Зару зевар ва ороишоти бонувони тоҷик

Аз даврони қадим занҳои тоҷик зебоипарасту хушсалиқа буданд. Ва онҳо ин хушсалиқагии худро тавассут ҳунарҳои волои худ дар ҳар давру замон мутобиқ кунонида, то ба даврони мо оварда расонидаанд.

Ороиши зару зевар аз қадимулайём дар либоси занонаи тоҷикӣ як бахши асосиро ташкил менамуд. Дар гузашта махсусан зару зевари ороишии занонро дар баробари ороишоти замонавӣ бо зару зевари қадима низ омезиши махсус дошт. Занҳо ин ороишотро хуб нигоҳдорӣ намуда, қадр менамуданд.

Маснуоти ороишӣ аз сангҳои қимматбаҳо, тангаҳо, муҳраву марҷон ва нигинҳо, шишаҳо ва тугмаҳо иборат буд. Маснуоти ороишӣ аз мису нуқра хеле кам буд, аз онҳо фақат ангуштарин сохта мешуд. Дар қадим ороишот аз тилло набуд. (Ниг.: Материалная култура таджиков верховьев Зарафшана)

Маснуоти ороишии оддии марҷон ва муҳрагинро бештар худи занҳо омода намуда, маснуоти заргарии нуқрагину миссиро бошад заргарон тайёр менамуданд, ки ин масъала имрўз ҳам дар ҳамин ҳолат аст.

Дар гузашта ороишоти сарисинагӣ бо рангу намудҳои гуногун ҳам дар водиҳои Қаротегину Дарвоз бештар маъмул буд. Дар ин водиҳо якбора аз чанд намуд ороишот: гулбанд, мулчок, муҳра, зеби гардан, танга, ки иборат аз муҳраву марҷон, муҳраҳои гарди хазина ва тангаҳои гуногун будистифода менамуданд.

Ин масъала имрўз дар ин минтақаҳо бетағйир мондааст, зеро занҳои ин минтақаҳо ҳангоми иду маросимҳои баҳорӣ ва ҷашни арўсӣ аз ин намуди ороишот ҳанўз ҳам истифода мебаранд. Дар зару зевари қадима бештар тангаҳои нуқрагин истифода мешуд. Дар деҳаҳои дурдаст бошад дар ороиши зеварот аз пустлохи бодому писта низ, ки қаламфурмарҷон, қаламфури гарданӣ ва ё чои мурчак ном дошт истифода карда мешуд. Аз ин пустлохҳо баъзан вақт дар алоҳидагӣ маснуоти ороишӣ низ омода карда мешуд.

Як намуди маъмули зевар ин ғураи калони алафи шива, ки дар баъзе минтақаҳо онро ашки майрам ном мебаранд омода карда мешуд. Зевароти дигари ороишӣ ин аз муҳраҳо омода намудани гарданбанд буд, ки намуди бофти мўй ва ё турбофӣ дошт, ки бо тангаҳо ороиш дода мешуд. Дар Фондарё муҳраҳои гарди хазина, ки аз чанд қатормуҳраҳои ранга, ки дар чанд ҷои муайян бо як муҳраи калон ороиш дода мешуд ва ё  дар қисмати мобайнӣ як муҳраи калон дошт хеле қиммат дошт. Дар қадимтар ин намуди маснуоти ороишотиро аз муҳраҳои сафеду сиёҳи шафоф омода менамудаанд. Аз ҳама намуди зебои ин намуди ороиш дар минтақаи Ҳисор омода карда мешуд. Дар водии Зарафшон бошад, гарданбандҳои нигинадор ва матоъи сиёҳ, ки бо тугмаҳои сафед ороиш дода шуда буд,бо номҳои хафабанд, каҷак истифода карда мешуд.

Ороишоти матоъи сиёҳ бо тугмаҳо имрўз баъзан вақт дар осорхонаҳо ва намоишҳои фарҳангие, ки дар ҷумҳурӣ баргузор мегардад дида мешавад. Масалан, дар осорхонаи ноҳия Фархор ин намуди ороишро вохўрдем, ки мутобиқи гуфтаи мудири осорхона Ғафоров Ҳабибулло (с.т.1950) ин намуди ороишро танҳо арўсон истифода мекарданд. Ин намуди ороишро дар намоиши баргузоргаштаи рўзи 18-19 майи соли 2017 дар Маркази Исмоилия низ вохўрдем, ки намояндаи ин гўша ба мо қадима будан ва танҳо арўсон истифода намудани онро бори дигар таҳкид намуд. Ин ороишот аз матоъи сиёҳе, ки паҳнии 5 см ва дарозии 50-60 см дорад, қисмати болояш ду тақсим буда ба гардан овехта мешавад. Дар ин намуди ороиш аз тугмаҳои садафӣ ва нуқрагӣ истифода карда мешавад.

Гушвор, ҳалқа бештар нуқрагин буд. Дар деҳоти дурдаст онро нисбат ба деҳоти марказӣ камтар истифода мекарданд. Намудҳои асоии гушвораҳо гирди дарозшакл, ҳалқача, сабадчаи бешолак ё ин ки сабадчаи шолакдор буд. Ин намуди гушвораҳо ду намуд омода карда мешуд, ки барои ҷашну маъракаҳо шолакҳои он аз 5-10 ва барои истифодаи ҳаррўза 2-5 то иборат буд. Дар водии Моғиёндарё (дар Панҷакент ҷойгир аст) як намуди гушвора ёфт шудааст, ки аз 11 шолак иборат буда ҳангоми ҷунбондани сар шолакҳои он ба ҷунбиш медаромад ва ин гушвораро ёрбедоркунак меномиданд. Мутобиқи гуфтаи Мадимарова Гулҳаё (водии Бартанг) ин гуна гўшворҳо дар шолакҳои худ зангула доранд ва ҳангоми ба ларзиш даромадан садои маҳине мебароранд, аз ин хусус онро ёрбедоркунак меноманд. Дар деҳоти дурдаст бошад, шолакҳои гўшвораҳоро аз тангаҳои нуқрагин, нигину муҳраҳо баъзан вақт аз гўши моҳӣ- (ракавин каури) омода мекарданд.

Яке аз ороиши дигари занон дар гузашта, ки аслан дар деҳотҳои марказӣ бештар ба назар мерасид ин ҳалқачае бо номи пати бинӣ буд, ки барои ороиши бинӣ истифода мегардид. Аммо бо мурури замон ин ороиш миёни занони тоҷик аз байн рафта, имрўз ҳам аз ин намуди ороиш занҳои тоҷик истифода намекунанд.

Афзори ороишии дигари махсуси занҳо ин ангуштарин буд. Тибқи эътиқоду боварҳои мардумӣ занҳо танҳо ангуштаринро дар ангуштони ишоратӣ, беном ва хурди ҳарду дастон гузошта метавонистанд. Вале имрўз ин ақидаҳо миёни бонувон аҳамият надорад, ангуштарин ба кадом ангуште, ки рост ояд гузошта мешавад.

Дар гузашта дар рўзи тўй арўсон гарданбанди нуқрагини анъанавии самарқандие, ки пурқиммат буд ба гардан меовехтанд. Ин намуди гарданбанд ҳам қимати гарон ва ҳам вазни гарон дошт ва занҳо онро танҳо дар рўзи тўй ва ду се рўзи баъди тўй ба гардани худ ҳамчун ороиши арўсӣ меовехтанд, барои ҳамин баъзеи арўсон онро аз ҳамдигар ба таври муваққати мегирифтанд. Ин намуди ҷавоҳирот имрўз ҳам аз ҷониби заргарон омода карда мешавад, ки қиммати гарон дорад. Бонувони тоҷик аз ин намуди зеварот танҳо дар ҷашну маросимҳои идона тўю маъракаҳо ва махсусан иду ҷашнҳои баҳорӣ истифода менамоянд. Вале арўсон бошанд бештар барои худ аз зевароти тиллоӣ интихоб менамоянд, ки ин зеварот метавонад ҳамавақт гардани онҳоро ороиш диҳад ва нисбат ба зевароти қадимӣ, ки ҳам қимматаш гарон асту ҳам вазнаш боманфиаттар мебошад.

Дар гузашта арўсон як навъи дигари ороиш доштанд, ки солҳои навадуми асри гузашта миёни арўсон боз мўд шуда буд. Ин афзор коши тилло ном дошта, арўсон онро ба сари худ мегузоштанд, ки қисмати пеши он ба шакли баргак шилшилаҳои металӣ бо номи тахтабаргак дошт. Аммо имрўз ин намуди ороиш танҳо дар ороишоти либосҳои раққорсони ансамблҳои касбӣ дида мешавад ва мавқеи худро дар ҷашни арўсӣ ҳамчун афзори ороишӣ аз даст додааст. Қоши тилло қисматҳои каҷак ки аз металлибо нигину муҳра орододашу иборат аст дошт. Инчунин инафзори ороишӣ қисмате бо номиғулома-зулфдошт, ки ҳалқаҳое дошт, ки дар он мўйҳои сунъӣ овехта шуда будва баъзан маврид онро гўши пупакменомиданд.

Гарданбандҳои он замон бо номҳои тавқ ва ё баргак, ки аз марҷонҳои дар ришта кашидашуда, ки бо шаддаҳо ва металҳои малилакоришуда, ки дарозии 4 см-ро дошт меовехтанд. Инчунин гарданбандҳои сари синагии калону боҳашамат бо номҳои ҳайкал ва ё зеби сина, ки аз қаторҳои зиёди зевароти шишагини ранга ва симкорию муҳракоришудаи шолакдор иборат буд вуҷуд доштанд. Ин гуна зеваротро ба тарафдорони ҷараёни фалсафии монизм нисбат медоданд. Мутаносибияти гарданбандҳо аз он иборат буд, ки бо онҳо ибодат мекарданд. Ин намуди гарданбандҳоро дар деҳоти марказии Зарафшон дидан мумкин буд.

Дар гузашта дар қатори зару зевар туморҳои муҳофизатиро низ истифода мебурданд. Эътиқоди мардум ба нерўи ин гуна туморҳо чунон қавӣ буд, ки талаботи фаъолони маҳаллӣ ва зиёиён низ ба онҳо хеле зиёд буд. Имрўз ҳам одамонеро вохўрдан мумкин аст, ки ба ин гуна тўмору бозбандҳо эътиқоди зиёд доранд вале ба хотири ба чашми касе нарасидан онҳоро зери либоси худ пинҳон мегузоранд.

Ин тўморҳо ба шакли секунҷа ва бозубанд бошад ба шакли чоркунҷа барои табобат аз бемориҳо, ҳангоми сафарҳо ва ҳангоми ҳомиладорӣ ва барои гарм нигоҳ доштани муносибати оилавии зану шавҳар истифода карда мешавад. Мардум нисбат ба тўмор ҳамавақт муносибати хуб намуда, барои аз байн нарафтани нерўяш онро аз таршавӣ ва гумшавӣ эмин нигоҳ медоранд. Як намуди дигари тўмор вуҷуд дорад, ки онро чилбанд меноманд. Дар ришта чил маротиба сураи “Фотеҳа”-ро  хонда ҳангоми хондан риштаро чилто гиреҳ карда, риштаро дар либос медўзанд.

Инчунин дар қатори тўморҳо боз ашёҳое низ ҳастанд, ки дар қатори маводи ороишӣ буданашон боз вазифаи муҳофизатиро низ доранд. Ин гуна ашёҳо бештар дар занон ва дар кўдакон дида мешавад. Яке аз ин ашёҳо ин муҳраи сиёҳи нуқтаҳои сафед дорад, ки бо номи чашмӣ дар миёни мардуми тоҷик маъмул аст. Чашмӣ ҳамчун гарданбанд, дастмона ва ё зери либос ва кокулон низ истифода карда мешавад. Мутобиқи эътиқоди мардум муҳраи чашмӣ бештар барои нарасидани чашм истифода карда мешавад.

Яке аз ашёҳои дигаре, ки ба ҳамин мақсад истифода мешавад ин аз дарахти туғ – табалғун мебошад, ки бештар ба гаҳвораи кўдакон меовезанд.Инчунин ин гуна тўморҳо аз донаи пиставу бодоми талх 7-дона, инчунин донаи зардолу, ки бо риштаҳои ранга турбофӣ шудааст, низ ба ин қатор дохил аст. Бо мақсади чашм нарасидан инчунин аз донаи гиёҳҳои сиёҳдона, зира дар халтачаҳои, ки матоъи махсус медўзанд гузошта мешуд. Тўмор аз коҳи ҷав низ ба шакли секунҷа омода карда мешуд, дар қадим онро арўсон аз ду тарафи гўши худ овезон мекардаанд.

Инчунин аз ҳама таъсирбахшии зиёд тўморҳо аз нохун ва дандони ҳайвонот ба мисли нохуни хиср, нохуни уқоб, дандони гург, дандон ва устухони мор, устухони моҳӣ ва ғайра ба ҳисоб мерафт. Ин тўморҳоро бо матоъи махсус ва ё риштаҳои ранга тавре мепечониданд, ки қисмати нўги он намоён бошад. Тўмори муҳофизат аз чашм чашми оҳу низ ба ҳисоб мерафт. Чашми оҳуро гирифта хушккарда аз матоъ халтаи махсус дўхта аз зери либос меовезанд. Ба ҳайси тўмор боз пўсти оҳу ва пўсти мурғобӣ – пўсти пати мурғобӣ низ истифода карда мешуд.

Дар баъзе маврид тўморҳо аз тир ва ё борут он барои писарбачаҳо ба назар мерасид, ки вазифаи чашм нарсиданро дошт. Инчунин сангҳое, ки аз кўлу дарёҳо ва мазорҳо гирифта мешуд, ба ҳайси тўмор истифода мегардид. Ин сангҳо ҳамроҳи пиставу бодом ва донаи хурмо низ омехта карда ба мисли гарданбандба гардани кўдакон баста мешуд. Дар ин гуна гарданбандҳо санги ақиқ низ мавқеи хоси худро дошт.

Хулоса зару зевароти орошие, ки зикрашон дар боло рафт имрўз ҳам ҳамчун ороишоти қадима омода карда мешавад. Вале онҳо хеле нархи гарон доранд ва ҳар як бону наметавонад аз ин ороишот харидорӣ намояд. Ба ҳамин хотир миёни ҷавонон ҳамарўза ҳис карда мешавад, ки завқи онҳо нисбат ба ороишоти фабрикавии собуку содда бештар гаштааст. Муҳраву марҷон, ангуштарину гўшвора ва дигар намудҳои зевароти гуногунранг имрўз дар мағозаву бозорҳо бо нархҳои дастарсу интихоби васеъ дастарси харидорон аст.

Маҳина НИЁЗОВА,
ходими калони илмии шуъбаи мероси
фарҳанги ғайримоддии Пажуҳишгоҳи
фарҳанг ва иттилоот