Танзи рӯз: Дусад лаънат бар он тақлид бод !!!

Дар ҷомеаи имрӯз ҳар фарди огоҳ изҳори нигароние аз тақлид дорад. Тақлид ба  пӯшиши бегонагон, зистан ба шевае, ки дар фарҳанги миллат нест ва ғайраву ҳоказо. Ва ин тақлидҳои кӯр-кӯрона паёмадҳои хуш ҳам надоранд.

Ва агар нек бингарем тақлид танҳо як ҷузъи фарҳанги имрӯз набудааст. Дар гузашта низ ниёкони мо бонги хатар дар ин бора задаанд. Ҳикояти ибратомӯзе дар ин маврид аз Мавлоно Мавлавии Балхӣ дорем, ки басо хонданиву шуниданист. Шарҳи онро донишманди тоҷик Обид Шакурзода дар мақолаи зер овардааст:

ХАР БИРАФТ! ХАР БИРАФТУ ХАР БИРАФТ!

Бишнавед, эй дӯстон, ин достон,
Худ ҳақиқат нақди ҳоли мост он
!

Ин ҳикоят дар Дафтари дувуми «Маснавӣ» дар қабои танз, шояд раво бувад гуфтан, ки дар қабои танзи дудама ва то ҳадде бо силки сода, аммо бо рамзу кинояи пардадору печидаву ибратомӯз омадааст, зери унвони «Фурӯхтани суфиён баҳимаи мусофирро ҷиҳати самоъ». Агарчи, бино бар ишораи баъзе аз шореҳони «Маснавӣ», ин достон аз ҳикоёту ривоёти араб маншаъ гирифтааст, аммо ҳич як аз ровӣ ё адиби тозию форсӣ онро ҳамчун Мавлоно зебову зарифу фараҳафзо нагуфтаанд. Шоёни зикр аст, ки «Маснавӣ» на аз баҳри танзу ҳазлу мутояба гуфта шудааст, балки ин асар достони рози соликон, номаи орифон, китоби ошиқони маърифат ва равзаи ҳикмату ирфону тариқат аст. Ҳазрати Мавлоно дар «Маснавӣ» мекӯшад, ки аз ҳақиқат дам занад ва дар ин зовия рамзу розҳое боз мекунад, рӯ ба ҳаводису достонҳои гуногуни ишқию ирфонию иҷтимоӣ меоварад, аз тамсилҳову истиъороту талмеҳоти мутанаввиъ кор мегирад ва гоҳе ҳам дар пирояи танзу ҳаҷв хок бар сари гумроҳону ғофилони зиндагӣ мезанад. Мисли ҳикояти мазбур, ки аз моҷарои суфие мусофир бо суфиёни хонақоҳе иқтибос шудааст.

Суфие дар хонақоҳ аз раҳ расид,
Маркаби худ бурду дар охур кашид!

Оре, на кишоварз ё рустоие ва ё ҳар каси дигар, балки маҳз як суфӣ, он ҳам на савори аспу астару уштур, балки харакӣ сар ба хонақоҳ зад. Суфӣ хондани ин мард маҷозӣ аст; зеро ӯ суфинамост, ошиқи худнамоии хештан. Хонақоҳ лафзи форсӣ ва муъарраби «хонагоҳ» – ибодатгоҳ ё савмеъаи дарвешон. Таъсиси хонақоҳ баройи он буда, ки дарвешон аз ҳар ноҳияву ҳар мазҳабе, ки бошад, дар рафти сайру саёҳати худ дар хонақоҳҳо мақом кунанд.

Бад-ин минвол, суфӣ аз раҳ расиду он дарозгӯши забонбастаи хешро дар охур барбаст. Он гоҳ ходими хонақоҳро таъкид кард, ки мувозибаш бошад ва

Обакаш доду алаф аз дасти хеш,
На ончунон суфӣ, ки мо гуфтем пеш!

Бале, пеш аз ин ҳикояти суфие омада буд, ки дар хонақаҳ хари ӯ аз чарбзабонийю лутфи дурӯғини ходими айёри хонақоҳ наздик буд, ки бимирад (дар абёти 204–250-и ҳамин дафтари «Маснавӣ»). Аммо ин суфӣ аз роҳи иҳтиёт қадам бардошт, то ягона дору мадор – маркабаш залилу нобуд нагардад. Ҳайҳот, ки чун қазо ояд, иҳтиёт ба кор наояд!
Ва аммо:

Суфиён тақсир буданду фақир,
Кода фақрун ан йаъӣ куфран йубир!

Мисраъи дувум ишора ба ҳадиси маъруф дорад: «Кода-л-фақру ан йакуна куфро», яъне «Наздик аст, ки фақру камбағалӣ ба куфру носипосӣ анҷомад». Зимнан, ин ҳикоя аз сӯе ҳам ҳовии ин ҳадис низ ҳаст. Зеро суфиён (мисраъи аввали ин байт) тақсир (кутаҳу кутаҳдаст)-у тиҳидаст буданд ва фақр (мисраъи дувум) ба куфр наздик аст, куфри нобудгар! Аз ин рӯ

Ай тавонгар, ки ту серӣ, ҳин маханд,
Бар кажиййи он фақири дардманд!

Ай тавонгар (доранда), инак ту, ки сер ҳастиву ба чизе иҳтиёҷ надорӣ, ба риши ин гуна фақирони пойкаҷгузорандаи дардманд маханд! Мавлоно ишорати зарифе мекунад, ки маҳз алилу дардманд тан ба ҷурму ҷиноят медиҳад; инсонҳои озодаву бошараф дар ҳар ҳолат ба обрӯю ҳайсияту номи неки хешу хонавода беиътино нестанд.
Ҳамин тавр:

Аз сари тақсир он суфирама,
Харфурӯшӣ дар гирифтанд он ҳама!

Бале, дод аз дасти фақру фарёд аз деви нафс, ки ин аҷали имон асту он модари куфр! Бо дидани маркаби чоқу чаҳорабзори меҳмон, суфиён шукрона гиребон мушт карданд, ки «Ризқакум фӣ-с-самои Ҳаққоно!» Ва муттафиқу-л-раъйу ҳамовоз, ба ин тасмим расиданд, ки харро бифурӯхту шамъи базму тараб барафрӯхт! Зеро:

К-аз зарурат ҳаст мурдоре мубоҳ,
Пас фасоде к-аз зарурат шуд салоҳ!

Бале, аз рӯи ночорӣ, ҳатто хӯрдани гӯшти мурдор низ равост. Аз ин рӯ, суфиён:

Ҳам дар он дам он харак бифрӯхтанд,
Лут оварданду шамъ афрӯхтанд!
Валвала уфтод андар хонақаҳ,
К-имшабон луту самоъ асту шараҳ!

(ЛУТ – анвоъи таъомҳои лазиз; таъоми хонақоҳ; таъомҳое, ки дар нони тунук (чопотӣ) печанд”.
САМОЪ – дар луғат ба маънои шунидан аст, аммо дар истилоҳи суфиён иборат аст аз хондани овозу таронаи ирфонӣ (маъмулан бо дафу наю танбӯру рубоб) аз ҷониби як ё якчанд нафар ва шунидану ба шӯру ваҷд омадани дигар ҳозирони маҳфил. Замзамаи орифон маъмулан ба ваҷду рақс меанҷомад.
ШАРАҲ– ин ҷо ба маънои пур хӯрдан.)

Ҳамин тавр, мискин харак ба савдо шудудар хонақоҳ шӯре барпо, ки имшаб то ду дари бинӣ хоҳем тановул карду то уфтодан аз по хоҳем самоъ рафт! Охир, то чанд кашкулдаркамарию дарбадарию дарюза ва точанд нийяти рӯзаи серӯза (ба тасаллои нодорию иҳтиёҷ)?! Мо ҳам инсон ҳастему нафсу ҷон дорем! Ва аз иқболамон, имшаб атои Худо (меҳмоне) расидааст!

В-он мусофир низ аз роҳи дароз,
Хаста буду дид он иқболу ноз.
Суфиёнаш як ба як бинвохтанд,
Нарди хидматҳои хуш мебохтанд.
Гуфт, чун медид майлоншон ба вай:
«Гар тараб имшаб нахоҳам кард, кай»?

Суфиён даст ба қимори лутфу навозиш зада буданд; бо булбулгуфторӣ гӯши меҳмонро бо авсофи осмонӣ гарм карданд. Марди роҳи содадил дона медиду ғофил аз доми ин гушнамастон буд. Дар рӯбарӯ навозишаш карданд ва дар ғиёб ба хиёнати молаш созиш. Аз ҳосили савдои мискин харак нуқлу навои айш расид. Соъате ҳам деги кабобу кӯфта тасфид, бар рӯйи хон анвоъи хӯрданиҳои лазиз ҳозир гашт. Пас, ҳамагӣ бо иштиҳо лут хӯрданду он гаҳ камар ба ҳангомаи самоъ барбастанд. Оваҳ! Баъди ин нуқлу таъоми шоҳона, чӣ самоъе! Аз ваҷди пойкӯбию шӯру иштиёқ дуду гард то сақфи хонақоҳ сар кашид. Суфиён сармаст «Ё ҳу!» мезаданду «Тананҳо»! «Танананҳо ё Ҳу! Тананҳо ё Ҳу»! Дасти ба даст бо шавқ мехиромиданду бо шафаъ мечархиданду бодосо давр мезаданд, ба он ҳадд ки сар аз по намешинохтанд.

Дуди матбах гарди он покӯфтан,
З-иштиёқу ваҷд ҷон ошуфтан!
Гоҳ дастафшон қадам мекӯфтанд,
Гаҳ ба саҷда суффаро мерӯфтанд!

Аз тамошои чунин саҳнаи ҳамоқат оё чунин пурсише пеш намеояд, ки суфӣ кӣ аст, магар ин рамаи ишкамбораи молимардумхӯр? Дар ин маврид ҳазрати Мавлоно чунин таъриф мекунад:

Дер ёбад суфӣ оз аз рӯзгор,
З-он сабаб суфӣ бувад бисёрхор.
Ҷуз магар он суфие, к-аз нури Ҳаққ,
Сер хӯрд, ӯ фориғ аст аз нанги даққ!
Аз ҳазорон андаке з-ин суфиянд,
Боқиён дар давлати ӯ мезиянд!

Бале, суфиён ҳама аҳли ҳақиқат нестанд, аз ҳазор нафари ин мураққаъпӯши азрақпираҳан яке суфии асил аст – шикастанафс, бо тамкину виқору дил ба Ёр, қонеъ ба ним нони кулбаи фақр, ки ба боду буни ин дунёи гузаштанӣ хандаду ба айшу нӯши дунёӣ дил набандад! Дигарон резахӯри хони ӯянд.

Давоми достон. Он гоҳ, ки самоъ дар ҳавои найу даф ба поён расидан гирифт, мутриби суфиён шуруъ кард ба замзамаи як зарби вазнину мутантан:

«Хар бирафту хар бирафт» оғоз кард,
З-ин ҳарорат ҷумларо анбоз кард!

Яъне мутриб бо ҳиссу ҳаяҷон замзамаи «Хар бирафту хар бирафт» оғоз кард ва аз гармии садои вай суфиёни хонақаҳ ҷумла бо ӯ ҳамовоз гаштанд – «Хар бирафту хар бирафту бирафт! Хар бирафт!»
З-ин ҳарора пойкӯбон то саҳар,
Кафзанон, «Хар рафт, хар рафт, ай писар»!
Ва:
Аз раҳи тақлид он суфӣ ҳамин,
«Хар бирафт» оғоз кард андар ҳанин!

Яъне он суфии мусофир низ, аз дунё бехабар, бо тақлид аз эшон шуруъ кард ин ҳанин (сурудхонӣ)-ро пурҳаяҷонтару аз умқи ҷону дил – «Хар бирафту хар бирафту хар бирафт»!

Чун гузашт он нӯшу ҷӯшу он самоъ,
Рӯз гашта, ҷумла гуфтанд: «Ал-видоъ»!

Бад-ин тариқ, шаб рафту саҳар омад ва суфиён якон-якон бо меҳмони мусофир падруд гуфта, парешон шуданд ба чор атроф. Ин суфӣ низ бисоти хеш ғунд дошту тараддуди сафар кард, аммо дар тавила мискин харакро пайдо накард. Ба худ гуфт, ки шояд ходими хонқоҳ вайро об хӯрдан бурда бошад. Аммо –
Ходим омад. Гуфт суфӣ:«Хар куҷост»?
Гуфт ходим:«Риш бин»?! Ҷанге бихост!

Яъне, ай ходим, ку хари мо? Ходим бо таъаҷҷуб ба рӯяш бингаристу гуфташ: «Бобо, ин чӣ суол? Даст ба ришат бар! Бо ин риши гундаву бо ин синну сол оё шарм надорӣ, ки ин гуна пархош мекунӣ? Магар дишаб зиёфате нахӯрдӣ? Ва он нуқлу наво оё ҳама муфт буд? Ҳама аз пули хари ту, ки фурӯхта шуда буд, муҳайё гашт»!

Шиддати моҷаро болотар рафт. Суфӣ итоб кард, ки «Ҳой ходим, ин на шарти инсоф аст, ки амонатро хиёнат кунӣ! Молро пешат нагузошта будам, ки бифрӯшияш! Хари маро боз деҳ, вагарна ба ҳокими шаръ шикоят мебарам»! Ходим посух дод, ки «Ай бародар, ман дар миёни галлаи гургони гурусна афтода будам, намешуд аз амрашон сар кашам, вагарна маро мекуштанд. Аҷаб мардуме будаӣ»!

Ту ҷигарбанде миёни гурбагон,
Андар андозийю ҷӯйӣ з-он нишон?!
Дар миёни сад гурусна гирдае,
Пеши сад саг гурбайи пажмурдае!

[Ҷигарбанд– маҷмуъи дилу ҷигару шушу сипурз, ки бо нойи гулӯ овехта шуда бошад].
Яъне ту ҷигарбандро миёни гурбаҳо ҳавола диҳию боз умед ба мондани он кунӣ. Ҳайҳот, ки як нони гирда дар миёни сад гурусна ба он монад, ки гурбае оҷиз дар миёни сад саг бошад!
Аммо суфӣ хашмгинтар гашту нидо кард, ки агар бими ҷонат буд, пас чиро наёмадию ноаён огоҳам кунӣ, ки ай бенаво, харатро доранд мебаранд?! Ҳоло ҳама пароканда шуданд, акнун гиребони киро бигирам ва киро пеши қозӣ бибарам? Аммо ходим:

 Гуфт: «Валлаҳ омадам ман борҳо,
То туро воқиф кунам з-ин корҳо.
Ту ҳамегуфтӣ, ки хар рафт, ай писар,
Аз ҳама гӯяндагон бозавқтар!
Боз мегаштам, ки ӯ худ воқиф аст,
З-ин қазо розист, марди ориф аст»!

Яъне «Ба Худо, ки чанд бор омадам, то аз ин дасисаву найранг огоҳат кунам. Аммо, ай марди Худо, ту аз дигарон пуршӯртар замзамаи «Хар бирафт» сар медодӣ. Аз раъям мегаштаму ба худ мегуфтам: аҷаб марде вораставу сахию пуриҳсоне будааст»!

Ҳоло парда афтиду асли моҷаро рӯй зад. Суфӣ ангушти надомат ба лаб бурду завқи зикри дишабаро ба ёд овард.

Гуфт: «Онро ҷумла мегуфтанд х(в)аш,
Мар маро ҳам завқ омад гуфтанаш.
Мар маро тақлидшон барбод дод,
Ки дусад лаънат бар он тақлид бод»!

Тамоми бори достон бар рӯйи мисраъи дувуми байти охир аст – «Ки дусад лаънат бар он тақлид бод»! [Лафзи «дусад» дар ин ҷо баёнгари шумори зиёд аст – дусадҳо, дусадҳазорҳо]. Аз ин рӯ, мабодо муддаъие сар набардорад, ки Пири Балхӣ хонақоҳро ревгоҳу суфиро ревгар қаламдод карда. На, ҳаргиз!

Ин ҷо Мавлоно аз ҳамнишинӣ бо ноогоҳони бемаърифат, аз тақлид кардан ба аҳли рибову риё (ба хотири худнамоиву шуҳрат) ҳатто дар савмаъаву хонақоҳ наҳй мекунад, чӣ расад дар користонҳову саноъату тиҷорату бозорҳо! Ҳамин гуна тақлиди кур-кӯрона, ба вижа тақлид ба гурӯҳи беарзишу риёкор ҳар касеро аҳмақу обрӯбохта хоҳад кард, ҳатто дар хонақоҳ, ки ҷойгоҳи ибодату розу низё бо Худованди Ягона аст! Аз ин рӯ садҳо лаънат бар он тақлид бод!

Обид Шакурзода

барчасп: