои миллат оид ба об изҳори назар карданд.
Ҳамчунин нависанда Садриддин Ҳасанзода, Сироҷиддин Икромӣ, Дилшод Раҳимов дар атрофи маърузаҳо ва суханрониҳо назароти худро баён доштанд.