Як далели қиёсӣ дар нисбати бартарии Меҳргон аз Наврӯз

Кадоме  аз  фаслҳо  оиди  нобудшавии  ҳашароти  зараррасон мувофиқтаранд? Ҷавоб: албатта, тирамоҳ. Фаровонии ҳосили сол ва некуии он ба чӣ нишонае  маълум шавад? Ҷавоб: аз чигунагии омадани баҳор. Бинобар  ҳамин,  аз  мазмуни  ривояти  болоӣ  чунин

Вақте  ки  мазмуну  моҳияти  ин  ду  ҷашни  бузурги халқамонро  бо  тамоми  паҳлуҳояш  қиёсан  мулоҳиза мекунем,  хоҳу  нохоҳ  чунин  саволе  пайдо  мешавад:  кадоме аз онҳо беҳтар?

Барои донандаи таъриху суннатҳои ин ду ид ҷавоб  додан ба ин савол хеле мушкил бошад, ҳамчунон ки ду  ашёи қиматбаҳо, монанди ёқуту забарҷадро паҳлуи ҳам гузорем  ва  нишонаҳои  бартарии  якеро  бар  дигаре  биҷўем.

Илова  бар  ин,  барои  расидан  ба маъниву  моҳияти ҳар  як  ашёву  рўйдод,  муқоиса  кардани  он  бо  ҳамтояш ва ё аксаш ҷўяндаро ба сари хулосаи дуруст меоварад. Аз  ин  ҷост ки  ҳар  як иддио  барои  исботи  мантиқӣ далел  металабад.  Дар  ин  маврид  ҳам  аллома Абўрайҳони  Берунӣ,  ёдаш  бахайр,  мушкилкушои  мо шуда. Вай дар “Осор-ул-боқия” чунин мефармояд:

–  Ва  баъзе  Меҳргонро  бар  Наврўз  афзал мешуморанд,  чунон  ки  тирамоҳро  бар  баҳор  бартарӣ додаанд. Ва такягоҳи  эшон ин аст, ки чун  Искандар аз Арасту  пурсид,  ки  “кадом  яки  ин  ду  фасл  беҳтар  аст?

Арасту гуфт:

–  Подшоҳо,  дар  баҳор  ҳашароту  газанда  оғоз мекунанд, ки нашъунамо ёбанд. Ва дар тирамоҳ оғози аз байн  рафтани  онҳост.  Пас,  тирамоҳ  аз  баҳор  беҳтар аст.

Файласуфи  тавоно,  Арастуи  доно,  дар  ин  ривоят далели  шайъӣ  овардааст  ва дурустии андешаи ўро  аз нигоҳи муҳокимаи мантиқӣ ва ҳақиқати ҳол наметавон рад  кард.  Аммо  фақат  як  далели  ҷузъии  қиёсӣ наметавонад,  ки  оиди  бартарӣ  доштани  фасли тирамоҳро аз баҳор куллан собит намояд. Зарбулмасали  “Соле,  ки  некўст,  аз  баҳораш  маълум” барои баҳо додан ба баракату равиши сол, ки  он  ба  фаровонии  ҳосил  вобастагӣ  дорад,  далели дигарест,  ки  бартарии  баҳорро  таъин  менамояд.  Вале ин гуна далелҳо ба мавриди истифодаи онҳо вобастагӣ доранд. Дар  ин  ду  мисол,  агар  муҳокимаро  ба  тарзи  зерин баён  кунем,  дурустии  ҳар  яке  аз  он  далелҳо  дар  мавридаш маълум мешавад.

Кадоме  аз  фаслҳо  оиди  нобудшавии  ҳашароти  зараррасон мувофиқтаранд? Ҷавоб: албатта, тирамоҳ. Фаровонии ҳосили сол ва некуии он ба чӣ нишонае  маълум шавад? Ҷавоб: аз чигунагии омадани баҳор. Бинобар  ҳамин,  аз  мазмуни  ривояти  болоӣ  чунин хулосаи  мантиқӣ  бармеояд,  ки  бо  вуҷуди  ба  ҳам  пайвастагӣ,  вобастагии  ин  ду  фасл,  онҳо  баъзе хусусияти фарқкунанда ҳам доранд.

Ин як пора аз китобе иқтибос шуд, ки ахиран дар интишороти “Аржанг” бо номи “Номаҳои меҳргонӣ” чоп шуд. Муаллифи китоб донишманди тоҷик Ҳасани Муҳаммадист. Он рисолаи илмӣ-тадқиқотӣ ва сенарияи намунавии ҷашни Меҳргон дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо қарори Шӯрои илмӣ-методии Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот ба нашр расидааст.

Дарёфти китоби "Номаҳои меҳргонӣ"

барчасп: