Нигоҳе ба бозтоби равобити фарҳангии Тоҷикистону Афғонистон дар матбуоти тоҷик

Дар мақола равишҳо ва роҳҳои ташаккул ва инкишофи робитаҳои фарҳангии
Тоҷикистону Афғонистон ва инъикоси онҳо дар матбуоти даврӣ таҳқиқ ва таҳлил
шуда, омилҳо ва равишҳои асосии равнақи ҳамкориҳои фарҳангии ин ду кишвар дар замони истиқлол муайян гардидааст. Муаллиф дар заминаи таъсир ва нуфӯзи омилҳои муҷовират, санахияти таърихӣ ва фарҳангӣ шаклгирӣ ва тавсеаёбии ҳамкориҳои судманди фарҳангиро миёни кишварҳои ҳамҷавор дар замони истиқлоли Тоҷикистон дар зминаи маводи матбуоти тоҷик таъйид намудааст.
Калидвожаҳо: фарҳанг, Тоҷикистон, Афғонистон, ҳувияти таърихӣ ва
фарҳангӣ, посдорони фарҳанг, робитаҳои фарҳангӣ, маросимҳои мардумӣ, ҷашнҳо, наврӯз, таърихи адабиёт, чеҳраҳои фарҳангӣ.

Пойбаст ва асоси робитаҳои амиқи таърихии фарҳангии Тоҷикистону
Афғонистонро, пеш аз ҳама, дин, фарҳанг, забон, адабиёт ва дигар аносири
фарҳангӣ ташкил медиҳад, ки василаи корсози ҳифзи ҳувияти ягонаи фарҳангӣ ва
тамаддунии онҳост.

Робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо Афғонистон дар замони шӯравӣ на
фақат қатъ нашудааст, балки равишҳо ва паҳноҳои хоси рушди худро дошт. Вале
баъди истиқлолияти кишвар доманаи ҳамкориҳо ва гароишҳои фарҳангии ин ду
кишвари ҳамзабону ҳамҷавор тавсиа ёфта, ба сатҳ ва дараҷаи тоза расид.
Истиқлолият (9-уми сентябри соли 1991) тағйирот ва таҳаввулоти ҷиддиеро дар
низоми сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ба вуҷуд овард ва заминасози
рушди босамари робитаҳои фарҳангии халқҳои ҳамзабону ҳамҷавор гардид.
Афғонистон аз нахустин кишварҳое буд, ки «истиқлолияти Тоҷикистонро
дар баҳбуҳа (остона)-и истиқлоли» [7] кишвар ба расмият шинохт ва талош ба
таҳкими муносибатҳои дипломатӣ кард. Марзи миёни ин ду кишвар ҳамчун рамзи ҳамдилӣ таъбир шуд. Чакомаи шоири Афғонистон Абдулғафури Орзу ифодагари орзуву ормони халқҳои ҳар ду кишвар гардид:

Тоҷикистон!
Тоҷикистон!
Ай куҳанманзумаи сабзи Хуросон,
Буйи ҷӯйи Мулиёнат ҷовидон бодо!
Ёди ёри меҳрубонат ҷовидон бодо!
Ҷовидон бодо сурудат,
Нағмаҳои чангу удат!
Чашмасоронат хурушон бод!

Куҳсоронат зарфишон бод!
Тоҷикистон!
Тоҷикистон!
Ай куҳанманзумаи сабзи Хуросон!  

Фарҳанги ягона, китоби таърих, ки пеш аз ислом ва баъди он як унвон дошт,
таърихи адабиёт, ки низ сарфаслаш як буд, ифтихороти миллӣ ва ҷашну сурҳо, ки
муштарак ва ҳуввиятсоз барои мардуми ҳар ду кишвар буданд, заминаи воқеӣ ва
созандаро барои равобит ва ҳамкориҳои фарҳангӣ фароҳам овард. Вақте саҳифаи
рӯзномаҳои оғози истиқлоли Тоҷикистонро мурур мекунем, хронология ва умқу
паҳнои зинаҳои робитаҳои фарҳангӣ, ки сатҳ ва моҳияти тоза доштанд, пеши назар меояд.

Баъди чанд фурсат дар рӯзномаи зикршуда матлабе таҳти унвони «Табодули
назар бо туҷҷораи афғонӣ» ва акси ин тоҷирон бо сармуҳаррири рӯзнома
Мазҳабшо Муҳаббатшоев ба чоп расид, ки онҳо барои нашри рӯзномаи «Омӯ»
ҳамчун замимаи «Ҷумҳурият» ба ҳуруфи форсӣ ба тавофуқ расидаанд. Тоҷирони
афғонӣ Ҳоҷӣ Айёмиддин Ғиёсӣ Борикзай, Даштӣ ва Папӯ минбаъд ба нашри
рӯзнома мусоидат карда, мудирияти онро аввал Ҳамидулло Меҳрварз ва баъдан
Соҳибназар Муродӣ ба дӯш доштаанд. Дар ҳоле ки Афғонистон дар оташи ҷанг месӯхт ва ҳазорон сокинони он барои зинда мондан кӯч мебастанд, бисёре аз ин муҳоҷирон ба Тоҷикистон сарозер шуданд, ки дар миёнашон фарҳангиён низ буданд. Яке аз онҳо, шоир Беранги Кӯҳдоманӣ буд, ки дар идораи замимаи рӯзномаи «Адабиёт ва санъат» нашрияи “Пайванд», ки ба хатти форсӣ чоп мешуд, фаъолият мекард ва ба ҳайси сармуҳаррири ин нашрия дар кори нашр ва таблиғи осори адабӣ ва фарҳангии Афғонистон ва ба ин васила таҳкими равобити ҳар ду кишвар хидмати шоёнеро анҷом медод.

Дар замони нооромиҳои Тоҷикистон ва фурӯпошии режими Наҷибуллоҳ
шоири дигари афғон Ҳоруни Роъун низ муддате ин «саразмини поки ниёгон»-ро
(Саид Нафисӣ) ҷойгоҳи зист ва фаъолият қарор дод. Иқдоми аввалини ин шоир дар роҳи тақвияти ҳамакориҳо ва ҳамгироиҳои тоҷикону афғонҳо таъсиси аввалин
Анҷумани афғонистониҳо дар ин кишвар бо номи «Анҷумани посдорони фарҳанги Ориёно» буд. Ин анҷуманро ӯ бо ҳамкории Зиёулҳақи Ҳофизӣ ва шоири афғонтабори Канада Исмоили Хуросонпур созмондиҳӣ кард. Бо саъйи ӯ Роъун дар Душанбе зиста, бо телевизиони «Пойтахт»-и Тоҷикистон ҳамкор буд ва
дар ҳафтае як бор барномаи адабию фарҳангӣ интишор мекард. Ба василаи телевизиони “Тулӯъ» саъй мекард халқҳои тоҷику афғонро бо ҳам бишиносонад. Таъкидаш ин буд:

“Фарҳанги мо на муштарак, балки як ҳаст». Моҳномаи «Ҷавонон»-ро низ бо мақсади пиёда кардани ормонҳои пайвандгароиаш миёни тоҷикону афғонҳо ба чоп мерасонд. Торнамои интернетии «www.shoiront.persian.bloq.com»-ро фаъол сохт, ки ба «таблиғу тарғиби шоирони тоҷик» машғул буд ва аввалин чизеро, ки дар ин торнамо монд, шеъри «Забони модарӣ»-и Муъмин Қаноат буд. Баъдан китоберо бо номи «Як сарзамини муҳаббат» дар ҳамкорӣ бо шоири тоҷик Низом Қосим ба нашр расонд, ки намунаи шеъри сад соли ахири Афғонистонро дар бар мегирад. Хонандаи тоҷик ба василаи ин китоби пурарзиш аввалин бор имкон ёфт, ки бо намунаи ашъори 150 шоири Афғонистон ошно гардад, ки эҷодиёти қисме аз онҳо барояш то ин замон номаълум буд.

Ашъори Роъун тайи солҳои иқоматаш дар Тоҷикистон муттасил дар нашрияҳои даврӣ чоп мешуд. Маҷмуаҳои ашъораш низ, аз ҷумла яке бо сарсухани Мӯъмин Қаноат дар Душанбе нашр гардид. Ҳоруни Роъун дар ин солҳо бо овозхонони тоҷик низ ҳамкории самарабахш доштааст, ки нашри албоми Сироҷиддини Фозил «Набзи дил» рӯйдоди фараҳафзо ва саҳми ин ду ҳунарманд дар таҳкими робитаҳои фарҳангии халқҳои ҳамзабон аст.

Бештарини матни таронаҳои ин албом моли Ҳорун аст. Ӯ бо ҳофизони дигари
тоҷик, аз ҷумла Садриддини Наҷмиддин, Суҳроби Маҳмуд, Қурбоналӣ Раҳмонов,
Рустам Тиллоев, Манижа Давлатова ва Шабнами Сурайё низ ҳамкорӣ кардааст ва
натиҷаи он таронаҳои дилангези «Саҷда кунам ба поят, ҷону танам фидоят»,»Имшаб, ки...», «Лабат бо лаби ман лаб ба лаб уфтод», “Нигорҷон»,»Ранҷамро дар қалбам месозам зиндонӣ», «Модар», «Таран, таран
таронӣ» ва ғайра мебошанд, ки шунавандагони тоҷику афғон хуш пазируфтаанд.

Тақдими ҷоизаи сулҳи «Симурғ» ба ҳунармандони тоҷик Давлатманд Холов,
Гулчеҳра Содиқова ва Далер Назаров дар Кобул низ идомаи ҳамкориҳои
тарафайни фарҳангии ин ду хиттаи ориёӣ мебошад. Бо назардошти ягонагии забон ва фарҳанг равобити фарҳангии ду кишвар новобаста ба нооромиҳои солҳои навади Тоҷикистон ва ҷангҳои дохилии Афғонистон дар тӯли солҳои сипаришуда шукуфотарин арса будааст. Дар солҳои истиқлолият шуморе аз донишҷӯёни афғон дар донишгоҳҳои Тоҷикистон бо шароити саҳл ва баробар бо имтиёзи донишҷӯёни тоҷик пазируфта шудаанд.

Мактаби таҳсилоти ҳамагонии Сомониён аз Вазорати маорифи Тоҷикистон
литсензияи фаъолият гирифт, ки тибқи тафоҳумномаи Вазоратҳои маорифи
Тоҷикистону Афғонистон фарзандони муҳоҷирини афғон дар он таҳсил мекунанд.
Иштироки филмбардорони афғон дар фестивали «Дидор»-и Душанбе ва
соҳиби ҷоизаи аввал гардидани филми «Абрҳо»-и когардони афғон Сиддиқи Обидӣ зинаи нави тавсеаи робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Афғонистон мебошад.
 Инъикоси маросимҳои мардумӣ, таҳқиқ ва арзёбии таърихи адаб ва фаъолиятҳои чеҳраҳои адабию фарҳангии Афғонистон паҳлуи дигари робитаҳои амалии фарҳангии ин ду кишварро менамояд.

Яке аз мавзӯъҳои асосие, ки ҳамеша мавриди таҳқиқ ва арзёбии
донишмандон буда, дар матбуот низ ба таври густурда инъикос ёфтааст, расму
оинҳо, ба хусус таҷлили Наврӯзи Афғонистон ва истиқбол аз моҳи шарифи Рамазон ва иди фитр будааст.

Рӯзномаи «Ҷумҳурият» таҳти унвони «Ҳама ҷо тантанаи Наврӯз аст»
иттилооти муфассалеро оид ба таҷлили ин ид дар Афғонистон чоп карда,
махсусиятҳои Наврӯзи Афғонистонро зикр мекунад. Хонанда аз ин гузориш
дармеёбад, ки ҷашни Наврӯз дар бостонӣ вежагиҳои хос дошта, ин ид чил рӯз
идома меёбад. Мардуми вилоят дар оғози ид дар ҳарами Ҳазрати Амир гирд омада, ба истиқболи Наврӯз парчами бузургеро боло мекунанд. Чун теппаҳои Балх лолапӯш мешаванд, аз Наврӯз ба номи «Иди сурх» ҷашн гирифта мешавад.
Ба онҳое, ки дар рӯзҳои ид издивоҷ кардаанд, ҳадя медиҳанд. Аз фарзҳои Наврӯз аст ба хонаи онҳое рафтан, ки нафаре аз онҳо оламро тарк гуфта бошад.
Чанд мақолаи донишманди тоҷик Додоҷон Обидов, ки дар рӯзномаҳои «Ҷумҳурият» ва «Рӯзгор» чоп шудааст, хонандаро бо вежагиҳои таҷлили Наврӯз ва истиқбол аз моҳи шарифи рамазону иди фитр ошно месозад. Яке аз мақолаҳои
пурмуҳтавои ин донишманд «Таҷлили Наврӯз дар Афғонистон» унвон дошта, дар
он гузашта ва имрӯзи ин ид ва усулҳои таҷлили он арзёбӣ шудааст...

Пофессор Х. Назаров низ бо мақолаи «Асари Халилуллоҳи Халилӣ «Айёре аз Хуросон» дар аввалин рӯзҳои ба истиқлолият расидани Тоҷикистон
хонандаро бо зиндагиномаи Амир Ҳабибуллоҳ ошно месозад. Хонандаи тоҷик ба
василаи ин мақола аввалин бор аз саргузашти пешвои шӯриши халқӣ Ҳабибуллоҳи Калаконӣ, ки ба исми Бачаи Саққо низ машҳур аст, ошно гардида оид ба ҳаракати инсонпарварона ва адолатхоҳонаи як нафар тоҷики афғонистонӣ маълумот ба даст меоварад.

 Як силсила мақолаҳое, ки дар бораи Мавлоно Хаста, Аҳмад Зоҳир, филмбардорони Аҳмадшоҳи Масъуд ва дигар шахсиятҳо чоп шудаанд, на фақат
хонандаи тоҷикро бо зиндагиномаи ин шахсиятҳо ошно месозанд, балки паҳлуҳои тозаи равобити фарҳангии ду халқро воқеъбинона инъикос менамоянд, ки арзиши таърихиву фарҳангӣ дорад. Аз ҷумла матолибе, ки ба муносибати таҷлили 67- умин солрӯзи Аҳмад Зоҳир таҳти унвони «Дуруди ҷони ҷонҳо, Аҳмад Зоҳир» дар ҳафтаномаи «Рӯзгор» чоп шудааст, паҳлуҳои воқеӣ ва пурманфиати ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Афғонистонро гӯшзад менамояд, ки ҳам таърих аст, ҳам заминагузори тавсиаи минбаъдаи робитаҳои дутарафа.
Ҳамин тариқ, аз ин мурури кӯтоҳ ба баъзе паҳлуҳои робитаҳои фарҳангии
Тоҷикистону Афғонистон ва инъикоси он дар матбуоти даврии замони истиқлол
чанд нуктаро ба тариқи хулоса метавон зикр кард: аввал, ин ки заминагузор ва
тавсеабахши равобит ва ҳамкориҳои босамари дутарафа, пеш аз ҳама ҳуввияти
ягонаи фарҳангии мардумони ду кишвари ҳамҷавор, ҳамойин, ҳамфарҳанг ва
ҳамзабон мебошад, сониян омили мусбати муҷовират, санахияти таърихӣ ва
фарҳангӣ ва инъикоси бемамониати ҳаводиси фарҳангӣ, аз ҷумла бозтоби чеҳраҳои  адабу ҳунар дар матбуот василаи корсози таблиғ ва тавсеаи робитаҳои дутарафа будааст, ки, бешак, ба инкишофи пойбасти фарҳангии тоҷикону афғонҳо таъсири мусбат ва роҳкушо хоҳад расонд.

Таронаи “Осмон боронист” бо садои Манижа Давлат. Шеър аз шоири афғон Ҳоруни Моъун. Баргирифта аз сомонаи “Рӯзгор”.

Муаллиф: Ҷ. Муҳаммад  

P.S. Мақола бо каме ихтисор чоп шуд. Шакли комили онро аз маҷаллаи “Паёмномаи фарҳангӣ”, № 3, соли 2016 метавонед мутолиа намоед

барчасп: