Фарҳанги ориёӣ: омўзиш ва пажўхиши он
Чоп шуд: 16/04/2018Дар ин солҳо дар канори ҳамаи гурўҳҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ созмоне ба вуҷуд омад, ки дар аввал «Куруши Кабир» ном дошт ва баъдан ба номи «Ориёнои Бузург» ба фаъолият шурўъ кард. Тибқи барномаи ин созмон ҳадафи аслии он ваҳдати миллат, омўзиши фарҳанги ниёгон, пайванди забонии тоҷикон бо ҳамзабонон буд. Ҳамчунин ошкоро гуфта мешуд, ки дар фаъолияти ин созмон унсурҳои нажодпарастӣ комилан вуҷуд надоранд, балки ҳар миллати ба забон ва фарҳанги худ муҳаббат дошта ба забон ва фарҳанги миллатҳои дигар низ