Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот фарҳанги миллӣ дар замони Истиқлолро таҳлил кард

Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо баргузории  Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ бо номи “Таҳқиқи фарҳанги миллӣ дар даврони Истиқлол”  дар бораи рушди фарҳанг зарфи бештар аз 25 соли охир ибрози назар кард.

Ин конфронс ба 80-умин солгарди таъсисёбии Пажуҳишгоҳ бахшида шуда буд.  Аммо ҳадафи Конфронс пажуҳиши роҳҳои  ҳалли масоили мубрами фарҳанги миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ буд.

Тавре Директори Пажуҳишгоҳ Шариф Комилзода зимни суханрониаш иброз дошт, ниҳод дар қолаби имрӯз зодаи замони истиқлол аст ва “4 –уми апрели соли  1997 дар заминаи Маркази ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ таъсис ёфтааст. Ва аз аввалин рӯзҳои таъсисёбиаш  дар татбиқи сиёсатҳои фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм гирифта, доир ба масоили мубрами таъриху назарияи илмҳои  фарҳангшиносӣ, санъатшиносӣ, мусиқишиносӣ, театршиносӣ, рақсшиносӣ, осорхонашиносӣ, китобшиносӣ, иттилоотшиносӣ, китобхонашиносӣ, фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ, мероси фарҳангии халқи тоҷик корҳои илмӣ-таҳқиқотиро роҳандозӣ кард”.

Дар ҷаласаи пленарии Конфронс муовини Директори ПИТФИ, номзади илмҳои таърих, дотсент Абубакр Зубайдов дар мавзуъи “Нақши Пешвои миллат дар рушди фарҳанги миллӣ” маъруза намуд.

Ҳамчунин дар Конфронс мавзуъҳои “Фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангии осорхонаҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлол”, “Равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ”, Таҳқиқи омилҳои фарҳанги миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ”, “Либоси миллӣ омили ҳуввиятсоз”,  Ҳамкориҳои ПИТФИ бо ИЧКАП дар масъалаи омӯзиш ва ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ”, “Мактаби эҷодии ҳунарманди созтарош Сайидислом Устуғуломов”, “Мавқеъи рубоӣ ва рубоисароӣ дар фолклори тоҷик”, “Инъикоси фарҳанги миллӣ дар нӯзномаи “Баҳори Аҷам”, “Рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар солҳои истиқлолият”, “Бунёди китобхонаҳои электронӣ дар Тоҷикистон”, “Таҳқиқи равандҳои инноватсионӣ дар соҳаи китобдорӣ”, “Роҳандозии хадамоти библиографӣ дар китобхонаҳои оммавӣ”, “Саҳми ПИТФИ дар рушди соҳаи китобдорӣ” ва ғайра мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Мавзуъҳои номбурдашуда интихобан дар фурсатҳои наздик дар сомона чоп хоҳанд шуд.

барчасп: