Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот фарҳанги миллӣ дар замони Истиқлолро таҳлил кард
Чоп шуд: 25/10/2017Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо баргузории Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ бо номи “Таҳқиқи фарҳанги миллӣ дар даврони Истиқлол” дар бораи рушди фарҳанг зарфи бештар аз 25 соли охир ибрози назар кард.
Ин конфронс ба 80-умин солгарди таъсисёбии Пажуҳишгоҳ бахшида шуда буд. Аммо ҳадафи Конфронс пажуҳиши роҳҳои ҳалли масоили мубрами фарҳанги миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ буд.