Рўзи чакандўзон дар пойтахт

Дар маросими ифтитоҳи намоиши фарҳангию сайёҳии «Ҷилваи чакан» раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Ин намоиш 7 июли соли ҷорӣ аз соати 10:00 то 18:00 дар «Боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ»-и пойтахт бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Чорабинии  мазкур бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуда, таҳти сарпарастиии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардид.

Ҳадафи асосии чорабинӣ муаррифии ҳунарҳои мардумӣ, дарёфти армуғони арзанда барои меҳмонону сайёҳон, таваҷҷуҳи ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба кишвар, ба фурўш баровардани маҳсулоти чакан ба бозорҳои ҷаҳонӣ ва дастгирии ҳунармандони асил буд.

Дар маросими ифтитоҳи намоиши фарҳангию сайёҳии «Ҷилваи чакан» раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Нуъмон Абдуғаффорзода аз имтиёзҳову имкониятҳои дар соҳаи сайёҳӣ ва ҳунармандӣ фароҳамовардаи роҳбарияти мамлакат ёдовар шуд ва гуфт: «Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои аз лиҳози иқтисодӣ сердаромад дар ҷаҳон ба шумор рафта, рушди он дар кишвари мо, ки имкониятҳои бузург дорад, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд гаштани сатҳи некуаҳволии мардум таъсири мусбат мерасонад».

Дар ин чорабинӣ ҳунармандону косибон аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ – Панҷакент, Масчоҳ, Бохтар, Ваҳдат, Сангвор Рашт, Кўшониён, Фархор, Мўъминобод, Дарвоз ва ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷамъ омада буданд. Ҳунармандон маҳсулоти гуногуни дасти худ, аз қабили чодар, тоқӣ, болишт ва куртаҳои чаканро ба маърази тамошо гузоштанд.

Дар намоишгоҳ ҳунарҳои гуногуни чакан, ки бо усулҳои зебои кашидадузӣ дўхта шуда буданд ва ҳамзамон намунаҳои ҳунари қуроқдўзӣю сабадбофӣ пешкаши ҳозирин гардид. Аз ҷараёни чорабини маълум гардид, ки мардум бо табъи болида вориди намоишгоҳ мегардиданд. Дар қатори шаҳрвандони дохилӣ меҳмонони зиёди хориҷӣ низ ташриф оварда, аз маҳсулоти зебою нодири ҳунармандон харидорӣ мекарданд. Дар маҷмуъ намоишгоҳ ба иди аслии «Чакан» табдил ёфт.

Маврид ба ёдоварист, ки 2 июл дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ оғоз гардид, ки то 2 августи соли равон идома меёбад.

Шоира Бердиева,
ходими калони илмии
Маркази мероси фарҳангии тоҷикион.

барчасп: