Чанд сухан дар бораи ҳунари намадмолӣ

Ҳунари намадмолӣ дар ҳар як минтақаи Тоҷикистон аз якдигар фарқ мекунанд. Дар Помир истеҳсол ва гулпартоии намадҳои пурнақшу нигор, асосан, касбу кори занҳо мебошад. Дар амали гулпартоӣ нақшҳои гуногуни анъанавӣ: резгигул, калонгул, миёнагул; нақшҳои ислимии лола, бодом, нилуфар; тасвирҳои зооморфӣ: гули аждар, тоҷи хурӯс, товус, кабӯтар, морак; нақшҳои ҳандасӣ: чоркалид, давра, турунҷ, ишкелбанд, занҷирбанд, гирдоб, мавҷ, каҷак ва гардуна истифода мешаванд.

Милати тоҷик аз қадим бо касбу ҳунарҳои гуногун мавқеи хосса доранд. Бо касбу ҳунар рӯзгори зиндагии хешро пеш мебурданд. Бо мурури замон, дар натиҷаи тарақиёти воситаҳои истеҳсолот баъзе ҳунарҳои нав пайдо шуда, баъзе ҳунарҳо аз байн рафтанд.

Ҳар як касбу ҳунар таърихи худро дорад. Аз ҷумла намадмолӣ қадимтарин ҳунари мардумӣ буда, дар гузашта хеле зиёд истифода мебурданд. Баробари афзудани истеҳсол ва воридоти қолину палоси корхонаӣ ба намад эҳтиёҷ кам шуд. Вале ҳоло ҳам дар баъзе деҳаҳои дурдасти кӯҳистони Тоҷикистон намадмолӣ маъмул аст. Ҳунари намадмолӣ ба назар ҳунари оддӣ намояд ҳам вай аз ҳунарманд диққат ва маҳорати баландро талаб мекунад.

Дар ин мақолаи кӯчаки худ хостем перомуни ҳунари намадмолӣ, ки яке аз ҳунарҳои қадимаи мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад, ба хонандаи гиромӣ маълумоте пешкаш намоям.

Намадмолӣ ва намадрезӣ ҳунари аз пашм тайёр кардани намад мебошад, ки дар байни мардуми Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикон аз қадим  маъмул буд. Намадро асосан аз пашми бузу гӯсфанд мемоланд. Ҳунармандон аввал пашмро бо дастгоҳи махсус ё дастӣ титу наддофӣ карда, мешӯянду мехушконданд. Баъдан мувофиқи ҳаҷми намади тайёршаванда ба замин чиғ (қолаби қамишӣ) густарда, ба рӯйи он пашми болоӣ ва мобайнии намадро мунтазам паҳн мекунанд, аз болои ҳар қабати он оби ҷӯш рехта, ба ҳам мечаспонанд. Баъд чиғу пашмро якҷо лӯлапеч мекунанд. Ба рӯйи чиғ шолча ё матои ғавс кашида, бо арғамчин мебанданд. Аз болояш гоҳ-гоҳ оби ҷӯш пошида, нам мекунанд. Сипас, намадро аз чиғ ҷудо намуда, паҳн мекунанд ва аз болояш оби гарм пошида боз лӯлапеч карда, аз байнаш бо арғамчин мебанданд ва чанд кас қатор сари зону нишаста, онро бо дасту оринҷ ба пешу қафо меғелонанд. Тақрибан пас аз ду соат намадро боз карда, онро баръакс печонда, боз ғелонданро давом медиҳанд. Агар обаш гурезад, боз об мепошанд, ду нӯгашро ҳам пайваста баста, дар муддати як-якуним соат гоҳ-гоҳ кашиш медиҳанд. Баъд аз шакли муайян гирифтан ва ба дараҷаи даркорӣ сахт шудани намад, ба ду канори лӯлапеч тахта монда, атрофашро молиш дода, рост менамоянд. Баъдан онро кушода, дар офтоб хушк мекунанд. Ранги намад сафед, сиёҳ, сурхтоб, гулдор ва бегул мешавад.

Бояд зикр намуд, ки намад аз замонҳои қадим вазифаи гилем, палос, кӯрпаву кӯрпача ва кампалро иҷро мекард, чунки дар ин минтақа пахта ва маҳсулоти пахтагин хеле кам буд. Аз намад инчунин болопӯш ва арақчини асп, китфпӯши чӯпонон (чакман) тайёр карда мешавд.

 Ҳунари намадмолӣ дар ҳар як минтақаи Тоҷикистон аз якдигар фарқ мекунанд. Дар Помир истеҳсол ва гулпартоии намадҳои пурнақшу нигор, асосан, касбу кори занҳо мебошад. Дар амали гулпартоӣ нақшҳои гуногуни анъанавӣ: резгигул, калонгул, миёнагул; нақшҳои ислимии лола, бодом, нилуфар; тасвирҳои зооморфӣ: гули аждар, тоҷи хурӯс, товус, кабӯтар, морак; нақшҳои ҳандасӣ: чоркалид, давра, турунҷ, ишкелбанд, занҷирбанд, гирдоб, мавҷ, каҷак ва гардуна истифода мешаванд.

Барои таҳияи намади гулдор пашми рангшударо ба шакли дилхоҳ паҳн карда, об зада, сипас онро молиш медиҳанд. Пашмро дар дегҳо андохта ранг мекунанд. Дар гузашта рангҳои табииро аз пӯстлохи анор, чормағз, гулу гиёҳҳои хушк омода мекарданд. Ҳоло рангҳои кимиёиро ба кор мебаранд. Дар навоҳии кӯҳистони Бадахшон ранги гулобиро аз гиёҳи рӯян, ранги зардро аз гули насрин, ранги сурхро аз бехи хори гули насрин, ранги зарди сиёҳтобро аз чӯби зардолу ва чормағз истеҳсол мекарданд. Дар вақти ба кор бурдани рангҳои табиӣ барои устовор нигоҳ доштани ранг аз маҳлули замч васеъ истифода менамуданд.

Таҳияи Диловар Солиев

барчасп: