Абўрайҳони Берунӣ ва асарҳои илмии ў
Чоп шуд: 01/02/2018Маълумоти дар «Осор-ул-боқия» овардаи Берунӣ хеле нодир ва муҳим буда, хусусиятҳои илмӣ доранд. Масалан, ў дар бораи таърихи пайдоиш ва таҳаввули ҷашнҳои Наврўз, Меҳргон, Тиргон, Сада, ҷашнҳои офариниш ва дувоздаҳгонаи зардуштиён маълумоти муфассал додааст. Инчунин, Берунӣ дар ин асар бо истифода аз сарчашмаҳои хаттии давраҳои бостон роҷеъ ба гоҳшумориҳои порсию суғдӣ, румӣ, арабӣ, сурёнӣ, тарсоӣ, насронӣ, собиён ва ғ. иттилооти муҳим додааст.