Таърихи библиографияи тоҷик

Дар даврони Шўравӣ эҳё ва инкишофи библиографияи тоҷик ҷараёни дигареро касб менамояд ва он ба ниёзҳои ҳизбию идеоложӣ вобаста карда шуда, тарбияи коммунистии меҳнаткашонро ба душ мегирад.

Зиёдшавии чопхона ва нашриётҳои миллӣ дар ҳудуди Тоҷикистон, интишори рўзномаву маҷаллаҳо, китобу ҷузваҳо ва талаботи рўзафзуни ҷомеа ба он ба рушди библиографияи тоҷик заминаи хубе муҳайё месозад. Ҳамзамон инкишофи матбуоти тоҷик ва бо теъдоди зиёд интишор гаштани маводи чопӣ ва дар заминаи он таҳия ва ба табъ расидани дастурҳои библиографӣ рушди ҷомеаи тоҷикро метезонад ва дар як муддати начандон тўлонӣ маъракаҳои маҳви бесаводӣ, соҳибмаълумот намудани аҳолӣ, омўзиши технологияҳои замонавӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Тоҷикистонро таъмин менамояд.

Библиографияи тоҷик дар тамоми чорабиниҳо ва
маъракаҳои бузурги ҷумҳурӣ аз қабили мубориза зидди босмачиён ва фашистони гитлерӣ, тарғибгари сулҳу суботи ҷомеа, сохтмонҳои иншоотҳои азим ба монанди обёрии заминҳои бекорхобида, кандани каналҳои бузурги Фарғона, Вахш ва Ҳисор, неругоҳҳои барқи обии Норак, Бойғозӣ, Пастакон, Варзоб, Фарҳод, роҳҳои Душанбе Хорўғ, Хуҷанд, Панҷакент, Кўлоб, Қўрғонтеппа, рушди кишоварзӣ ва саноати тоҷик саҳми назаррас мегузорад. Солҳои 60-уми асри ХХ  библиографияи тоҷик давраи эҳёро аз сар гузаронида рў ба рушд меорад. Қуллаи баланди инкишофи библиографияи тоҷик ба солҳои 80-уми асри ХХ рост меояд.

Албатта, ба рушди библиографияи тоҷик омилҳои зерин мусоидат намуданд: пеш аз ҳама зиёдшавии интишори китобу матбуоти чопӣ, китобхонаҳо ва марказонидани кори китобхонаҳо дар ҷумҳурӣ ва собиқ Иттиҳоди Шўравӣ, ҳаддалимкон омода намудани  мутахассисони маҳаллӣ дар КДҶ ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, факултаи санъати ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, факултаи китобдории ДДСТ ба номи Мирзо Турсунзода, факултаи китобдории
Омўзишгоҳи ҷумҳуриявии фарҳанги ноҳияи Ленин (ҳоло Коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанг ба номи Б. Бўйдоқови ноҳияи Рўдакӣ) ва донишкадаҳои олии Москва, Ленинград, Тошканд, Фрунзе ва ғайра. Ҳамзамон ташкили курсҳои такмили ихтисос, бозомўзӣ, таҷрибаомўзи ва курсҳои сайёр заминаи муҳимми баланд бардоштани дониши библиографии китобдорони ҷумҳурӣ мегардад. Ин омилҳо дар ҳамоҳангӣ бо сиёсати фарҳангии ҳамонрўзаи Ҳизби
Коммунист оид ба тарбияи коммунистии меҳнаткашон ва
таваҷҷуҳ ба таъминоти таҷҳизотиву маводи зарурӣ ба
рушди соҳа такони ҷиддие гаштанд...

Инқтибосе буд аз китоби нави донишманди тоҷик  Қурбоналӣ Бӯриев бо номи “Таърихи библиографияи тоҷик” (аз замонҳои қадим то ибтидои асри ХХI), ки ахиран дар нашриёти “Аржанг” чоп шуд.

Китоб бо тавсияи Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот нашр шуда, профессорон Ҳ.Камол, Б.Сафаралиев, М.Муродов муқарризони онанд. Муҳаррир номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода аст. 

Матни пурраи китоб: Таърихи библиографияи тоҷик

барчасп: