Ҳолати клубҳо ташвишовар аст

Ба ҳисоби миёна дар ҷумҳурии мо ба сари 3660 нафар аҳолӣ як  муассисаи клубӣ рост меояд, ҳоло он ки ин рақам дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ, 2168 нафарро ташкил медод. Тибқи стандарти умумӣ хизматрасонии фарҳангӣ-фароғатӣ, бояд дар маҳаллаҳое, ки аҳолияшон аз сад нафар зиёданду муассисаи фарҳангӣ вуҷуд надорад, моҳе ду маротиба тавассути клуби сайёр талаботи фарҳангӣ-фароғатии онҳо қонеъ гардонида шавад. Ҳоло дар миқиёси ҷумҳурӣ ҳамаги 59 адад кулбҳои сайёр фаъолият доранд, ки ин шумора низ барои пурра қонеъ гардонидани ниёзҳои фарҳангӣ ҷомеаи имрўза кам аст.

Рушди маънавии ҷомеаи муосири Тоҷикистон ба фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ алоқаи ногусастанӣ дорад. Ба шарофати истиқлолияти давлатӣ муассисаҳои фарҳангии тозабуёд, аз қабили қасрҳои фарҳанг, китобхонаҳо, осорхонаҳо, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ дар кишварамон фаъолияти худро оғоз намуданд, як қисми онҳо аз таъмир баромада бо техникаи ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардиданд. Дар шароити кунунӣ ниёзи ҳамаи табақаҳои аҳолӣ ба муассисаҳои фарҳангӣ афзудааст, вале паст будани заминаи моддӣ-техникии иддае аз онҳо хусусан дар деҳот, наметавонад талаботи маънавии ҷомеаи имрўзаро қонеъ гардонанд.

Хушбахтона, давлат тамоми шароитҳоро барои рушди муассисаҳои фарҳангӣ фароҳам овардааст. Аз ҷумла, дар «Қонун дар бораи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳуқуқи ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шудани муассисаҳои фарҳанг иҷозат дода шудааст. Мутаассифона, як қатор муассисаҳои фарҳанг то ҳанўз ба шароити иқтисоди бозоргонӣ ворид нагардидаанд, хусусан ҳолати бади клубҳои деҳот ва кам шудани теъдоди онҳо ташвишовар аст. Масалан, тибқи нишондоди маълумоти оморӣ ва ҳисоботи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли 1991, дар кишвар 1433 адад клуб ба қайд гирифта шудааст. Ин нишондод дар соли 2000 ба 1065 адад ва дар семоҳаи соли 2016,  430 адад кам гардидааст,  аз он ҷумла  131-клуб дар Вилояти Суғд, 67-клуб дар ВМКБ, 184-клуб дар Вилояти Хатлон ва 47-клуб дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ.

Ин дар ҳолест, ки ба ҳисоби миёна дар ҷумҳурии мо ба сари 3660 нафар аҳолӣ як  муассисаи клубӣ рост меояд, ҳоло он ки ин рақам дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ, 2168 нафарро ташкил медод. Тибқи стандарти умумӣ хизматрасонии фарҳангӣ-фароғатӣ, бояд дар маҳаллаҳое, ки аҳолияшон аз сад нафар зиёданду муассисаи фарҳангӣ вуҷуд надорад, моҳе ду маротиба тавассути клуби сайёр талаботи фарҳангӣ-фароғатии онҳо қонеъ гардонида шавад. Ҳоло дар миқиёси ҷумҳурӣ ҳамаги 59 адад кулбҳои сайёр фаъолият доранд, ки ин шумора низ барои пурра қонеъ гардонидани ниёзҳои фарҳангӣ ҷомеаи имрўза кам аст.

 Сабаби асосии кам шудани шумораи клубҳоро дар он мебинем, ки ба шароити иқтисоди бозорӣ ворид нагардидаанд. Аксари деҳаҳои ҷумҳурӣ, аҳолияшон ба 300-350 хоҷагӣ мерасад, як клуб  доранд, вале  моҳҳо дарро ба рўйи тамошобин намекушоянд, агар сабабашро пурсон шавем, набудани шароити кориро баҳона мекунанд. Чунин ҳолат наметавонад ниёзи маънавии ҷомеаро қонеъ гардонад, хусусан дар деҳаҳои дурдаст.

Муассисаҳои клубиро зарур аст, ки фаъолияти худро вобаста ба шароити кунуни ба роҳ монда, сифати хизматрасониро  баланд бардоранд. Мувофиқи имкониятҳои замони нав хизматрасонии пулакӣ аз қабили маҳфилҳои эҷодӣ,  курсҳои забондонӣ, касбомўзиро афзоиш диҳанд.  

 Дар бисёре аз маҳаллаҳои сераҳолӣ мағозаҳои хурокворӣ, дорухона ва дигар нуктаҳои тиҷоратии хусусӣ ба маротиб афзудааст, вале ягон муассисаи фарҳангии ғайридавлатӣ ба чашм намерасад. Хуб мешуд, ки  соҳибкоронро барои бунёди муассисаҳои фарҳангӣ ҷалб менамудем. Ин иқдом метавонист, ки бисёре аз мушкилиҳои муассисаҳои клубро бартараф созад ва барои рушди онҳо мусоидат намояд.

Манбаи дигари даромад барои муассисаҳои клубӣ бастани шартномаҳо тибқи нақшаҳои пешакӣ ба корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ба мақсади гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ- фароғатӣ мебошад.

Дар шароити кунуни ташкил ва гузаронидани маракаҳо ба монанди туйҳои арӯсӣ дар муассисаҳои клубӣ хусусан дар деҳот муфид аст. Ин аз як тараф барои камхарҷ гузаронидани он аз тарафи дигар манбаи даромад барои муассисаҳои клубӣ шуда метавонад. Ташкил намудани маркази варзишӣ барои ҷавонони шавқманд  дар муассисаи клубӣ ба манфият кор аст.

Ташкил намудани семенар-машваратҳо байни муассисаҳои клубӣ ва барои пешрафти корӣ онҳо кумак хоҳад расонд.

Танҳо баъди бартараф намудани  омилҳои асосӣ, яъне  нокифоягии маблағ ва нарасидани мутахассисони касбӣ,  муассисаҳои клубӣ метавонанд пурра аз ўҳдаи вазифаи худ бароянд ва барои баланд бардоштани сатҳи маънавиёт ва ҳисси худогоҳиву худшиносии мардуми кишвар хизмат намоянд.

Хуршеда  Муминова

барчасп: