29-уми октябри соли равон профессор Худоӣ Шарифзода-донишманди маъруф дар синни 80-солагӣ чашм аз ҷаҳон фурӯ баст. Устод Худои Шарифзода моҳи июни соли равон 80-солагии худро таҷлил карда буд. Муддати начандон тӯлонӣ бемор буд ва дирӯз мурғи ҷонаш ба малакути осмонҳо парвоз кард.
Муаррифии Худоӣ Шарифзода бо истинод аз маълумотномаи Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон:
25 июни соли 1937 дар деҳаи Ҷорфи ноҳияи Дарвози ВМКБ таваллуд шудааст. Соли 1946 ба мактаб рафта, то синфи панҷум дар мактаби зодгоҳаш таҳсил кардааст. Соли 1951 ба мактаб-интернати шаҳраки Навободи вилояи Ғарм пазируфта шудааст. Дар ҳамин ҷой таҳсилоти мутавасситаро фаро гирифта, ҳамон сол (1956) вориди факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин гардидааст.
Баҳори соли 1966 вориди аспирантура шуда, таҳти роҳбарии устод Шарифҷон Ҳусейнзода (соли 1970) дар мавзӯи «Ташаккули афкори адабии тоҷик дар асрҳои Х-XI» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Солҳои 1979-1989 муаллими калон, дотсент ва профессори кафедра буда, соли 1987 дар мавзӯи «Масъалаҳои назарии наср дар осори форсӣ-тоҷикии марҳалаи классикӣ» (асрҳои Х-XV)» рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. Солҳои 1989-1994 мудири кафедраи фолклор ва усули таълими адабиёт, солҳои 1994-2009 мудири кафедаи таърихи адабиёти тоҷик, баъдан профессори ҳамин кафедра будааст. Солҳои 1993-1996 декании факултаи филологияи тоҷик, солҳои 1989-2003 раисии Шӯрои танқиду адабиётшиносии Иттифоқи нависандагонро бар зимма доштааст.
Ба навиштани тақризу мақолаҳо аз замони донишҷӯӣ сар карда, аввалин самараи ҷиддии ковишҳои илмияш рисолаи дипломии «Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар бораи шеъру шоирӣ», нахустин тақризаш доир ба китоби Соҳиб Табаров «Пайрав Сулаймонӣ» (1962) будааст. Аз ибтидои солҳои ҳафтодуми асри гузашта ба омӯхтани ҷараёни зиндагӣ ва фаъолияти адабии Ибни Сино мароқ зоҳир карда, «Фанни шеър»-и Арастуро аз русӣ ба тоҷикӣ баргардондааст, ки соли 1980 (ҳамроҳи рисолаҳои Форобӣ, Ибни Сино, Ибни Рушд (тарҷумаи Ф. Деҳотӣ ва А. Сатторов) ва Насируддини Тӯсӣ) дар китоби «Фанни шеър» чоп шудааст. Ҳамроҳи Ш. Ҳусейнзода ва К. Айнӣ китоби «Авҷи Зуҳал»-ро чоп кардааст, ки фарогири шеърҳои форсию арабии Ибни Синост. Ба муносибати ҳазорумин солгарди зодрӯзи Ибни Сино, ҳамчунин, ҳамроҳи Ш. Ҳусейнзода маҷмӯаи рисолаҳои тамсилии Ибни Сино «Пирӯзнома»-ро чоп кардааст, ки китоби ҷамъбастии силсила рисолаи «Мақоми Ибни Сино дар шеъру адаби тоҷик» (1985) мебошад.
Соли 1985 аввалин маҷмӯаи мақолаҳояш бо номи «Услуб ва камолоти сухан», чоп шуда, баъдан «Чаҳор мақола»-и Низомии Арӯзӣ (ҳамроҳи У.Тоиров) ва мунтахаби «Тарҷумон-ул-балоға» ва «Ҳадойиқ-ус-сеҳр»-ро ба нашр расондааст. Соли 1992 рисолаи «Каломи бадеъ»-аш аз чоп баромад, ки таҳқиқи масъалаҳои назарии каломи бадеъ ва поэтикаи нормативии суннатиро дар бар мегирад.
Ба муносибати Ҳазораи давлати Сомониён китобҳои «Қиссаи подшоҳони Сомонӣ» ва «Шоирони аҳди Сомониён»-ро (ҳамроҳи А. Абдусатторов) чоп кардааст (соли 1999). Мақолаву рисолаҳои «Адабиёти аҳди Сомониён», «Шоир ва шеър» (соли 1998), маҷмӯаи мақолаҳои «Озурдагон ва умедворон» (2001), «Суннатҳои адабӣ» (2007), «Маънавият ва ҷаҳони зоҳирӣ» (2013), «Сездаҳ мақола» (2014) ва ғ. ҳам аз офаридаҳои ӯстанд..
Соли 2002 китобҳои «Савти Аҷам»-у «Балоғат ва суханварӣ», соли 2003 ба муносибати ҳазорумин солгарди зодрӯзи Носири Хусрав (дар ҳамқаламии А. Маниёзов), китоби «Ҳакими суханвар»-ро чоп кунондааст. Як сол баъд китоби «Рози ҷаҳон» (нақду баррасии шеъри Носири Хусрав) ва рисолаи «Назарияи наср»-аш аз чоп баромаданд, ки китоби охир бо номи «Назарияи наср дар адаби форсӣ» дар Теҳрон (1390/2012) ҳам чоп шудааст.
Китобҳои «Сухан аз адабиёти миллӣ» (2005) ва «Маънавият ва ҷаҳони зоҳир» (2012) масъалаҳои мубрами адабиёти классикӣ ва муосири тоҷикро дар бар мегиранд. Дар китоби «Сездаҳ мақола» (соли 2013) чанде аз асарҳои тозаашро фароҳам овардааст, ки бештарашон ба масъалаҳои адабиёти муосири тоҷик бахшида шудаанд. Китоби «Шоҳнома» ва шеъри замони Фирдавсӣ» (2014) бахшида ба ҳазораи хамосаи безавол таълиф шудааст.
Рисолаи Забеҳуллоҳи Сафо «Таърихи адабиёти Эрон» (дар чор ҷилд), китобҳои «Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ» ва «Ашъори ҳакимон ва орифон» (ҳамроҳи А.Абдусатторов), маҷмӯаи «Ҳикоёти латиф аз рӯзгори шоирон» (2010), мунтахаби ҳикоёти «Бадоеъ-ул-вақоеъ» (1970, 2006; ҳамроҳи З.Воҳидов), шумораҳои вежаи фаслномаи «Рӯдакӣ», китоби Саййид Муҳаммади Хотамӣ «Гуфтугӯйи тамаддунҳо ва фарҳанги эронӣ», маҷмӯаи мақолаҳои «Дидор бо Гарморудӣ» ва ғ. аз он шумуланд.
Дар рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва донишномаҳои Тоҷикистону Эрон наздики сесад мақола чоп карда, ба паҳлӯҳои гуногуни адабиётамон рӯшанӣ андохтааст.
Арбоби шоистаи илму техникаи Тоҷикистон.
Аз соли 1979 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.