Касбу ҳунарҳои мардумӣ аз нигоҳи ҷавонон ва нақши онҳо дар рушди он
Чоп шуд: 22/02/2018Дар замони муосир бо шарофати Истиқлолияти кишвар таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан, сарвари давлат ба эҳё ва рушд кардани фарҳанги миллӣ, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ беш аз пеш меафзояд. Ҳар як кишвар кўшиш менамояд, ки бо роҳу тадбирҳои мухталиф фарҳанги миллии хешро ҳифз намояд. Дар шароити имрўза рў овардан ба ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад.