Дар ин солҳо дар канори ҳамаи гурўҳҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ созмоне ба вуҷуд омад, ки дар аввал «Куруши Кабир» ном дошт ва баъдан ба номи «Ориёнои Бузург» ба фаъолият шурўъ кард. Тибқи барномаи ин созмон ҳадафи аслии он ваҳдати миллат, омўзиши фарҳанги ниёгон, пайванди забонии тоҷикон бо ҳамзабонон буд. Ҳамчунин ошкоро гуфта мешуд, ки дар фаъолияти ин созмон унсурҳои нажодпарастӣ комилан вуҷуд надоранд, балки ҳар миллати ба забон ва фарҳанги худ муҳаббат дошта ба забон ва фарҳанги миллатҳои дигар низ бояд ҳамон андоза самимият дошта бошад. Ҳадафи аслии ин созмон мардумро бо фарҳанги гузаштаи дуру наздик ошно намудан ва миллатро дар ин мавҷи пурталотуми ҷаҳонишавӣ, чун яке аз поягузорони фарҳаги башарӣ, дар канори миллатҳои дигари олам нигаҳ доштан буд.
Дар солҳои 1991-1992 даҳҳо созмонҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ қонунӣ ва ғайриқонунӣ дар кишвари мо арзи вуҷуд карданд. Аз ин фурсати буҳронӣ истифода бурда, миллат ва кишварро ба доми бало кашиданд ва барои аз байн рафтани он хатари ҷиддӣ ворид намуданд. Дар он солҳо оқилон роҳҳои аз ин бало наҷот ёфтанро меҷустанд. Аъзоёни созмони «Ориёнои Бузург» низ ангушти ҳайрат газида буданд, ки чӣ бояд кард? Намояндагони он орзу мекарданд, то як шахси миллатдўст, башардўст, ки ҳамаи андешаҳои мутараққии созмонҳои гуногуни ба миллат ва кишвар фоидаоварро дар як ҷо муттаҳид созад.
Соли 1992 рўзгор талх шуд. Буҳронҳои шадид кишварро фаро гирифт. Кор ба ҷое расид, ки яке ба ҷони дигаре дарафтод. Дар чунин марҳалаи сарнавиштсоз дар охири ҳамон сол муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омаданд. Бархе аз намояндагони созмони «Ориёнои Бузург» маҷлиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар Хуҷанд (ноябри соли 1992) баргузор шуд аз телевизион дида, ашки шодӣ рехтанд ва дар симои Эмомалӣ Раҳмон сарвари худро диданд ва тасмим гирифтанд, ки барои амалӣ намудани барномаҳои ин фарзанди фарзонаи миллат, дар канори ў бошанд.
Порае аз мақолаи Равшани Раҳмонӣ дар бораи китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ”, ки имсол ба таълифи он 12 сол пур шуд.
Мақоларо пурра аз ин ҷо бихонед.
ФАРҲАНГИ ОРИЁӢ: ОМЎЗИШ ВА ПАЖЎХИШИ ОН