Касбу ҳунарҳои мардумӣ аз нигоҳи ҷавонон ва нақши онҳо дар рушди он

Дар замони муосир бо шарофати Истиқлолияти кишвар таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан, сарвари давлат ба эҳё ва рушд кардани фарҳанги миллӣ, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ беш аз пеш меафзояд. Ҳар як кишвар кўшиш менамояд, ки бо роҳу тадбирҳои мухталиф фарҳанги миллии хешро ҳифз намояд. Дар шароити имрўза рў овардан ба ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад. Чунки ҷавонон яке аз қишрҳои муҳими ҷомеа ба ҳисоб рафта, барои талқини касбу ҳунарҳои миллӣ нақши асосӣ мебозанд.

Муносибати имрўзаи ҷавонон нисбати ҳунарҳои мардумӣ собит месозад, ки бидуни омўзишу эҳё ва рушди ҳамаҷонибаи мероси фарҳанги ниёгон таъмини инкишофи ҳаёти ҷомеа пеш намеравад. Зеро рушду нумуи касбу ҳунарҳои халқӣ ва мавқеи он дар шароити ҷаҳонишавӣ ба вазъи иҷтимоиву иқтисодии ҷавонон бетаъсир намемонад.

Як гурўҳи ҷомеашиносон ва фарҳангшиносон ба хулосае омадаанд, ки муҳити ҷавонони ҳозира бисёр як муҳити душвор мебошад. Чунки аз рўи тадқиқотҳои муҳаққиқон маълум гардидааст, ки бештари ҷавонон бар он назаранд, ки пос доштани арзишҳои миллӣ ва донистани ҳунарҳои қадимии тоҷикон гўё ба онҳо ягон манфиате намеорад. Вале чунин нест, зеро дар муқоиса бо ҷавонони солҳои 70-80-уми асри гузашта ҷавонони имрўза фарқкунандаанд. Ҷавонони муосир нисбат ба маҳсулотҳои қадимӣ бештар ба он маҳсулотҳое, ки ҳунармандон дар он навоварӣ ворид кардаанд ҳамонро қабул доранд. Аз тарафи дигар онҳо ба хотири завқу рағбат доштан ба ин ё он навъи ҳунар машғул мешаванд, на бо роҳи маҷбуркунӣ. Барои ин бояд роҳҳои ҷалб кардани ҷавононро ба касбу ҳунарҳои миллӣ дида баромад.

Идомаи мақола: Касбу ҳунарҳои мардумӣ аз нигоҳи ҷавонон ва нақши онҳо дар рушди он

барчасп: