Дар давоми зиёда аз сад соли охир, ки матбуоти тоҷик арзи вуҷуд дорад, забони матбуот низ ҷузъи муҳими забони адабӣ гардидааст, яъне дар маҷрои инкишофи забони адабии тоҷик рўзноманигорӣ равияи нисбатан навест, ки дар ибтидои
қарни гузашта ба миён омада такмил ёфтааст ва чун як ҷанбаи хосаи услубиёти забон тадриҷан шакл мегирад.
Ҳарчанд дар солҳои охир забони матбуот дар байни олимони забоншинос ва умуман муҳаққиқону аҳли илму адаб баҳсҳои зиёд ба вуҷуд овардааст, аммо матбуот ҳамчун шакли классикии васоити ахбори омма дар тарғиби забони миллӣ нақши муҳим дорад. Аз замони пайдоиши нахустин рўзномаи тоҷикӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ – “Бухорои Шариф” то имрўз умдатарин проблемаҳои забон маҳз дар саҳифаҳои матбуот мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Баҳсҳои олимону рўшанфикрон дар охири солҳои 20-ум ва аввали солҳои 30-юми асри ХХ дар бораи чӣ тавр ташаккул додани забони миллии тоҷикӣ ва баҳсҳои аҳли илму адаб дар охири солҳои 80-уми қарни ХХ дар бораи додани мақоми давлатӣ ба забони тоҷикӣ маҳз дар матбуот сурат гирифтаанд. Ба ибораи дигар дар баробари омилҳои зиёди забониву ғайризабонӣ матбуот низ дар ташаккули забони миллии тоҷикӣ саҳми назаррас гузоштааст. Инчунин журналистика ҳам бе забон вуҷуд дошта наметавонад, зеро дар шароити авҷи тараққиёти техникаю технология ҳам ҷузъитарин иттилоъро бе забон ба аудитория расондан имконнопазир аст.
Ин ҷанд ҷумла аз китоби пажуҳишгари тоҷик Меҳроб Ҷумъаев “Баъзе масъалаҳои забони матбуот” иқтибос шуд, ки соле пеш дар интишороти “Аржанг” чоп шуда буд. Тавре аз номаш пайдост, дар китоб баҳси забон дар матбуот аст ва ин масъалаест, ки солҳо доғ шудаву дар атрофи он донишмандони маъруф даҳҳо мақолаҳои таҳлилӣ навиштаанд.
Ин ҷо матни комил ва гузинаи электронии китобро мегузорем, ба умеди он ки хонандагони азиз баҳра бардоранд.