Эҳёгари Роғун

Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бидуни шак эҳёгари Роғун аст. Маҳз талошҳои рӯзафзуни вай буданд, ки сохтмони Роғун бо вуҷуди мухолифатҳои ҳамсоягон аз сар гирифта шуд. Имрӯз дигар шубҳае нест, ки он бунёд нашавад. “Роғун” сохта хоҳад шуд ва он дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳифаи наверо боз хоҳад кард.

Барҳам хӯрдани лимити барқ бо амри Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҷиби он шуд, ки як бори дигар рӯ ба таърихи солҳои Истиқлолият орем. Муддати ин 25 сол ва бахусус тайи даҳ соли охир аз бунбасти энержӣ баровардани Тоҷикистон ба барномаи муҳими давлатӣ табдил ёфт ва ҳадаф он буд, ки Тоҷикистон бидуни ворид кардани нерӯи барқ аз хориҷ мардуми худро дар чаҳор фасли сол бо нерӯи барқ таъмин созад.
Кишвари соҳибистиқлоли мо ба ин ҳадаф расид, Пешвои миллат аввали даҳаи дуюми моҳи январ фармон дод, ки шаҳру рустоҳои Тоҷикистон дар фасли сармо 24 соат бо нерӯи барқ таъмин карда шавад.
Ва инак, имрӯз шикояти бебарқиву сардии хонаҳо камтар шуда ва сокинон аз ин ғамхории Сарвари давлат меболанд.
Вале оё ин бидуни мушкил ба даст омад? Албатта, не. Барои расидан ба ҳадаф лозим омад солҳо заҳмат кашанд, барномаҳои раҳоӣ аз бунбасти энержӣ зина ба зина татбиқ гарданд.

Барои ин тарҳҳо ва иҷрои ин барномаҳо саҳми Пешвои миллат хеле бузург аст ва ин на мо аввалину охирин касоне ҳастем, ки ин масъаларо дунбол мекунем. То ин замон шояд садҳо мақолаву гузориш ва даҳҳо китоб дар ин бора навишта шуданд. Аз ҷумла, дар бораи нақши Пешвои миллат низ. Дар зер оид ба се китоб маълумоти мухтасар ироа мегардад. Ва китоби аввал ин гуна унвон дорад: Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари Роғун»

Ин аслан китоб-албом аст, ки дар асоси таърихи мухтасари энергетикаи Тоҷикистон, корҳои азнавбарқароркунӣ ва сохтмони НБО Роғун, дастовардҳои истиқлолияти энергетики кишвар, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди Неругоҳ, андешаҳои сиёсатмадорону коршиносони ҷаҳонӣ, ҳисботҳо, ташхисҳо ва хулосаҳои Бонки ҷаҳонӣ мураттаб шудааст.
Китоби мазкур бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва  инглисӣ нашр шудааст. Он аз бобҳои зерин мураттаб шуда:

“Аз таърихи гидроэнергетикаи Тоҷикистон»;
«Роғун ва истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон»;
«Таърихи мухтасари бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун»;
«Роғун сарчашмаи ифтихори миллати тоҷик»;
«Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун»;
«Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон аз 5 январи соли 2010»;
«Мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ва ширкатҳои машваратӣ»;
«Неругоҳи барқи обии Роғун аз нигоҳи созандагони он»;
«Андешаҳои сиёсатмадорон, коршиносон ва олимон»;
«Бонки ҷаҳонӣ ва ташхиси лоиҳаи Неругоҳи барқи обии Роғун».
Хайрулло Сафарзода муаллифи китоб буда, он зери назари Назруллои Абдулваҳҳоб ва муҳарририи Саидқул Қурбон чоп шудааст. Адади нашр 5 ҳазор нусха аст.
Муаллифон ҳангоми таҳияи китоби худ аз аксҳои  Нақиб Муродзода, Мақсудҷон Муҳиддинҷонов, Аминҷон Азимов, Сафарбег Валиев, Ғафор Исматов, Владимир Оглоблин ва Ҷалолиддин Ҳомидов истифода кардаанд.

«Эмомалӣ Раҳмон ва Роғун»

Ин китоб-албоми дигар аст, ки соли 2013 ба ифтихори 20-умин солгарди қабули Конститутсияи кишвар бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва инглисӣ нашр шуда буд. 
Муаллифон Абдуфаттоҳ Шарифзода ва Заробиддин Қосимӣ сайри таърихӣ доранд ба бунёди неругоҳҳои хурду бузурги кишвар, аз қабили «Қайроққум», «Бойғозӣ», «Шаршара», «Сарбанд», «Марказӣ», «Норак», «Сангтуда-1», «Сангтуда-2» ва ғайра. 
Ин китоб ба теъдоди 5,5 ҳазор нусха чоп шудааст ва албоми он бо расмҳои  Мақсудҷон Муҳиддинҷонов, Аминҷон Азимов, Геннадий Ратушенко ва Нақиб Муродзода оро ёфтааст.

«Нури Раҳмон (Роғуннома

Китоби мазкур тозанашр аст. Он соли гузашта ба истиқболи 25-умин солгради Истиқлолияти Тоҷикистон  чоп шуда буд ва муаллифону мураттибон талош кардаанд дар ин маҷмуъа фидокориҳову ҷоннисориҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди НБО «Роғун» инъикос кунанд.

Китоб танҳо аз мақолаҳои таҳлилӣ иборат нест, балки дар он ашъори шуарои кишвар дар бораи Пешвои миллат ва сиёсатҳои дохиливу хориҷии вай, ситоиш аз анҷоми корҳои бузургаш дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва талошҳояш барои раҳоии кишвар аз бунбасти энержӣ гирдоварӣ шудаст. 

Бештари ашъори гирдоваришуда дар бораи неругоҳи “Роғун” аст. 

Хонандаи китоб дар ин маҷмуъа метавонад бо шеърҳои  Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Гулназар Келдӣ, Низом Қосим, Камол Насрулло, Муҳаммад Ғоиб, Сафармуҳаммад Айюбӣ, Озарахш ва дигарон ошно шавад.

Гирдоваранда Хайрулло Сафарзода буда, зери назари Асадулло Раҳмон ба теъдоди 2 ҳазор ба табъ расидаас.

барчасп: