Ширкати намояндагони Тоҷикистон дар омӯзишҳои дувуми минтақавии Алмаато

Ҳадаф аз баргузории ин омӯзиш тайёр кардани мураббиёни минтақавӣ ва миллӣ мебошад, ки онҳо дар оянда дар кишварҳои худ ба таълими усулҳои ҳифзу густариши мероси фарҳанги ғайримоддӣ машғул шаванд. Бояд ёдрас кард, ки омӯзиши якуми ин лоиҳа соли гузашта дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон барпо шуда буд. Мавзўи имсолаи омӯзиш феҳристсозӣ ва ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ якҷоя бо ҷомеа буд.

Аз  25-ум то 29-уми июни соли 2018 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон омӯзишҳои дувуми минтақавӣ оид ба тайёр кардани мураббиён дар соҳаи мероси фарҳанги ғайримоддӣ баргузор шуд. Он аз ҷониби Бюрои кластерии ЮНЕСКО дар Алмаато, бо дастгирии Маркази таълимии байналмилалӣ доир ба тайёр кардани мутахассисон дар минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором (CRIHAP) сурат гирифта, ба ҳайси шунавандагон коршиносони мероси фарҳанги ғайримоддӣ аз Осиёи Марказӣ иштирок доштанд.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳаққиқони фарҳанги ғайримоддӣ Дилшод Раҳимов, Абдуфаттоҳ Аминов, Зафар Холмуродов аз Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги  кишвар ва Сарвиноз Ҳоҷиева коршиноси соҳаи санъати тасвирӣ дар омӯзиши мазкур ширкат намуданд.

Омўзгорон Сюзанна Огги аз Сингапур, Сония Баженеева аз Қазоқистон ва Айжаркин Кожобекова аз Қирғизистон ба мураббиёни оянда таълим дода, дар ҷараёни дарсҳо мудири бахши Осиёи Марказии дафтари мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО Ҳелена Дробна низ равиши таълимро назорат ва ҳамроҳӣ мекард.

Инчунин дар омӯзиш директори генералии Маркази таълимии байналмилалӣ доир ба тайёр кардани мутахассисон дар минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором (CRIHAP) ҷаноби Лианг Бин, директори Бюрои кластерии ЮНЕСКО барои кишвархои Осиёи Марказӣ воқеъ дар Алмаато хонум Криста Пиккат ҳузур доштанд.

Ҳадаф аз баргузории ин омӯзиш тайёр кардани мураббиёни минтақавӣ ва миллӣ мебошад, ки онҳо дар оянда дар кишварҳои худ ба таълими усулҳои ҳифзу густариши мероси фарҳанги ғайримоддӣ машғул шаванд. Бояд ёдрас кард, ки омӯзиши якуми ин лоиҳа соли гузашта дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон барпо шуда буд. Мавзўи имсолаи омӯзиш феҳристсозӣ ва ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ якҷоя бо ҷомеа буд.

Тавре ки маълум аст, соли 2003 Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии аҳли башар тасдиқ шуда, ба кор шурўъ кард. Дар солҳои гуногун кишварҳои ҷаҳон, аз он ҷумла, ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ҳам узви ин конвенсия шуда, онро ҳамчун дастури ҳуқуқӣ дар ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар қаламрави худ истифода мебаранд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пас аз расман пазируфтани конвенсияи мазкур корҳои зиёде дар татбиқи он сурат гирифтаанд ва идома доранд. Яке аз тадбирҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи Барномаи давлатии “Ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” мебошад, ки то ҳол идома дорад. Талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи фарҳанги мардум тавассути баргузории озмуну ҷашнвораҳо, таҳқиқоти илмӣ, таълифу таҳияи “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик" (ду ҷилдаш ба чоп расидааст), тартиб додани Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ (солҳои чоп 2014, 2016), сабти номинатсияҳои “Шашмақом” (ҳамроҳ бо Ҷумҳурии Ўзбекистон), “Наврўз” (якҷоя бо 11 кишвари ҳавзаи Наврўз), “Оши палав”, пешниҳод шудани номинатсияҳои нав – “Санъати чакандўзӣ”, “Фалак”, “Адрасу атлас”, ки таҳти омўзиши комиссияи байналмилалии коршиносон қарор доранд, амалӣ шуда истодааст. Яке аз тадбирҳои саривақтӣ ва самарбахш дар масъалаи ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар кишвар эълон шудани соли 2018 ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ҳамчунин ба ин муносибат аз андоз озод кардани ҳунармандоне мебошад, ки дар шароити хона ба истеҳсоли маснуоти гуногун машғуланд.

Омода кардани мутахассисони худӣ ҷиҳати гузаронидани машғулиятҳои омўзишии марбут ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз фарҳанги асили хеш хеле муҳим аст. Дар поёни омӯзиш-семинар иштирокчиён соҳиби шаҳодатномаҳо шуданд.   

Дар ҷараёни семинар-омӯзиш коршиносони тоҷик бо намояндаи бахши Осиёи Марказии сектори мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО Ҳелена Дробна, директори генералии Маркази таълимии байналмилалӣ доир ба тайёр кардани мутахассисон дар минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором (CRIHAP) ҷаноби Лианг Бин, директори Бюрои кластерии ЮНЕСКО барои кишвархои Осиёи Марказӣ хонум Криста Пиккат оид ба ҳамкориҳои оянда мулоқот доштанд. Инчунин дар рўзи аввали тренинг ба Ҳ. Дробна ва Б. Лианг як нусхагӣ китоби “Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон”-ро бо тантана супориданд.

Ҷамшед Ғафуров,
ходими илмии Маркази мероси
фарҳангии тоҷикони
Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии
фарҳанг ва иттилоот

барчасп: