Ҳамоиши “Ибтикори навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон марбут ба об” дар Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот
Чоп шуд: 10/01/2017Имрӯз дар Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Ибтикори навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон марбут ба об” баргузор шуд.
Шариф Комилзода, Директори Пажуҳишгоҳ дар маърӯзаи худ “Ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоили марбут ба об” аз ҷумла гуфт: “Ҷумҳурии Тоҷикистон бо захираҳои бузурги обӣ ва гидроэнергетикӣ дар миқёси ҷаҳон дорои ҷойгоҳи махсус мебошад