Абўрайҳони Берунӣ ва асарҳои илмии ў

Абўрайҳони Берунӣ

Маълумоти дар «Осор-ул-боқия»  овардаи Берунӣ хеле нодир ва муҳим буда, хусусиятҳои илмӣ доранд. Масалан, ў дар бораи таърихи пайдоиш ва таҳаввули  ҷашнҳои Наврўз, Меҳргон, Тиргон, Сада, ҷашнҳои офариниш ва дувоздаҳгонаи зардуштиён маълумоти муфассал додааст. Инчунин, Берунӣ дар ин асар бо истифода аз сарчашмаҳои хаттии давраҳои бостон роҷеъ ба гоҳшумориҳои порсию суғдӣ, румӣ, арабӣ, сурёнӣ, тарсоӣ, насронӣ, собиён ва ғ. иттилооти муҳим додааст.

Абўрайҳон Муҳаммад ибни Аҳмади Хоразмӣ (04.09.973 – 11.12. 1048) яке аз донишмандони бузурги машриқзамин ба шумор рафта, дар доираи илм ҳамчун олими энсиклопедист шинохта шудааст. Ў асосҳои илмро дар зодгоҳаш аз Абўнасри Мансур омўхтааст. Берунӣ ба забонҳои маъруфи замони худ таваҷҷуҳ дошта,  забонҳои хоразмӣ, паҳлавӣ, суғдӣ, сурёнӣ, арабӣ, дарӣ ва юнонию санскритро  аз худ намуда, ба баъзеи ин забонҳо асарҳо таълиф кардааст. Ў қариб дар ҳамаи соҳаҳои илмҳои маъруфи замони худ қувваозмоӣ намуда, асарҳои пурарзише навиштааст. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, Берунӣ муаллифи тақрибан 180 номгўй асарҳои илмӣ мебошад. Аммо мутаассифона, аз он таълифоти гаронмоя то ба имрўз танҳо чоряки онҳо омада расидаанд. Дар асарҳои боқимондаи ў масъалаҳои табиатшиносӣ, таърих, мардумшиносӣ, динӣ, ситорашиносӣ, ҳандасӣ, фалсафӣ, биологӣ, ҷуғрофӣ ва ғайра мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд.

Хидмати Берунӣ дар соҳаи филология низ назаррас аст. Аз ҷумла, ў қонунияти шеъри араб, системаи шеър ва хусусиятҳои хоси забони ҳиндиро омўхт, истилоҳоти муқоисавиро таҳия кард, намунаҳои фолклори   халқҳои эронинажодро аз паҳлавӣ ба арабӣ тарҷума кард, дар масъалаи пайдоиш ва моҳияти забон андешаҳои тоза иброз намуд. Берунӣ чун инсонпарвари бузург эҳтирому дўстии халқҳои гуногунро таъкид намуда гуфтааст: «барои дўст доштани мардумон забонашонро ёд гиред ва одобу русум ва фикру мазҳабашонро муҳтарам шуморед».

Дар миёни осори Берунӣ «Китоб-ут-тафҳим лил авоили саноат-ут-танҷим», ки ба ду забон – форсӣ (тоҷикӣ) ва арабӣ навишта шудааст, мақоми хосеро ишғол мекунад. Берунӣ ин асарро ба номи Райҳона – духтари Ҳусайни Хоразмӣ ном дўсташ таълиф карда, соли 1029 ба анҷом расонидааст. Асар аз муқаддима ва панҷ боб иборат буда, фарогири масоили нуҷум, табиатшиносӣ, ҳисобу ҳандаса, ҳайат ва ҷуғрофияву назарияи тақвим мебошад. Дар мавридҳои мувофиқ муаллиф роҷеъ ба ҷашнҳои Наврўз, Меҳргон, Тиргон, Сада ва ғайра андешаҳои ҷолибро баён кардааст.

Китоби дигари ў – «Мо лил-Ҳинд» роҷеъ ба мушоҳидаҳои сафари ў ба Ҳиндустон бахшида шудааст.  Берунӣ  инчунин дар бораи сеҳру ҷоду, афсун, тилисм ва қувваҳои табиат асаре бо номи «Аҷоиб-ут-табиат ва ғароиб-ус-саноия» таълиф карда будааст. Дар ин бора худи ў дар «Осор-ул-боқия» ишора намудааст, аммо ин асари ҷолиб дар даврони пурошўби таърих нобуд гаштааст.

Асари дигари ў «Китоби таҳдид ниҳоят-ул-амокин фӣ тасҳеҳи масофат-ил-масокин» ба соҳаи геодезию ҷуғрофӣ бахшида шудааст. Асар аз 38 фасл иборат буда, масъалаҳои ҳандаса, пайдоиши кўҳҳо, муайян кардани арзу тўли шаҳрҳо, кунҷи моили фалакулбурҷ ва ғайраро фаро мегирад.

Берунӣ шеър ҳам навиштааст, аммо аз ашъори ў ҳамагӣ 35 байт ба забони арабӣ боқӣ мондааст. Дар абёти боқимондаи ў ақидаҳои инсондўстӣ ва ғояҳои ватанпарварӣ ифода ёфтаанд. Ў ҳамчун алломаи бузурги Машриқзамин буда, осори илмии ў ба рушди илмҳои фалсафаю табиатшиносии асрҳои минбаъда такони бузурге додааст.

Сарчашмаи дигаре, ки оид ба дониши фарохи ин олими пуркор шаҳодат медиҳад, мукотиба ва пурсу посухи ў бо Абўалӣ ибни Сино мебошад. Дар мактубҳои онҳо сухан дар бораи масъалаҳои физикӣ, кайҳоншиносӣ ва фалсафӣ меравад.

Аз таълифоти маъруфи Абўрайҳони Берунӣ «Осор-ул-боқия» (номи пуррааш «Ал-осор-ул боқия ан ал-қурун-ул-ҳолия») – асари таърихӣ-мардумшиносӣ буда, соли 1000-ум ба забони арабӣ таълиф шудааст. «Осор-ул-боқия» аз фаслҳо дар бораи тақвимҳо, мабдаи солу моҳ, чигунагии моҳтоб ва кабисаҳо, расму ойинҳо, инчунин аз шарҳи ҷашнҳои мардуми порсиён, суғдиён, яҳудиён, аҳли Хоразм, румиён, тарсоён, арабҳо ва ғайра иборат мебошад.

Маълумоти дар «Осор-ул-боқия»  овардаи Берунӣ хеле нодир ва муҳим буда, хусусиятҳои илмӣ доранд. Масалан, ў дар бораи таърихи пайдоиш ва таҳаввули  ҷашнҳои Наврўз, Меҳргон, Тиргон, Сада, ҷашнҳои офариниш ва дувоздаҳгонаи зардуштиён маълумоти муфассал додааст. Инчунин, Берунӣ дар ин асар бо истифода аз сарчашмаҳои хаттии давраҳои бостон роҷеъ ба гоҳшумориҳои порсию суғдӣ, румӣ, арабӣ, сурёнӣ, тарсоӣ, насронӣ, собиён ва ғ. иттилооти муҳим додааст.

«Осор-ул-боқия» моҳияти таърихии тарҷумаиҳолӣ низ дорад. Дар он воқеаҳои дар муддати понздаҳ соли дарбадарӣ ва муҳоҷирати Берунӣ дар чанд ҷойи асар қайд гардидаанд. Масалан, ў бо донишманди бузурги тоҷик Абўалӣ ибни Сино вохўрданашро дар мавриди баёни масъалаи пайдоиши ҳарорат таъкид кардааст. Ё худ дар ҷои дигар Берунӣ воқеаи аз тарафи Искандар сўзонда шудани асари гаронмояи тамаддуни инсонӣ «Авесто»-ро бо афсўсу надомат тасвир кардааст.

Муаллиф дар «Осор-ул-боқия» на танҳо ба масъалаҳои таърихию мардумшиносӣ, балки ба масоили фалсафӣ, ситорашиносӣ, ҷуғрофӣ, забоншиносӣ, диншиносӣ ва табиатшиносӣ низ таваҷҷуҳ кардааст. Чунончи, дар бобати пайдоиши забону лаҳҷаҳо чунин навиштааст: «Сабаби забонҳои гуногун доштани мардумон он аст, ки онҳо дар давраи аввал ба гурўҳҳо тақсим шуда, аз ҳам ҷудо гардидаанд ва мувофиқи зарурат ба ҳар як гурўҳи халқ лозим омад, ки бо ин ё он калимае ба ҳамдигар муроҷиат намоянд. Бо мурури замон ин калимаву ибораҳо зиёд шуда, такрор гардида, ба хотири одамон нақш бастанд».

Омўзиш ва тадқиқ намудани «Осор-ул-боқия» аз ҷониби ховаршиноси олмонӣ Э. Захау шурўъ шудааст, ки ў бори аввал дар байни солҳои 1876-1878 дар асоси чор нусхаи дастхати аз Лейпсиг пайдокардааш ин китобро ба табъ расонидааст. «Осор-ул-боқия» дар Эрон бо кўшиши ва заҳмати А. Доносиришт с. 1943 аз чоп баромадааст. Он ба забони русӣ с. 1957 (чопи аввал), ба ўзбакӣ с. 1968 ва ба забони тоҷикӣ бо баъзе таҳрирҳои забонӣ с. 1990 дар дар ҳаҷми 432 саҳифа дар нашриёти «Ирфон» чоп шудааст.

Ҳамин тариқ, Абўрайҳони Берунӣ дар таърихи илми тоҷик хидматҳои зиёде карда, асарҳои беназири ў то ба имрўз  мавриди баҳрабардории аҳли башар қарор доранд.

И. Раҳимов
Ходими илмии ПИТФИ

барчасп: