Нигоҳе ба зиндагиномаи Ҳаким Тирмизӣ

Муаррихон зикр намудаанд, ки Ибни Арабӣ аз гуфтаҳои Ҳаким Тирмизӣ ба ғоят таъсир пазируфтааст ва рисолае бо номи “Ал-ҷавоб-ул-мустақим анмо саала анҳу ат-Тирмизию-л-Ҳаким” низ доштааст. “Таъсири ирфон пас аз худ то замони Ибни Арабӣ бисёр андак будааст, аммо Ибни Арабӣ ва пайравонаш ба вижа дар масъалаи вилоят ва хатми вилоят ба шиддат аз вай таъсир пазируфтаанд”

Ҳаким Тирмизӣ аз ҷумлаи донишмандон ва орифони машҳури асри 3-и ҳиҷрӣ (9-и мелодӣ) мебошад, ки шахсият, кору пайкор ва осори гаронқадри ў дар замони ҳукумати шуравӣ хуб омўхта нашудааст. Танҳо мардум аз марқад ва мазор ў маълумоти нокифояе доштаанду баъзе ашхосро муяссар мешуд, ки мазори ўро зиёрат намоянд. Бо шарофати истиқлолияти кишвар омўзиш ва пажўҳиши пурраи афкор ва матолиби осори олимону орифон ва шахсиятҳои илмию ирфонӣ имконпазир гашт. Аз ҷумлаи онҳо Абуабдуллоҳ  Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳасан (ё Ҳусейн) ибни Бишр (ё Башир)  ибни Ҳорун аст, ки ҳамчун ориф, муҳаддис, муфассир ва мутакаллими маъруфи асри худ шинохта шуда лақаби “Ҳаким”-ро  сазовор гаштааст.

Соли таваллуд ва вафоти ў муайяну мушаххас нест. Дар манобеи таърихӣ бо каме фарқият таваллуди ўро дар байни солҳои 205-215 қ. ва вафоташро дар миёни солҳои 298-320 қ. зикр намудаанд. Яъне, дар авоили асри 3-и қамарӣ  (9-и мелодӣ) зиставу фаъолият кардааст ва аз умри тулониву бобаракат бархӯрдор гаштааст. Дар бораи “Ҳаким” лақаб гирифтани Абуабдуллоҳ  Муҳаммад ибни Алӣ чунин гуфтаанд: Гуё ў аввалин орифе будааст, ки ба фалсафаи Юнон таваҷҷўҳ дошта, баъзе андешаҳои онҳоро ба ирфони исломӣ ворид кардааст, аз ин хотир бо лақаби “Ҳаким” маъруф гаштааст. Эҳтимоли дуввум он аст, ки чун ў ба мабоҳиси назарӣ дар боби ҳаёт, ахлоқ, робитаи ҷисму рўҳи инсон ва амсоли онҳо ибрози назар кардааст, лақаби “Ҳаким”–ро  ба ў додаанд. Эҳтимоли севвум он аст, ки чун ў дар осори худ бахусус китоби  “Хатм-ул-авлиё” аз ҳикмат сухан бисёр кардааст, пас ўро “Ҳаким” гуфтаанд. Эҳтимоли чорум он аст, ки чун Ҳаким Тирмизӣ аз илми тиб огоҳии комил доштаву дар баъзе таълифоти худ ба масоили ин илм ишора кардааст, пас ба ў “Ҳаким” гуфтаанд. Бо вуҷуди ин дар оғози ислом ашхосеро, ки ба ҳикмати илоҳӣ таваҷҷўҳи хосса зоҳир мекарданд “Ҳаким” меномиданд[1]. Ба ғайр аз ин ўро ба муассиси мактаби хоссе бо номи “Ҳакимия” нисбат додаанд.

 Ҳаким Тирмизӣ дорои зеҳни қавию истеъдоди хуб буда, аз хурдсолӣ ба шунидан ва дарёфти илму маърифат шавқу рағбат доштааст. Чуноне, ки худи ў дар рисолаи “Будув-уш-шаън” зикр кардааст, дар ҳафтсолагӣ аз шайхаш (устодаш) илм меомўхтааст. Ба эҳтимоли зиёд устоди ўро падараш гуфтаанд, ки аз ҷумлаи муҳаддисон маҳсуб меёфт ва Хатиби Бағдодӣ дар “Таърихи Бағдод” аз ў ёд кардааст.

Ҳолу аҳволи зиндагии Ҳаким Тирмизӣ бисёр маълуму равшан нест, танҳо аз осори ў ба хусус рисолаи “Будув-уш-шаън” баъзе аҳволи зиндагонияш маълум мегардад. Аз ҷумла, дорои ҳамсари порсою покдомон будан, бозгў кардани ҳамсар хобҳои дар бораи Ҳаким Тирмизӣ  дидаашро, ба сафар рафтан, пойи бараҳна роҳ гаштан, ҳамчун фақирон либоси жанда пӯшидан ва аз ин гуна ҳолот лаззат бурдан...  Дар  рисолаи мазкур Ҳаким Тирмизӣ аз синни 65-солагияш низ ёдовар шуда, дорои 6 фарзанд буданашро баён кардааст [1].

Шайх Аттор дар “Тазкират-ул-авлиё” гуфтааст, ки чун модари Ҳаким Тирмизӣ танҳову бе дастёр буд, ӯро аз рафтан барои таҳсил ба ғурбату дуриҳо боз медорад ва ин амр, яъне итоат аз модар ва дарёфти ризои модар боис мегардад, ки робитаи Тирмизӣ бо Хизр барқарор гардад ва аз ў илм биомўзад: “Дар ибтидо бо ду толиби илм рост шуд, ки ба талаби илм раванд. Чун азм дуруст шуд, модараш ғамгин шуд ва гуфт: Эй ҷони модар! Ман заифам ва бекас ва ту мутаваллии кори ман. Маро ба кӣ мегузорӣ? Ва ман танҳову оҷиз. Аз он сухан дарде ба дили ў фурў омад. Тарки сафар кард ва он ду рафиқи ў ба талаби илм шуданд.Чун чанд гоҳ баромад. Рузе дар гуристон нишаста буд ва зор мегирист ки: ман ин ҷо муҳмал ва ҷоҳил мондам ва ёрони ман боз оянд ба камоли илм расида. Ногоҳ пири нуронӣ биёмад ва гуфт: Эй писар чаро гирёнӣ? Гуфт: (Ҳол) Боз гуфтам. Пир гуфт: Хоҳи то туро ҳар рӯзе сабақе гуям, то ба зудӣ аз эшон даргузарӣ? Гуфтам: Хоҳам. Пас ҳар рӯз сабақам мегуфт, то се сол баромад. Баъд аз он маро маълум шуд, ки ў Хизр будааст. Ва ин давлат ба ризои волида (модар) ёфтам. Абубакри Варроқ гуфт: Ҳар якшанбе Хизр (а) ба наздики ў омадӣ ва воқеаҳо аз якдигар пурсиданди...”[3, 516].

Баъд аз чанд муддати таҳсили илм дар зодгоҳаш Тирмиз дар синни 27 солагӣ ба сафари ҳаҷ мебарояд. Муддате дар Ироқ ба шунидану ҷамъоварии ҳадис машғул шуда, дар моҳи раҷаб аз Басра ба Макка меравад ва то мавсими ҳаҷ дар Ҳиҷоз ба дидану зиёрати амокини муқаддас ва ибодат машғул мегардад. Баъд аз адои маносики ҳаҷ қасди бозгашт менамояд ва ҳамзамон ба ҳифзи Қуръон мепардозад, зеро ин орзў ва талабу дуои  ў буд, ки дар вақти адои ҳаҷ онро аз Худо хоста буд: “Ва дуо мекардам Худоро то ин ки маро дар дунё аз солеҳону зоҳидон бигардонад ва ҳифзи китобашро бароям муяссар бисозад” [1]. Баъд аз ҳифзи Қуръон барояш ҳолате руй медиҳад, ки худи ў чунин гуфтааст: “Ман мутаҳайир будам ва ин ҳайратамро пайваста бо намозу рўза бартараф месохтам, то ин ки ба самъам каломи аҳли маърифат  ва ба дастам китоби Антокӣ расид”[1]. Гуфтаанд, ки он китоби “Ал-муомилот”-и Аҳмад ибни Осими Антокӣ буд. Баъд аз мутолиаи ин китоб аз ибтидои сулуки суфиёна ва тариқи риёзати нафс огоҳӣ меёбад ва аз ин баъд ба тазкияи нафс ва ботини хеш машғул мешавад. Тақвою порсоиро пешаи худ намуда, онро ба дараҷаи олияш риоят менамояд: “То он ҷое, ки нафсамро аз истеъмоли оби сард боз медоштам ва аз оби наҳрҳо низ худдорӣ мекардам ба хотири онки  мабодо мавзеъҳоеро ба ноҳақ ҷорӣ гашта бошад, пас аз оби чоҳ ё оби водиҳои калон истеъмол мекардам...”[1].

Ниҳоят баъд аз хилват, зуҳду тақво ва сафои қалб ба мақоме мерасад, ки аз мукошафоти қалбӣ бархӯрдор мегардад. Аттори Нишопурӣ дар тазкираи худ нақли аҷиберо аз Абубакри Варроқ чунин зикр кардааст: “Рузе Муҳаммад ибни Алии Ҳаким маро гуфт: имрўз туро ҷойе барам? Гуфтам: Шайх донад. Бо вай бирафтам. Дере барнаёмад, ки биёбоне дидам сахт саъб ва тахте заррин дар миёни биёбон ниҳода дар зери дарахте сабз ва чашмаи об ва яке бар он тахт либоси зебо пушида. Чун шайх наздики ў шуд бархост ва шайхро дар тахт нишонд. Чун соате баромад аз ҳар тарафе гуруҳе меомаданд, то чил тан ҷамъ шуданд ва ишорате карданд бар осмон. Таоме зоҳир шуд, бихӯрданд. Шайх мепурсид аз он мард ва ў посух мегуфт, чунон ки ман як калима аз он фаҳм накардам. Чун соате баромад дастуре хост ва боз гашт ва маро гуфт: Рав, ки саид гаштӣ. Пас чун замоне баромад ба Тирмиз боз омадам. Гуфтам: Эй Шайх он чӣ буд ва чӣ ҷой буд ва он мард кӣ буд? Гуфт: Тиҳи Бани Исроил буд ва он мард Қутб-ул-мадор буд. Гуфтам: Дар ин соат чӣ гуна рафтем ва боз омадем? Гуфт: Ё Абобакр! Чун баранда ў бувад тавон расидан. Туро бо чигунагӣ чӣ кор? Туро бо расидан кор на бо пурсидан.” [3,516].

Дар атрофи Ҳаким Тирмизӣ мухлисону муридони зиёд пайдо мешаванд, аз афкору оро ва  панду андарзҳои ў огоҳ гашта, баъзе суханонашро ба дигарон интишор медиҳанд. Мутаассифона, касоне низ пайдо мегарданд, ки бархе ақоид ва андешаҳои ўро нодуруст фаҳмида, бо онҳо муқобил мебароянд. Хусусан дар мавзўи “вилоят” (муҳаббат ва дустии илоҳӣ), ки гўё Ҳаким Тирмизӣ онро аз “нубувват” бартару беҳтар медониста бошад. “Ў нахустин касест, ки дар таърихи исломи ирфонӣ масъалаи вилоят ва хатми вилоятро дар китоби “Хатм-ул-авлиё” ё “Сират-ул-авлиё” ба сурати назарияи комил матраҳ кард ва бештарин шуҳрати ў ба ҳамин сабаб аст”[4].

Лекин ончи аз осори ў бармеояд дар асл чунин набудааст, яъне ў вилоятро аз нубувват боло нагузоштааст ба хусус дар ду асари худ: “Наводир-ул-усул” ва “Маърифат-ул-асрор” ба бартарии анбиё бар авлиё таъкид кардааст... Аз ин хотир Ҳаким Тирмизӣ маҷбур мешавад, ки ватани  худро тарк карда, чанд муддате дар  ғурбат рўз гузаронад. Баъзеҳо гуфтаанд, ки ҳиҷрати ў аз ватан ба хотири ду асари дар охири умр таълифнамудааш буд, яъне “Хатм-ул-вилояти” ва “Илал-уш-шариати”. Ҳаким Тирмизӣ ҳамаи ин ғаму дардро ба хубӣ таҳаммул менамояд ва онҳоро имтиҳони Худо ва сабаби  покии нафс меҳисобад: “Ҳамаи ин аз ҷониби Худо сабаби покии ман буд, чунки ғаму андўҳ қалбҳоро тоҳир месозад...Довуд (а) гуфт: Худоё маро амр кардӣ, то бо адои савму салот баданамро пок созам, пас қалбамро бо чӣ пок созам? Гуфт: Бо (таҳаммули) ғаму андўҳ” [1]. Ҳаким Тирмизӣ тавонист, ки ин иттиҳомот ё ба иборати дигар “доғ”-ро аз худ дур кунад. Худи ў ин маъноро дар рисолаи “Будув-уш-шаън” сароҳатан баён дошта гуфтааст:  Ҷумла онҳое, ки маро озурдаву бадгўи кардаанд, худ ба фитнаву ғурбат афтоданд ва муддате нагузашта буд, ки боз мардум ба дари хонаам ҷамъ омаданд, муридон чунон зиёд гаштанд, ки хонаву масҷид барояшон танг мешуд ва шогирдон басо зиёд шуданд ва мавъизаи ман ба дилҳояшон нишаста... ниҳоят ҳол чунин шуд, ки Худованд макру найранги онҳоро ботил сохт [1].

Хидмати Ҳаким Тирмизӣ дар ҳидояту иршоди шогирдону муридон хеле боарзиш аст. Аммо ў дар ифшои номҳои асотид ва шогирдонаш худдорӣ намудааст. Шояд ин ба хотири тавозуъ ва нафахридан бошад, ки дар ҳолати сухан гуфтан аз номи онҳо бештар лафзи “шайх”-ро ба кор бурдааст. Ба ҳар ҳол гуфтаанд, ки ў илми ҳадисро аз падар омўхтааст ва аз маҳзари Алӣ ибни Ҳаҷар, Қутайба ибни Саид ва Суфён ибни Вакеъ ҳадис ривоят кардааст. Яҳё ибни Мансур, Ҳусейн ибни Алӣ  ва дигар машоихи Нишопур бошанд аз ў ҳадис нақл кардаанд. Инчунин ў аз чандин машоихи Балх илм омўхтааст ва баъд аз он бо суфияи Хуросон ошно гардидааст. Аз суҳбати Абутуроби Нахшабӣ, Аҳмади Хазравия ва Яҳё Муози Розӣ низ баҳравар  шудааст. Аз ҷумлаи шогирдон ва муридони машҳури ў метавон Ҳасан ибни Алии Ҷузҷонӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Исои Ироқӣ ва Абубакр Муҳаммад ибни Умари Варроқро ном бурд.

Ҳаким Тирмизӣ аз худ осори бою арзишмандеро ба мерос гузоштааст, ки қисме аз онҳо то ҳол табъу нашр гардидаанд ва қисмате дигар ҳанўз ба табъ нарасидаанд. Аз ҷумлаи машҳуртарин асарҳои ў метавон китобҳои зеринро ном бурд: “Хатм-ул-авлиё” ё “Хатм-ул-вилояти”, “Наводир-ул-усул фи маърифати ахбори-р-русул” ё “Сират-ул-орифин ва бустон-ул-муваҳҳидин”, “Баён-ул-фарқ байна-с-садр ва-л-қалб ва-л-фуод ва-л-луб”, “Маърифат-ул-асрор”, “Ал-Амсол мин-ал-китоби ва--суннати”, “Минҳоҷ-ул-ибод” ё “Ал-минҳоҷ фи-л-ибодати” “Исбот-ул-илал” ё “Илал-уш-шаръияти” ва ғайраҳо.

 Дар маҷмўъ осори ў дарбаргирандаи матолиби пурмуҳтаво буда, аз маҳорат ва мақоми баланди илмии Ҳаким Тирмизӣ шаҳодат медиҳанд.

Мавриди зикр аст, ки мавҷудияти китобҳои Ҳаким Тирмизӣ чи ба табъ расида ва чи то кунун ба табъ нарасида дар китобхонаҳои дунё, истифода намудан аз онҳо, таваҷҷуҳи аҳли илму адаб ба орою афкори Ҳаким Тирмизӣ далолат бар шахсияти бузурги илмию ирфонии ў мекунад. Дар баробари ин он ақволу ривоёте, ки каромати Ҳаким Тирмизӣ ва робитаи ў бо Хизрро баёнмесозанд шаъну шараф ва шуҳрату маъруфияти ўро собит месозанд.

То ба имрўз бисёре аз асарҳои Ҳаким Тирмизӣ мавриди истифодаи мардум қарор гирифтаанд, ҳатто олимони маъруфу варзида аз онҳо истифода бурдаву баъзе иқтибосотеро овардаанд ба монанди Муҳаммад Ғазолӣ дар “Эҳёи улуми-д-дин”аз китоби “Ал-акёс ва-л-муғтаррин”, Ибни Қайими Ҷавзӣ дар “Китобу-р-руҳ” аз “Баён-ул-фарқ байна-с-садр ва-л-қалб ва-л-фуод ва-л-луб” ва дигарон ба мисли Имом Қуртубӣ, Имом Суютӣ, Абуҳилоли Аскарӣ, Ибни Арабӣ, ки дар осорашон аз мероси илмии Ҳаким Тирмизӣ нақл кардаанд. Муаррихон зикр намудаанд, ки Ибни Арабӣ аз гуфтаҳои Ҳаким Тирмизӣ ба ғоят таъсир пазируфтааст ва рисолае бо номи “Ал-ҷавоб-ул-мустақим анмо саала анҳу ат-Тирмизию-л-Ҳаким” низ доштааст. “Таъсири ирфон пас аз худ то замони Ибни Арабӣ бисёр андак будааст, аммо Ибни Арабӣ ва пайравонаш ба вижа дар масъалаи вилоят ва хатми вилоят ба шиддат аз вай таъсир пазируфтаанд”[4].

Ҳаким Тирмизӣ дорои мақоми баланди илмию адабӣ ваахлоқиву ирфонӣ буд, ки донишмандони зиёде ўро васф ба зуҳду тақво, олими замони хеш ва соҳиби таълифи асарҳои зиёд кардаанд, аз ҷумла Абубакри Калобозӣ (ваф. 380 қ.), Суламӣ (ваф. 412 қ.), Абунаими Исфаҳонӣ (ваф. 430 қ.), Қушайрӣ (ваф. 465 қ.), Шайх Аттори Нишопурӣ дар “Тазкират-ул-авлиё”, Сабкӣ дар “Табақот-уш-шофеияти”, Ибни Ҳаҷар дар “Лисон-ул-мизон”, Заҳабӣ дар “Тазкират-ул-ҳуффоз”, Ибни Ҷавзӣ дар “Сифат-ус-сафвати”[2].

Омўзиш ва истифода аз бустони маънавиёти Ҳаким Тирмизӣ ба нафъи оммаи мардум буда, ҷиҳати тағзияву тақвияти рўҳу ҷисм, баланд гаштани одобу ахлоқ ва расидан ба авҷи камолоти инсонӣ кўмакрасон хоҳад буд.

1. Аҳмад Абдуллоҳи Ваҷеҳ. Ал-Ҳаким-ут-Тирмизи ва иттиҷоҳот-уз-завқияти. “Дор-ул-маърифати”. Искандария. 1989. 484 с.
2. Абуабдуллоҳ  Муҳаммад ибни Алӣ. Баён-ул-фарқ байна-с-садр ва-л-қалб ва-л-фуод ва-л-луб. Таҳқиқ ва таълиқи доктор Аҳмад Абдурраҳими Соеҳ. Қоҳира 1958 м.-1377 қ.
3.   Аттори Нишопурӣ. Тазкират-ул-авлиё.Теҳрон 1376 ш. 812с.
4.  Муҳаммади Сурӣ. Ҳаким Тирмизӣ ва назарияи вилоят//Маорифи ақлӣ. Теҳрон 1385 ш.С.85-104.

Сироҷидин Пиров,
ходими илмии шуъбаи
муассиса
ҳои таълимии ПИТФИ

барчасп: